Sebiston new 2024 october
Аз НБО "Роғун" то картошказори Лахш
2890

Корвони иттилоотии рӯзноманигорон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзҳои 21- 24–уми августи соли ҷорӣ озими сафар ба минтақаи Рашт шуд.

Ҳайати рӯзноманигорони мамлакат зимни сафари эҷодӣ дар шаҳру ноҳияҳои Роғун, Нуробод, Рашт, Лахш ва Тоҷикобод меҳмон шуда, бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва имконоти сайёҳии минтақа шиносоӣ пайдо карданд.

Роғун: Сохтмони бомароми "Кохи Нур" идома дорад

Дар вақти раҳсипор шудан ба НОБ-и “Роғун” аз чашмаи софи “Истиқлол”, ки дар сари роҳ воқеъ аст, ташнагиро шикастем. Ин гӯшаи сарсабзи Ватан оби ширин ва ҳавои софу беғубор дошт.

Дар роҳ хеле хушҳол будем, ки бо баҳонаи сафар иншооти азимро тамошо карда, ҳамзамон, шаҳру навоҳии дигари водии Раштро мебинам. Аз хурдсолӣ оид ба сохтмони бузурги кишвар маълумоти гуногун мешунидаму медидам.

Тасаввур намекардам, ки рӯзе нақбҳо ва ё сарбанди нерӯгоҳи бузургро аз наздик мебинам. Ҳамин тариқ, сараввал аз маркази шаҳри Роғун, ки хеле сарсабзу хуррам буд, дидан кардем. Дар дили Роғун низ пояи баланди Парчами миллӣ парафшонӣ дошт ва ифодагари арзишҳои муҳими ҳаёт – сулҳу ваҳдат буд. Дар кӯчаи марказӣ Осорхонаи шаҳри Роғун ҷойгир аст. Нахуст ин ҷоро дидем.

- Осорхонаи шаҳри Роғун соли 1996 таъсис ёфта, имрӯз дар он 1187 ёдгории таърихӣ маҳфуз аст. Ин маконро ҳар рӯз беш аз 30 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ тамошо мекунад. Яке аз нигораҳои қадимтарини осорхона кӯзаи калонест, ки дар пайи ковиши замини як сохтмони НОБ – и “Роғун” соли 2014 ёфт шудааст. Бостоншиносон муқаррар кардаанд, ки кӯза ба асри VII тааллуқ дорад. Нигораҳои дигар, аз ҷумла, нусхаи қадимаи шоҳкории адабиёти тоҷику форс “Анвори Суҳайлӣ” ва асбоби шикории пилтакамон диққати тамошобинро ба худ мекашанд. Бовар дорем, ки баъди пурра ба анҷом расидани сохтмони НОБ – и “Роғун” махзани осорхона ғанитар ва бинандагонаш афзунтар хоҳанд шуд, - бо хушбинӣ афзуд директори осорхона Ҳиматулло Бобохонов.

Ба майдонҳои сохтмони НОБ-и “Роғун” наздик шудем. Дар қитъаҳо кормандон машғули кор буданд. Қурбонназар Давронов - муовини директори истеҳсолӣ рӯзноманигоронро ҳушдор дод, ки эҳтиёткор бошем ва қоидаи бехатарии ҳаракатро риоя кунем, сарпӯши кориро аз сар нагирем, зеро дар рафти кор афтидани ягон асбоб ё лағжиши сангу хок аз эҳтимол дур нест. Аз нақбҳои васеъ ва пурчароғ гузашта, ба майдончаи назоратӣ расидем. Аз ин ҷо сарбанди асосии нерӯгоҳро, ки хеле баланд шудааст, дидан мумкин буд.

- Феълан корҳо дар 4 қисмат (лот) бомаром идома доранд. Масалан, дар таҷҳизоти гидромеханикӣ, сарбанди нерӯгоҳ, соҳили рост, ки нақбҳои обпарторо дар бар мегирад, иншооти зери фишор қарордошта, нақбҳои обгир, обқабулкунаки асосӣ, толори мошинҳо, толори трансформатор ва иншооте, ки ба он тааллуқ дорад, корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд. Қисмати болоии сарбанд дар сатҳи 1140 метр ва қисмати поёнии он дар сатҳи 1085 қарор дорад. Дар ин қисматҳо корҳои зич кунонидану хобонидани маҳсулот идома дорад. Хобонидани бетони кӯбидашаванда дар қисмати таҳкурсии ядрои сарбанд низ ҷараён дорад,- иттилоъ дод Қурбонназар Давронов.

Дар назди даромадгоҳи нақби СТ 4 низ қарор гирифтем, ки 1780 метри мукааб дарозӣ дошта, қобилияти обпартоии он 3 500 метри мукааб дар 1 сония мебошад.

Тавре ки ба мо гуфтанд, дар сохтмони нерӯгоҳ беш аз 14 ҳазору 500 нафар корманд, ки соҳиби ихтисоси гуногун мебошанд, фаъолият мебаранд ва 9 фоизи он хориҷиёнанд. Лоиҳаи сохтмон таҳти назорати Бонки умумиҷаҳонӣ қарор дошта, техникаи бехатарии сохтмон низ шабонарӯзӣ зери назорат аст.

- Метавон гуфт, 65 фоизи корҳои сохтмон иҷро шудааст. Дар назар аст, ки моҳи ноябри соли 2025 агрегати 3 – юми НОБ – и “Роғун” фаъол гардонида мешавад. Тибқи барнома корҳои сохтмонии нерӯгоҳ соли 2029 пурра ба охир мерасад. Ду агрегат, ки ҳоло кор мекунад, зиёда аз 6 миллиард киловатт- соат барқ истеҳсол карда, ба системаи ягонаи барқи кишвар равона шудааст,- илова кард Қ. Давронов.

Бо чанд нафар корманди заҳматписанди Кохи Нур ҳамсуҳбат шудем. Дар майдони назоратие, ки дар ядрои асосии нерӯгоҳ ҷойгир аст, бо геологи ҷавон – Муҳаммад Сидирзодаи 29 сола, зодаи ноҳияи Файзобод вохӯрдем.

Ӯ зимни суҳбат афзуд, ки маҳз дар ҳамин сохтмони нерӯгоҳ мутахассиси касбӣ шуд, баъд аз хатми ихтисоси геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Вай бар ин назар аст, ки Роғун на фақат манбаи нур, балки тарбиятгари мутахассисони гуногунсоҳа мебошад.

- Аз соли 2017 инҷониб дар ин ҷо кор мекунам. Бо ифтихор гуфта метавонам, ки дар таҳияи нақшаи чанд нақб, аз ҷумла, нақби СТ 3 ва СТ 4 саҳм гузоштаам. Дар нерӯгоҳ беш аз 30 нақб мавҷуд аст, ки дар бунёди онҳо саҳми геологҳо чашмрас мебошад. Мекӯшам, ки минбаъд низ фаъолияти босамаре дошта бошам, - иброз дошт мутахассиси ҷавон.

Қосим Умарови 55 сола, зодаи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ корманди дигари нерӯгоҳ аст. Бо вай дар назди кӯҳе, ки дар болои нақб аст, рӯ ба рӯ шудем.

Мавсуф кори мошини кӯҳканро назорат дошт, ӯ коргари бахши амалиёти хокӣ будааст. Вазифааш сангу хоки аз кӯҳ ҷудошударо назорат кардан ва роҳ надодан ба афтодани онҳо дар ҷойҳои номуқаррарӣ.

- Ман 10 сол боз дар ин ҷо кор мекунам. Шукр, ки аз 3 ҳазор сомонӣ зиёдтар маош мегирем. Дар як моҳ 15 рӯз кор мекунем ва 15 рӯзи дигар истироҳат. Бунёди нерӯгоҳи бузургтарин дар ҷаҳон кори осон нест. Бовар дорем, ки баъди пурра сохтани он Тоҷикистон боз ҳам ободтар ва зиндагии мардум беҳтар аз пештар мешавад, - умед дорад корманди НОБ “Роғун”.

Азиз Исматов, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аст. Вай яке аз кафшергарони ҷавони нерӯгоҳ мебошад. Ӯ аз соли 2016 инҷониб дар бунёди иншооти азим фаъолият менамояд.

Тавре ки кафшергар гуфт, ҳар рӯз аз соати 7 – и субҳ то 18 – и бегоҳ машғули коранд. Дар як моҳ барои 15 рӯзи корӣ 2900 сомонӣ маош мегиранд. Бо ҷойи хоб ва хӯроки гарм таъмин буда, музди меҳнатро сари вақт мегиранд.

Чунончи пай бурдем, дар як рӯз имкони сохтмони қисматҳои иншооти азим - НОБ - и “Роғун”-ро пурра тамошо кардан нест. Ба ҳар ҳол, тасаввур кардем, ки барои бунёди Кохи Нур чӣ қадар сармоя, вақт, техника, масолеҳ ва аз ҳама муҳим, меҳнати инсон сарф мешавад.

Ба пиндори мо, аз корманди оддӣ то роҳбарони лоиҳа, ки барои бунёди нерӯгоҳ талош меварзанд, қаҳрамони воқеиянд. Ба қаҳрамонони НОБ – и “Роғун” барору комёбӣ мехоҳем.

Нуробод: Рӯ ба сӯи бунёдкорӣ

Идомаи сафар ба самти ноҳияи Нуробод буд. Дар роҳ аз чанд деҳаҳои байни кӯҳҳо гузаштем, ки бе одам буд. Ҳолдонҳо гуфтанд, ки сокинони ин деҳотро чанд вақт пеш ба ноҳияи Нуробод кӯчонидаанд.

Замини ҳамвори якчанд деҳот, ки дар байни кӯҳҳо воқеъ аст, чанд сол пас зери оби обанбори “Роғун” мемонанд. Воқеан, роҳи Роғун – Нуробод хеле зебо буд, бо кӯҳҳои баланду сердарахт, дарёи васеъю хушранги Сурхобу Хингоб. Маҳз дар ноҳияи Нуробод ваҳдати дарёи Хингобу Сурхоб ба вуқӯъ пайваста, дарёи Вахш сар мешавад.

Ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод расидем. Дар маркази шаҳрак корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия идома дорад. Моҳи сентябри соли 2021 бо ҳузури Пешвои миллат муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ, Парчам, фаввораҳо ва гулгаштҳо мавриди истифода қарор гирифта буд.

Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон Зоир Раҳмонов, мудири бахши меъмории ноҳия иттилоъ дод, ки сохтмони амфитеатр барои 200 ҷои нишаст, чойхона, қаҳвахона, майдончаи варзишӣ, таваққуфгоҳ, чархофалак, майдончаҳо барои бозии кӯдакон идома доранд.

- Масоҳати боғи мазкур 12,6 гектарро дар бар мегирад. Фармоишгари сохтмони Боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ Муассисаи давлатии "Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО “Роғун" мебошад. Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ то охири соли 2023 ба истифода дода мешавад. Дар сохтмони ин иншоот, беш аз 40 нафар ба корҳои мавсимӣ фаро гирифта шудаанд, - афзуд Зоир Раҳмонов.

Тавре иттилоъ доданд, дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда биноҳои 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Яхч, Сабзиқадам ва Ҳасандара бунёд гардида, бо ашёву таҷҳизоти мактабӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар ноҳия дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 60 бинои асосӣ ва биноҳои иловагии муассисаҳои таълимӣ барои қариб 15 ҳазор ҷойи нишаст азнавсозӣ гардидаанд.

Мушоҳида кардем, ки дар маркази ноҳия аксар сокинон майл ба он доранд, ки хонаҳои истиқоматиашонро бо тарҳу услуби замонавӣ бунёд кунанд. Ҳамзамон, дар самти коркард ва нигоҳдории меваҷоту сабзавот низ бо диди нав муносибат доранд.

Дар даромадгоҳи ноҳия бо оилае шинос шудем, ки аз меваи тут ду намуди шарбат тайёр кардаанд. Ҳамчунин, тутро хеле моҳирона хушк карда, ҳамчун ширинӣ ба фурӯш баровардаанд.

Роҳбари оила дар суҳбат гуфт, ки сайёҳон, кӯҳнавардоне, ки аз назди хонаашон мегузаранд, ба маҳсулоти истеҳсолии онҳо таваҷҷуҳ доранд.

Рашт: Шуҳрати дубораи себи Рашт

Рӯзи дуюми сафари рӯзноманигорон дар доираи корвони иттилоотӣ аз ноҳияи Рашт оғоз ёфт. Субҳи барвақт ба боғи серҳосил (интенсивӣ)- и "Пайванд-Рашт", ки дар остонаи ноҳия воқеъ аст, ҳозир шудем.

 

Маҳмадтолиб Ҷамилов- боғдори соҳибтаҷриба буда, дар бунёди боғи "Пайванд- Рашт" саҳми бориз гузоштааст. Ӯ дар суҳбат гуфт, ки дар даври Шӯравӣ себи Рашт хеле машҳур буд ва ҳосили он то ҷойҳои дур интиқол меёфт. Аммо дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ боғҳои себ аз байн рафтанд.

- Шукр, дар фазои орому осуда метавонем, нерӯву тавони худро ба ободониву созандагӣ равона созем. Аз таҷриба истифода бурда, навъҳои себи маҳаллӣ ва хориҷиро бо ҳам пайванд кардем, дар натиҷа навъҳои хуштаъму хушбӯйи себ ҳосил шуд. Самараи Истиқлол ва сулҳу ваҳдат буд, ки дар самти боғдорию кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудем, - бо рӯҳбаландӣ афзуд боғбон.

Баъди нисфирӯзӣ ба деҳаи хушбоду ҳавои Ҷафри ноҳияи Рашт омадем. Дар ин ҷо осорхонаи "Кӯҳсори Аҷам" ва боғи ботаникии Мирзошо Акобир фаъол аст, ки барои бунёди он 32 сол бори заҳмат кашидааст.

Тибқи гуфтаи Мусайёр Акобирзода – писари бунёдгузор, ки он рӯз роҳбалади мо буд, феълан дар ин ҷо беш аз 2 ҳазор атиқа маҳфуз аст. Бархе ашёҳои қадима таърихи 3 ҳазорсола доранд. Дар ин ҷо қадимтарин сикка низ мавҷуд аст, ки ба гуфтаи таърихшиносон то ба аҳди Зардушт меравад.

Бахтиёр Муродзода, муовини раиси ноҳияи Рашт изҳор дошт, ки осорхонаи мазкур дар минтақа ягона буда, барои сайёҳони дохилию хориҷӣ макони ҷолибу тамошобобро мемонад.

Лахш: Картошкаи хушсифат ва боғҳои серҳосил

Баъди нисфирӯзии рӯзи дуюми сафар ҳайати рӯзноманигорон ба ноҳияи Лахш ворид шуданд. Воқеан, одамони меҳнатдӯст, обу ҳавои салқин, киштзори васеи картошка, боғҳои серҳосили себу нок, аз ҳама муҳим, дӯстию хешовандии халқҳои тоҷику қирғизро дар ин ҷо дидан мумкин аст.

Дар ин диёри кӯҳсор, ки аз 10 ҷамоат иборат аст, 57 123 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад. Мардум бо кишоварзӣ (картошкапарварӣ), боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Мо, рӯзноманигоронро ба боғе бурданд, ки ниҳоят серҳосил буд.

Ростӣ, на танҳо боғи сабзу хуррам ва серҳосили бобои Давлатбек Аҳмадов, балки таҷрибаи зиндагӣ ва рӯҳбаландии ҳамешагияш шоистаи таваҷҷуҳ мебошад. Ӯ дар овони ҷавонӣ ронандаи оддии совхоз буд. Аммо баъд аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ҳаёти ӯ дигар шуд. Соҳиби замин гардид, вайро ҳамчун боғдори номӣ шинохтанд.

- Масоҳати боғам беш аз 1 гектар аст. Дар он 17 намуди себ парвариш меёбад. Навъҳои гуногуни нок, олу, зардолуро низ дорам. Маро дар ноҳия ҳамчун боғбони соҳибном мешиносанд. Лекин худро ҳеҷ гоҳ боғбони касбӣ ҳисоб намекунам. Дар соҳаи аграрӣ таҳсил накардаам. Ронандаи оддӣ будам. Бо шарофати меҳнати ҳалол ва аз заҳмат натарсидан, имрӯз соҳиби обрӯ шудам. Агар мегуфтам, ки “боғбонӣ куҷою ман куҷо, ин кор аз дастам намеояд”, имрӯз ин боғу роғ набуд. Агар аз сидқи дил кор кунед, ҳатман бурд мекунед. Барои пеш бурдани кори боғ ҷигарбандонам ёрӣ медиҳанд,-бо ифтихор гуфт Давлатбек - бобо.

Тавре ки огоҳ шудем, дар Лахш, аллакай, мавсими ҳосилғундории кишти картошка шурӯъ шудааст. Хостем, ки ба саволи имсол вазъи парвариши ин навъи сабзавот чӣ гуна аст ва картошкапарварон чӣ нияту ҳадаф доранд, посух гирем.

Барои посух гирифтан ба Хоҷагии деҳқонии "Умед" омадем. Сардори он Чиннигул Сафарова, собиқ директори мактаби №45 - и деҳаи Навдиёр ва ҳоло дар саҳро машғули кор. Имрӯз духтараш – Омина Сафарова дар баробари саҳмдори хоҷагӣ будан сарварии муассисаро бар дӯш дорад. Омина дар соли сипарӣ соҳиби гранти Президентӣ (20 ҳазор сомонӣ) дар самти рушди картошкапарварӣ гардида буд.

- Ҳар сол аз як гектар замини кишти картошка қариб 40 тонна ҳосил мегирем. Дар хоҷагӣ 20 нафар бону ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Навъи картошкаи сафеду сурх ва тезпазакро кишт мекунем. Картошкаи ноҳия ба водии Рашт, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеъ содирот мешавад,- изҳор дошт сардори хоҷагӣ.

Аз ҳисоби даромади хоҷагии деҳқонӣ сатҳи зиндагии аҳли оилаи Сафаровҳо беҳтар аст. Ҳарду духтари холаи Чиннигул дар Донишкадаи омӯзгории Рашт таҳсил кардаанд. Духтари калонӣ - Омина феълан дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ (аз рӯйи ихтисоси дуюм) таҳсил дорад.

Духтари хурдиаш дар баробари донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи омӯзгории Рашт будан, боз муаллимаи мактаби деҳа мебошад. Ба ин оила, ки омӯзгор ва ҳам кишоварзанд, комёбӣ ва муваффақият мехоҳем.

Тоҷикобод: Бунёди хонаҳои нав ба ниёзмандон

Рӯзҳои охирони сафарро дар доираи корвони иттилоотӣ дар ноҳияи Тоҷикобод гузаронидем. Қудуми аввали мо аз деҳаи Сафедмун оғоз ёфт. Ин деҳа 60 хоҷагӣ дорад. Аҳолӣ аз лиҳози дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мушкилӣ надорад.

Соли 2020 аз тарафи шарикони рушд ва саҳми сокинон хати оби тоза ба ҳар хоҷагӣ дароварда шуд. Ҳамзамон, деҳа бунгоҳи тиббии замонавӣ дорад. Дар нақша аст, ки ба наздикӣ китобхона ва боғчаи кӯдаконро низ бунёд кунанд.

Мустаон Ваҳҳобов, раиси деҳаи Сафедмун роҳбалад буд. Нахуст масҷидеро, ки таърихи 200 сола дорад, дидем. Он номи “Масҷиди сафед”- ро дорост. Ғафсии девораш қариб 1 метр буда, сақфаш аз чӯби арчаи кӯҳҳо сохта шудааст. Бом ва тирезаҳояш азнавсозӣ гардидааст. Мардуми деҳа ва намояндагони Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об мекӯшанд, ки масҷиди мазкур дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шавад, чун он хотираи зиндаи таърихро мемонад.

Зулфиқор Гадоев, мудири бахши меъмории ноҳияи Тоҷикобод зимни суҳбат бо журналистон изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об барои 60 оилаи ятиму камбизоат манзили истиқоматӣ сохта истодаанд, ки соли 2024 ба оилаҳои ниёзманд туҳфа мешавад. Хонаҳо бо як тарҳ бунёд шуда, аз 3 ҳуҷра ва утоқҳои маишӣ иборат мебошанд.

Дар айни замон 50 фисади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфта, бомпӯшӣ, насби дару тиреза ва рангубор боқӣ мондааст. Интизор меравад, ки барои 60 оилаи камбизоату ятимдор мактаб, бунгоҳи тиббӣ, маркази ҷавонон ва як корхонаи истеҳсолӣ низ бунёд гардад.

Ёдовар мешавем, ки Корвони иттилоотӣ бахшида ба 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардид.

Ниҳоят, аз сафар ба шаҳру навоҳии водии Рашт ба чунин хулоса омадам, ки ҳар нафар имкон дорад, корашро бо сифати баланд анҷом диҳаду барои рушди Ватан ҳисса гузорад. Набудани шароит, муаммоҳои зиёд ҳеҷ гоҳ сабаб шуда наметавонад, ки аз талошу мубориза барои беҳтар кардани ҳаёти худ ва наздикон даст кашем. Агар ҳадаф ва барномаи мукаммал дошта бошем, ҳатман муваффақ мешавем.

 

Душанбе – Роғун – Рашт – Нуробод - Лахш - Тоҷикобод - Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД