Аз Тоҷикистон то Чин: дар ҷустуҷӯи
илму дониш ва таҷрибаи нав
Таҳсил дар хориҷ аз кишвар барои ҳар як ҷавон имконияти хубест, то бо ҷаҳони нав ошно гардад, дониши худро такмил дода, таҷрибаашро ғанӣ созад. Имрӯз шумораи ҷавононе, ки барои идома додани таҳсил ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ кишварҳои дигарро интихоб мекунанд, рӯ ба афзоиш нищодааст, зеро онҳо хуб дарк мекунанд, ки забондонӣ калидест, ки дарҳои наврло ба рӯйи инсон боз мекунад. Яке аз чунин ҷавонони ташнаи илму дониш Пурдил Начевуллоев мебошад, ки бо мақсади омӯзиши забони чинӣ роҳ ба кишвари Чин гирифтааст...
Пурдил Начевуллоев 3 июли соли 2007 ба дунё омада, ҳамагӣ 19 сол дорад, вале бо мақсади омӯзиши забони чинӣ ва шиносоӣ бо таърих ва фарҳангу тамаддуни мардуми чин ба ин кишвар сафар карда, айни замон дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии Гуанси (Guangxi University of Foreign Languages)-и шаҳри Наннини Чин таҳсил карда истодааст.
“Чин яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, дар соҳаи маориф ва илму технология имкониятҳои васеъ дорад. Маҳз ҳамин омилҳо сабаб гаштанд, ки ман маҳз ин кишварро барои таҳсил интихоб намоям,”-мегӯяд қаҳрамони мо.
Пурдил омӯзиши забони чиниро интихоби ояндасоз медонад, зеро дар ҷаҳони муосир забони чинӣ мавқеи муҳим дошта, донистани он метавонад барои идомаи таҳсил, пайдо кардани имкониятҳои нави касбӣ ва муошират бо намояндагони кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ба қавли худи Пурдил, барои омодагӣ ба сафар ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ тақрибан се моҳ вақт сарф кардааст. Ҷолиб он аст, ки ӯ пеш аз сафар умуман забони чиниро намедонист ва омӯзиши онро аз сифр оғоз намудааст, аммо ин ҷавони қавиирода тавонист дар муддати начандон тӯлонӣ ин забонро аз худ намояд ва имрӯз озодона бо чинӣ суҳбат мек5унад.
Тавре ки гуфтем, Пурдил дар риштаи забономӯзии Донишгоҳи забонҳои хориҷии Гуанси (Guangxi University of Foreign Languages)-и шаҳри Наннин таҳсил мекунад. Тавре ки қаҳрамони мо ҳикоят кард, дар ин донишгоҳ ҳзудуди 50 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил карда истодаанд ва ҳузури ҳамватанон имкони хуби муошират ва дастгирии ҳамдигарро фароҳам меорад.
Пурдил дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекунад. Дарсҳо аз соати 10:00 сар шуда, то соати 19:40 идома меёбанд. Қисми зиёди вақти ӯ ба омӯзиши забони чинӣ сарф мешавад. Чунин реҷа аз донишҷӯён масъулиятшиносӣ, сабру таҳаммул ва кӯшиши пайвастаро талаб мекунад.
Ба гуфтаи Пурдил, хароҷоти миёнаи якмоҳааш аз 2500 то 3500 сомонии тоҷикӣ мебошад. Маблағи мазкур барои ғизо, эҳтиёҷоти рӯзмарра ва дигар хароҷоти шахсӣ сарф мешавад.
Албатта, зиндагӣ дар кишвари бегона ҳамеша осон нест. Фарқияти забон, фарҳанг, урфу одат ва тарзи зиндагӣ аз ҷумлаи мушкилотест, ки ҳар як донишҷӯи хориҷӣ дар рӯзҳои аввал бо он рӯ ба рӯ мешавад. Пурдил низ истисно нест. Ба гуфтаи ӯ, мутобиқ шудан ба муҳити нав каме вақт талаб мекунад, аммо бо гузашти рӯзҳо инсон ба шароити нави зиндагӣ одат карда, паҳлуҳои гуногуни ҳаётро дар хориҷа дарк мекунад.
Яке аз ҷиҳатҳои ҷолиби зиндагӣ дар Чин барои ӯ шиносоӣ бо фарҳанг ва таомҳои миллии ин кишвар мебошад. Хӯрокҳои чинӣ аз таомҳои тоҷикӣ фарқияти зиёд доранд ва дар аввал одат кардан ба онҳо шояд каме душвор бошад. Аммо ин низ як қисми таҷрибаи зиндагӣ дар хориҷ буда, инсонро ба мут обиқ гаштан ба анъанаҳои мардумони дигар водор месозад.
Пурдил мегӯяд, аз худ кардани забони чинӣ аз кас заҳмати зиёд ва сабру таҳаммул мехоҳад. ӯ кӯшиш мекунад, ки аз ҳар имконияти мавҷуда барои такмили дониши худ истифода барад.
Муҳити донишгоҳ ва зиндагӣ дар кишвари дигар барои Пурдил имконияти хуби шиносоӣ бо одамони гуногун ва васеъ намудани ҷаҳонбиниро фароҳам овардааст. Таҷрибаи таҳсил дар кишвари хориҷӣ на танҳо дониши инсонро зиёд мекунад, балки ҳамзамон ӯро ба зиндагии мустақилона ва қабули қарорҳои дуруст низ омода месозад.
Пурдил ба ҷавононе, ки орзуи таҳсил дар Чинро доранд, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар дар бораи донишгоҳ, самти таҳсил, шароити зиндагӣ ва хароҷоти зарурӣ маълумоти кофӣ ҷамъоварӣ намоянд. Омӯзиши забони чиниро пешакӣ бояд оғоз кунанд, то ба муҳити нав зудтар мутобиқ шаванд. Ба андешаи ӯ, барои расидан ба ҳадаф пеш аз ҳама мақсади муайян, сабру таҳаммул ва масъулиятшиносӣ зарур аст.
Зиндагӣ ва таҳсил дар кишвари дигар таҷрибаест, ки инсонро аз бисёр ҷиҳат тағйир медиҳад. Он ба ҷавонон меомӯзонад, ки барои расидан ба орзуҳо бояд ҷасорат дошта бошанд, аз мушкилот наҳаросанд ва ҳамеша дар талош бошанд. Қиссаи зиндагии донишҷӯи тоҷик Пурдил Начевуллоев намунаи равшани он аст, ки шавқи омӯзиш метавонад инсонро ба сарзаминҳои дур барад ва барои ояндаи ӯ имкониятҳои нав боз намояд.