arzon replenishment
Ба хотири шавҳарам танфурӯш шудам!
11636

Ману шавҳарам бисёр зиндагии фақирона доштем ва бачаҳоямонро базӯр мехӯрондем. Рӯзе марди ҳамсоя ба хонаамон омада, пешниҳод намуд, ки ман дар мағозаи ӯ фурӯшанда шавам. Шавҳарам марди содадил ва некандеш буду дарҳол розигӣ дод. Ҳамин тавр, ман ҷои кор пайдо карда, зани пулёб шудам.

Савдо даромади хуб дошт ва марди ҳамсоя хасисӣ накарда, ба ман маблағи нағз медод. Зиндагиамон рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, танамон либоси наву шикамамон хӯроки сергӯштро медидагӣ шуд. Албатта ҳамсоя фақат барои савдо карданам ба ман пул намедод, ба замми фурӯшандагӣ ман ба ӯ баъзе хизматҳои дигар низ мерасондам. Шабҳо ба хона дер меомадам, чунки баъди кор ману хӯҷаин ишқварзӣ карда, ба таври худ ғами диламонро мебаровардем. Ин рафтори мо аз назари мардум дур намонд ва ҳамсояҳо ба миш-миш сар карданд, ки зани фалонӣ бо фалонӣ мегардад. Ин гап ба гӯши шавҳарам низ расид ва маро аз кор гирифтанӣ шуд, аммо ман дигар он зани хапаки фармонбардор набудам. Ошкоро гуфтам, ки худашро ба дор овезад ҳам, корро бас намекунам, чунки нав соҳиби як бурида нон шудам. Акаҳоям ғофил аз найрангҳои ману марди ҳамсоя тарафи маро гирифта гуфтанд, ки бигзор кор кунад, охир ту ба танҳоӣ аз уҳдаи таъмини зиндагӣ намебароӣ. Бечора шавҳарам як сағераи бекасу кӯй буд ва зӯраш ба акаҳои ман нарасида, дигар дам назад. Ниҳоят касофатии ишқи ҳароми мо ба сари ошиқам зад ва банкрот шуда, ба гирдоби қарз ғӯтид. Вай мағозаро ба каси дигар фурӯхта ба Русия рафт, ман бошам, дили хӯҷаини навро ёфта, бо вай ишқбозиро сар кардам. Дигар шавҳарамро ба андозаи як саг писанд намекардам.


МАРДИ ТАНФУРӮШ: 104-СОМОНӢ БАРОИ ЯК ШАБ


Дилам чӣ коре, ки хоҳад, карда, тарабхона ба тарабхона мегаштам. Тамоми сангу сангрезаи дараҳои Қаратоғу Варзобу Ромит маро мешинохтанд, чунки тез-тез ҳамроҳи ошиқи навам ба он ҷойҳо дамгирӣ мерафтам. Бо занҳои мисли худам тардоман дугонагӣ карда, мудом дар фикри айшу ишрат будам. Ягон бор фикр намекардам, ки ман зани шавҳардор ҳастам ва рафторам ба тарбияи кӯдаконам таъсири бад расонда метавонад. Дили бачаҳоямро бо пул ёфта будам ва барояшон либосҳои қиматбаҳо харида, онҳоро ба муқобили падарашон мешӯрондам...
Шавҳарам ҷонбезор шуда, дар поёни ҳавлӣ як дар хонача сохт ва як кӯрпаю ду кӯрпачаро гирифта, ба он ҷо кӯчид. Дар ҳамон кулбача низ ман ӯро ором нагузошта, ҳеҷ имкон намедодам, ки зани дигар гирад.
Ҳамин тавр, солҳо турнасон гузаштанду ману шавҳарам пир шудем. Писарҳоям калон ва зангир шудаанд, аммо на падарашонро писанд мекунанду на маро. Акаҳоям сирру асрорамро фаҳмида, аз ман рӯй гардонданд. Аз дарам на ягон хешу табор медарояд, на ҳаққу ҳамсоя. Ба монанди махав тани танҳо зиндагӣ карда истодаам. Акнун ба рӯйи пурожанги ман ягон мард бо чашми харидорӣ нигоҳ намекунад. Танҳо баъди он ки гули ҳуснам хазон гашт, ба худ омада, аз корҳои кардаам пушаймон шудам, вале медонам, ки бисёр дер шудааст. Шавҳарам дар ду дунё гуноҳҳои маро намебахшад. Бо умеди бахшиши гуноҳҳоям шабҳо то саҳар рӯйи ҷойнамоз нишаста, гиря мекунам. Иқрор мешавам, ки ягон сураро намедонам, танҳо оби дида рехта, худоро зорӣ мекунам, ки зинову гуноҳҳои мани рӯсиёҳро биомурзад. Намедонам, ки Худо маро мебахшида бошад ё не?
Розияи пушаймонгашта

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД