Arzon march 2024
Аз тарси “облава” ба Ватан намеоям
3337


Ман Акбар, зодаи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор. Барои қарзи тӯйи бародарамро кандан рӯ ба муҳоҷират оварда, бо нархи гарон чиптаи ҳавопоймо харида ба Русия омадам.Моҳҳои аввал барои ҳуҷҷат сохтан пулам нарасид, аз ҳамин сабаб ин корро мавқуф гузоштам. Аз байн чанде гузашту ба рейд афтидам.

Бо сабаби ҳуҷҷат надоштан маро 5000 ҳазор рубли русӣ ҷарима баста, таъкид намуданд, ки агар бори дуюм ба дасташон афтам, рост ба маҳбас мефиристанд. Ҳодисаро ба рафиқонам нақл кардам. Афсӯс хӯрда, маслиҳат доданд, ки ба Ватан баргардам.


 

Саноатхон Каримоваи 77-сола, ки ҷонаш ба лабаш расидааст, дигар тобу тоқати интизорӣ надорад. Вай мегӯяд, ки агар ин ширкат ӯро бо манзил таъмин накунад, тамоми журналистонро ҷамъ карда, дар пеши назари онҳо ба сару рӯйяш бензин пошида, худашро оташ мезанад.

 

 


Намедонам бо кадом рӯ ба хона равам, охир ман ба нияти қарзканӣ ин ҷо омада будам, на барои боз қарздор кардани падарам. Ночор мондаам. Ҳоло дар Ватан ҷӯшу хурӯши «облава» аст, метарсам, ки маро аз фурудгоҳ дастгир карда аскарӣ мебаранду қарзи гарон дар гардани падари бечораам мемонад. Худоё, ин чи рӯзи сиёҳе буд, ки ба сарам омад?! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Акбар, аз Федератсияи Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД