Arzon march 2024
АЗ ХУРДӢ БА МУЛЛОҲО НАФРАТ ДОРАМ! (қисми 2)
4929

Давомаш ...

Ӯро ғур - ғур кушт ...

Дар деҳаҳо пештар урфе роиҷ буд, ки баъди аз хидмати ҳарбӣ баргаштани фарзанд барояш тӯй медоданд ва чанд рӯз хурсандӣ мекарданд. Хурду бузурги деҳа меомади аскарбача аз дидаҳояш дар сафи аскарӣ қиссаҳо мекард, вале ин урф дар хонадони Айнура сарфи назар шуд.

 - Узр барои нохун задан ба қалби решатон. Бародари калониатон дар куҷо буд ин вақтҳо?

- Ӯ баъди ҷавоб шудан аз аскарӣ дар ҳамон ҷойҳо кор кард. Ду ё се моҳ пас аз марги акаам ба хона омад. Ӯ ҳам зардпарарвин шуда буд. Дере нагузашта, бобои модариам мурд.

- Дар бораи бародари калониатон гап мезадем.

- Чанд моҳ пас ӯро хонадор карданд. Занаш аз қишлоқи поён буд. Духтари беҳтарин қишлоқро келин кардем, вале моиндарам рӯзаш намедод. Ҳамеша ғур – ғуру зуқ - зуқ карда, оби чашмашро мерезонд.

- Акаатон чизе намегуфт?

- Не, чунки касе ҳуқуқ надошт ба ӯ гап занад. Ҳатто падарам аз ӯ метарсид. Акаи бечораам, ки дар хунукиҳо гашта, ҷигараш касал шуда буд, ба гапҳои ин занак бо арақхӯрӣ ҷавоб медод. Доим маст буд ва тухми обҷӯш мехӯрд. Моиндарам тамоми чизи хонаро пинҳон мекард. Қариб 20 сар гов доштем, аммо ягон қатра шир намехӯрдем. Акаам маро “апа” мегуфт ва доим зорӣ мекард, ки барош чизи хӯрдание диҳам. “Шир биёр, апаҷон” гуфта, зорӣ мекард. Вақте ба моиндарам “апа, акаам гушна аст, камтар шир диҳед” мегуфтам, ҳатман “заҳра хӯрад, нав як табақ дода будамаш” гуфта, чизе меёфт ба сӯям мепартофт. Ҳамин тавр, акаи бечораам аз дасти моиндар мурд. Ҳамагӣ 2 рӯз пеш аз зодрӯзаш (рӯзи 7 феврал) вафот кард (мегиряд ...).

 “Хамрч хӯред” мегуфт

Ин калима шояд барои мардуми қисмати ҷануб ошно бошад. Он дар баъзан ҳолатҳо ивазкунандаи калимаи “заҳр” мешавад. Яъне, моҳияти ин мафҳум “заҳр хӯрдан” аст.

- Модаратон ҳақорат мекард?

- Ҳамеша модарамро дашном медод. Аксар вақт ҳангоми хӯрокхӯрӣ таги табақи дигаронро оварда медоду “хамрч хӯред” гуфта, чиркобаи дасти худу фарзандоаншро дар пешамон мепартофт.

- Боре ба падаратон шиоят накардед?

- Фоида надошт, зеро ӯ падарамро ҷоду карду буд. Медонед, падарам маро бисёр дӯст медошт, аммо моиндарам маро дар наздаш доим бад мекард. Оҳиста – оҳиста ҳисси нафрати ӯ бедор шуд ва дигар маро чашми дидан намекард. Доим ҳақорат мекарду мезад.

Мотамтӯй

Тӯй дар зиндагии инсон як бор барпо мешавад, зеро бахт такрорнашаванда аст. Ҳамин аст, ки ин маросим хотирмон баргузор карда мешавад. Фақат Айнура аз ин шодӣ бенасиб монд.

- Шумо кай оиладор шудед?

- Вақте мактабро тамом кардам, чанд сол ғуломи хонаи моиндар шуда мондам. Хостгорҳо меомаданд, вале моиндарам розӣ намешуду падарам хостгорҳоро мегардонд. Баъди чанд муддат ба як хостгор розӣ шуданду маро фотиҳа карданд.

- Тӯятон чӣ тавр гузашт?

- Мисли ҷаноза буд. Моиндарам тамоман ягон чиз нахарид ва маҳри додаи хостгорҳоро ба либосҳои фарзандонаш сарф кард. Мисли як бевазан шавҳар кардам. Шукр, ки ӯ одами мефаҳмидагӣ буд. Баъд чанд таззоди дигар дар ҳаётам рух дод, ки намехоҳам қисса кунам.

- Хуб, ихтиёр доред. Ҳоло рӯзгоратон чӣ гуна аст?

- Ба ватани бобоиям баргаштаам. Беш аз 20 сол боз дар Татаристон зиндагиву кор мекунам. Шукр, ки ҳолам хуб аст. Ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ҳамватанони мананд, салом мерасонам.

- Аз ҳоли падару додаронатон огоҳӣ доред?

- Баъзан занг мезанему аҳволпурсӣ мекунем. Ҳеҷ гоҳ аҳволи моиндарамро напурсидаам ва намедонам, ки ӯ зинда аст ё мурда.

- Ба дӯстдорони ҳафтавори мо шояд чизе гуфтан мехоҳед?

- Ҳамеша саломат бошанд ва дар таҳти сояи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро обод кунанд. Як бор Қирғизистону Белоруссия ва Озорбойҷону Арманистону дигар кишварҳоро нигоҳ кунанду баъд гап зананд, чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ мехонам, ки бисёр танқид мекунанд. Тоҷикистон биҳишт аст ва бо он фахр бояд кард.

- Сипос барои суҳбат самимӣ! Худро эҳтиёт кунед.

- Ташаккур ба Шумо ва ҳам ба ҳайати эҷодии ҳафтаномаи дардшунави “Оила”. Ба ҳамаатон барор мехоҳам!

 Мусоҳиб Мирсаид САТТОРИЁН,

рӯзноманигор

 

Аз идора: Айнура нахост, ки насаб ва номи зодгоҳашро нашр кунем. Ҳарчанд ҳоло ӯ дар Татаристон зиндагиву кор мекунад, вале як пораи дилаш бо Тоҷикистон аст ва аз тоҷик будани худ ифтихор дорад. Вақте аз ӯ пурсидем, ки дигар ба сарзамини офтобии мо баргаштан намехоҳад, кӯтоҳ “мебинам” гуфт. Умед мебандем, ки зиндагии ӯ барои дигар монидарон, ки лаззатро дар озори фарзанди шавҳар мебинанд, намунаи ибрат хоҳад шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД