Ду парӣ
Оилаи моро дар маҳалла оилаи таърифӣ ном мебурданд, падару модарам табиб буданд, оилаи онҳо бо ризоияти волидайн ташкил шуда бошад ҳам, муносибаташон мисли Лайлию Маҷнун ба назар мерасид. Шояд ҳамин меҳру муҳаббат ва зиндагии зебои онҳо сабабгори хеле озоду доною бомаърифат ба воя расидани мо- се фарзандашон гашт. Ману апаам Закия ва додараки ягонаам Ромизҷон, кӯдакӣ ва наврасии хушбахтонае доштем. Волидонам ҳамеша моро ба тарабхонаю театру мавзеҳои тамошобоби кишвар мебурданд, ҳар тобистон мо дар осоишгоҳҳои беҳтарини кишвар дам мегирифтем. Ману апаамро, ки аз ҳам як сол фарқ доштему зиёд монанд будем, одами дидагӣ дугоник хаёл мекард. Солҳо гузаштанду ману апаам донишҷӯ шудем, апаам касби волидонамро пеша карду ман, ки тарҷумон шудан мехостам, ба Донишгоҳи забонҳо ҳуҷҷат супорида, бо сари баланд донишҷӯ шудам. Мо барои атрофиён духтарони таърифӣ будему харидорони зиёд доштем, вале модарам мегуфтанд, ки аввал донишгоҳро хатм намудан лозим, шавҳар ба ҳеҷ куҷо намегурезад. Аз сӯҳбатҳои телефонии шабонаи апаам дарк мекардам, ки ӯ ҷавони дӯстдошта дорад, вале ба даричаи дили пурорзуи ман ишқ то ҳол ангушт назада буд…
Асири нигоҳ
Ман дар соли дуюми донишгоҳ мехондаму апаам дар соли сеюм, як рӯз телефонам вайрон шуду барои таъмири он ба маркази савдои «Садбарг» рафтам, дар назди устои телефон Закияро бо ҷавони болобаланди ниҳоят зебо дидам. Хостам аз роҳам баргардам, то апаам шарм надорад, вале нигоҳамон ба ҳам афтоду ноилоҷ пешаш рафта, ба ҳамроҳаш салом додам. Закия маро бо ҷавони ҳамроҳаш шиносонд:
-Ин кас Нурҷаҳон, дӯсти ман, -ҷавон нигоҳи зебояшро ба ман дӯхта гуфт:- Шумо мисли дугоникҳо ба ҳам монанд ҳастед…
Дилам аз шунидани овози марғуладор ва дидани симои зебою чашмони барқпоши Нурҷаҳон дар сандуқи синаам пар мезад, тарсидам, ки онҳо эҳсосотамро мефаҳманд. Аз ин рӯ, комплименти ҷавонро ношунида гирифта, телефонамро ба усто нишон додам, устои таъмиргар гуфт, ки баъди як соат барои гирифтани телефон биёям. Нурҷаҳон низ планшеташро барои таъмир оварда будааст, ба мо гуфт:
-Закияҷон, як соат вақти зиёд аст. Биёед ба ягон қаҳвахона даромада, як финҷонӣ қаҳва менӯшем.
Ман нею нестон кардам, вале Закияву Нурҷаҳон маро ба ҳолам намонда, ба қаҳвахона бурданд. Қариб як соат аз ину он сӯҳбат кардем, танҳо Нурҷаҳону Закия гап мезаданд, ман хомӯш будам. Пас, ҷавон гуфт, ки шумо як дам истед, ман рафта, телефонро меорам, пас аз рафтани ӯ Закия хиҷолатомез ба ман нигариста гуфт:
-Рамзияҷон ману Нур ду сол боз якдигаро дӯст медорем, ӯ як курс аз ман боло мехонад, насиб бошад, хонадор мешавем.
Ман чизе нагуфтам…
Занги ҷонфизо
Он рӯз Нурҷаҳон телефони маро оварду мо хайрухуш кардем, баъди вохӯрӣ бо ин ҷавони зебо ман дар банди ҷигарам дарди сӯзонеро эҳсос кардам. Шабҳо дар хобам бо Нурҷаҳон сайри лолазор мекардему аз бӯсаҳои ширини ӯ лабҳои ташнаи бӯсаам шодоб мегаштанд… Ман ошиқ шуда будам, апаамро бад медидам, ки ӯ ҷавони дӯстдоштаи маро соҳиб аст… Пас аз як ҳафтаи азобу ранҷ кашиданҳо дар телефонам паёмаки ошиқонае хондам:
-Ман туро фаромӯш карда наметавонам, мехоҳам ба оғӯшат бигираму ғунчаи лабони серобатро бибӯсаму…
Ман фаҳмидам, ки ин паёмак аз Нурҷаҳон аст, зеро он рӯз ӯ низ ба ман нигоҳҳои аҷибе дошт, вале худро ба нодонӣ зада, паёмак фиристодам:
-Мебахшед, шумо хато кардед…
Пас аз чанд дақиқа ҳамон рақамҳои ношинос дар равзанаи мобилам пайдо гаштанд ва ман гӯширо бардоштам, аз он тараф Нурҷаҳон бе салому калом ба изҳори муҳаббат пардохт:
-Рамзияҷон, илтимос, маро дуруст фаҳм, ман туро дӯст доштам, байни ману апаат, ягон кори ҷиддӣ нашудааст. Ман ӯро чун як духтари хушахлоқ эҳтиром мекунам, вале туро дидан замон фаҳмидам, ки тақдири ман ту ҳастӣ!
Ман шодиямро ба зӯр пинҳон дошта,- намедонам,- гӯён телефонро хомӯш кардам, вале дар дил на парвои апаам доштаму на парвои ишқи ӯ, Нурҷаҳонро мехостаму халос…
Давом дорад