Ин тасвир ба давраи шоҳигарии Кушон, ки дар ҳудуди Афғонистон, Покистон, ҷануби Тоҷикистон ва шимолу ғарбии Ҳиндустон дар асрҳои 1 то 3-и пеш аз милод воқеъ буд, тааллуқ дорад.
Шоҳигарии Кушон дар таърих бо санъати беназири худ машҳур аст, ки унсурҳои греку римӣ, ҳиндӣ ва форсиро дар худ ҷамъ кардааст.
Ҳайкалҳои дар танаи кӯҳ кандашуда тасвири мардони ростистода мебошанд, ки эҳтимол аст ҳайкали худоҳои эллинӣ, ё шахсиятҳои таърихӣ бошанд. Дар давлати Кушон санъати юнониву римӣ якҷоя бо санъати бохтариву суғдӣ сабки хосро ташкил дода буд. Ин нақши барҷастаи дар кӯҳ тарошидашуда, дар маъбадҳои будпарасӣ, ки дар он тасвири Буддо нақш гаштааст, бештар дида мешавад. Аммо сабки тасвири мазкур маҳз ба санъати юнониву буддоӣ, ки дар Бохтари қадим пас аз ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ба Эрон ва Осиёи Миёна ба амал омада буд, тааллуқ дорад.
Ин ҳайкалҳо дар минтақаи Гандҳараи Покистону сарҳади Эрон воқеъанд.