sebiston july new
АЗ АШКИ МАРДИ МАЮБ АРШИ БАРИН БА ЛАРЗА МЕОЯД
2948
АЗ АШКИ МАРДИ МАЮБ АРШИ БАРИН БА ЛАРЗА МЕОЯД

Эраҷ Толибов ба назар марди тануманду қавӣ намояд ҳам, вале дар асл мисли парандаи паршикастаест, ки пойбанди қафаси ғаму андӯҳ гаштааст ва солиёни зиёд аз ғами маюбӣ, бехонагӣ ва дарбадарӣ хуни ҷигар мехӯрад. Барзами ин ҳама дарду ранҷ ӯ худро ҳамеша марди зиндадил дониста, аз лаб кушодани сири худ пеши дигарон ор медонад. Ӯ ба як косаи хӯрок зор монад, ҳам касеро ташвиш надода, то субҳ миҷа таҳ намекунаду бо масали “поён шаби сиёҳ сафед аст” ҳар лаҳза худашро тасалло медиҳад.

Эраҷ Толибов зодаи н. Рашт буда,
аз модар маюб ба дунё омадааст. Бо вуҷуди маюб будан, Эраҷ барои обод гардидани охираташ Кибриёро бо ду фарзанди даркӯчамондааш ба никоҳи худ дароварда, ба фарзандони ӯ падарӣ мекунаду онҳоро аз ҷигарбанди ягонаи худ кам намедонад.

Кибриё 30 сол умр дошта бошад ҳам вале бори қисмат ва аламу дарди зиндагӣ ӯро ба зани солхӯрда табдил додааст.

Ӯ аз ҷабри моиндар ва найрангҳои ӯ аз мактаб маҳрум гашта, барвақт оиладор шудааст. Шавҳари беинсофаш ту қашоқдухтари гуфта ӯро бо ду тифли маъсум аз дар берун намуда, ҷавобашро додааст. Кибриё вақте бо ду фарзандаш ба хонаи падар баргашт, ӯро аз дар ронданд ва ӯ маҷбур шуд, ки ба шаҳри Душанбе омада, зиндагиро аз нав шурӯъ намояд.

Эраҷ Толибов аз субҳ то шом мисли кабки дар қафас берун намебарояд. Дасти кӯдаконашро гирифта, ҳамроҳи эшон дар кӯчаҳои шаҳр қадам зада наметавонад. Дастонаш меларзанд, чунки мадори бардоштани ҳатто як пиёла обро надоранд. Кибриё бо вуҷуди ноновари хона буданаш кӯшиш мекунад, ки сару рӯи шавҳарашро шуста, сари вақт ба ӯ хӯрок диҳад. Кӯдаконаш пойҳои падарашонро маҳс намуда, мисли парвона гирди сараш чарх мезананду хотири ин марди маюсро болида мегардонанд.

Умедворем, ки дар кишвари мо хайрмандон, саховатмандон ва умуман афроде, ки дар роҳи хайр дасти мадад расонида меавонанд, кам нестанду нисбати сарнавишти ин марди маюб ва ҳамсари зору ҳайронаш бетарафи нахоҳанд кард.

НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД КӮМАК КАРДАН МЕХОҲАНД БА РАҚАМИ 918-42-15-58 ЗАНГ ЗАНАД ВА Ё ХАЙРИЯИ ХУДРО БА КОРТИ БОНКИИ 5058270420159443 (ЭСХАТА) ГУЗАРОНАНД.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД