Интихоби ғизои иловагӣ барои тифлакон
Ғизодиҳии дуруст дар соли аввали ҳаёти кӯдак нақши калидӣ дорад. Тибқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) тифлакон бояд то 6-моҳагӣ танҳо шири модарашонро хӯранд, пас аз он ба ғизои иловагӣ гузаштан мумкин аст.
Пас аз аз шашмоҳагӣ танҳо дар он сурат ба кӯдак ғизои иловагӣ додан лозим аст, ки шири модар барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти рӯзафзуни тифл кифоят намекунад. Саволи муҳим ин аст: ба кӯдак кай ва чӣ гуна бояд ғизо дод?
Вақти дурусти оғози ғизои иловагӣ
СУТ ва ЮНИСЕФ тавсия медиҳанд, ки ғизои иловагӣ аз 6-моҳагӣ оғоз карда шавад. Ин син ба рушди ҷисмонӣ ва ниёзҳои афзояндаи кӯдак мувофиқ аст.
Аломатҳои омодагии кӯдак ба ғизои иловагӣ
Кӯдак метавонад бишинад ва сари худро рост нигоҳ дорад.
Ба ғизо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, масалан, ба дасти волидон менигарад ё кӯшиш мекунад чизеро аз дасти онҳо бигирад.
Вақти хурдани ғизои калонсолон даҳонашро мекушояд ва ғизоро фурӯ мебарад.
Акнун бо забон ғизоро берун намепартояд.
Чӣ гуна ғизои иловагиро оғоз кунем?
Ғизои аввал бояд мулоим, сода ва гуворо бошад. Он метавонад:
Пюре аз сабзавот (картошка, сабзӣ, каду),
Пюре аз мева (себ, нок, банан),
Биринҷ (бо шир ё об пухташуда),
Гӯшти хӯрдашуда (баъди 7–8 моҳагӣ) бошад.
Қоидаҳои асосии додани ғизои иловагӣ
1. Аз миқдори кам оғоз кунед – 1-2 қошуқи хурд.
2. Як намуди ғизоро дар як вақт диҳед – то бубинед, ки кӯдак ба он аллергия дорад ё не.
3. Оҳиста-оҳиста миқдор ва гуногуншаклии ғизо зиёд карда мешавад.
4. ба ғизои кӯдакро намак, шакар ва равғани зиёдатӣ наандозед.
Давом додани синамаконӣ
Пас аз гузаштан ба ғизои иловагӣ низ синамаконӣ бояд то 2-солагии кӯдак идома ёбад. Шири модар ҳамчун манбаи муҳими ғизоӣ ва муҳофизатӣ бениҳоят зарур аст.
Хатоҳои маъмулӣ ҳангоми ворид кардани ғизои иловагӣ
Хеле барвақт ба ғизои иловагӣ сар кардан (то 4-моҳагӣ).
Додани ғизои сахт ва душвор ҳазмшаванда.
Иваз кардани шири модар бо шириниҳо ё ғизои “калонсолон”.
Маҷбур кардани кӯдак ба хӯрдан.
Хулоса, оғоз намудани додани ғизои иловагӣ ба кӯдак як марҳилаи муҳим ва ҳассос аст. Дар ёд дошта бошде, ки танҳо бо риояи вақт, тарзи дурусти ғизодиҳӣ ва шунидани ниёзҳои кӯдак, метавон ба кӯмаки ғизои иловагӣ ба рушди солими тифл мусоидат намуд.