Дар иёлоти Миссури (США) мори зоти питон бо лақаби Медуза ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Соли 2013 вақте хазандаро ба қайд мегирифтанд, дарозии Медуза 7,67 метрро дар бар мегирифт.
Питони даҳсола 159 килограмм вазн дошта, ба ширкати амрикоии Фулл Моон Продутионс тааллуқ дорад. Барои сер кардани шиками ин мори азимҷусса барояш харгӯшу гӯшти хук ва оҳу медиҳанд, зеро чунин питон метавонад ба осонӣ одамро фурӯ барад. Боре Медуза ба як хӯрдан оҳуи вазнаш 17 килограмро хӯрдааст.
Барои ба қайд гирифтани рекорд тамоми кормандони ширкати мазкурро лозим омад, ки дар як саф истода, хазандаро бардошта, дар дасташон нигоҳ доранд.