Салом! Ман шаш сол пеш ҷавонеро дӯст дошта, бо ишқу ошиқӣ ба шавҳар баромадам, вале зиндагии якҷояи мо ҳамагӣ 3 сол давом кард.
Шавҳарам маро дар ҳақиқат дӯст медошту ба қавле ҳамеша рӯйи даст бардошта мегашт. Меҳрубониҳои писараш рашки хушдоманамро оварданд магар, ки байнамон низоъ андохта, оқибат оилаи хушбахти моро вайрон кард.
Баъди талоқамро гирифтан бо ду фарзанд дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрону зор мондан нахоста, ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супоридам ва хонда соҳиби маълумоти олӣ гаштам. Кор карда хона харидам. Азбаски шавҳарам дар бадали се сол боре аз ҳоли ману фарзандонам хабар нагирифта буд, умедамро аз бозгашти вай кайҳо канда будам, зеро медонистам, ки зани дигар гирифта, фарзанддор ҳам шудааст. Аммо пас аз чанд сол шавҳарам боз пайдо шуда, зорию тавалло дорад, ки аз падару модараш пинҳонӣ дубора никоҳ карда, зиндагиамонро идома диҳем.
Хулоса, собиқ шавҳарам мехоҳад маро зани дуюм карда гирад. Ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам. Азобҳои аз дасти хушдоман кашидаам ҳанӯз аз ёдам нарафтаанд, вале аз тарафи дигар фарзандони маро ягон марди дигар мисли падари худашон дӯст дошта наметавонад. Маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
С. М.