Formula novemver 2024
АЗОБИ ЗИНДАҶУДОИИ САДБАРГ (ВИДЕО)
2036
АЗОБИ ЗИНДАҶУДОИИ САДБАРГ (ВИДЕО)

Садбарг Садирова ҷавонзани 35 сола, модари чор фарзанди дӯстрӯ. Зиндаги хуш дошт то замоне, ки шавҳараш Даврон зинда буд. Вақте шавҳар дучори бемории ҷигар шуду дунёро падруд гуфт, рузи сиёҳи Садбарг ва чор тифли маъсусм ба шаби тор мубадал гашт. Мегӯянд, ки агар фоҷеа ба сари инсон ояд, дигар фоҷеаҳо пай дар пай мешаванд.

Ин ҷавонзани берӯзӣ баъди сари шавҳар хонаву дараш ба коми оташ рафтанд ва бо чор фарзанд ҳолаш табоҳтар гашт. Аробаи зиндагиро пеш бурдан осон нест, чунки хӯрондани пӯшондани фарзанд барои як модари муштипар осон набуд ва ӯ маҷбур шуд, кӯдаконашро яктогӣ ба хонаи хешу табор ва ҳамсоя гузошта, роҳи Русияро пеш гирад, вале дар муҳоҷират барои Садбарг омад накард. Як сӯ кори муаян набуд, аз сӯи дигар фарзандонаш дар ба дар ва гуруснаву гирён буданд. Садбарг дар ду соли дар ғарибӣ буданаш маблағе ҷамъ карда натавонист ва дубора ба Тоҷикистон омад ва фарзандонашро аз хонат мардум гирди худаш ҷамъ карду ба кулбюаи лоини худаш баргашт, аммо.... Хонаву дари сӯхтаву чапагардоншудаашро ҳарборе мебинад, ҷигараш хун мешавад. Мехоҳад дар ҳавлии шавҳараш хонаву дар созад, аммо маблағе надорад. Биёед дарду доғи садбаргро аз забони худаш бишнавем.

НАФАРОНЕ, КИ БА САДБАРГ САДИРОВА КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМИ 988-09-60-23 ЗАНГ ЗАНАНД Ё БА РАҚАМИ КОРТИ ДУШАНБЕ СИТӢ 505270301712507 ХАЙРИЯИ ХУДРО ГУЗАРОНАНД. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД