Дар Замин нахустин рустаниҳо дар об пайдо шудаанд, зеро он вақт сатҳи хушкӣ ва қабатҳои атмосфера барои ҳаёт ҳанӯз мутобиқ набуданд. Инҳо организмҳои якҳуҷайрагӣ ва ҷисман хеле хурд буданд.
Вақте ки дар атмосфераи Замин озон ба вуҷуд омад, шароити рушду нумӯ беҳтар шуд ва аз рустаниҳои якҳуҷайра организмҳои бисёрҳуҷайра пайдо шуданд.
Онҳо оҳиста-оҳиста аз об берун шуданд ва инкишоф ёфта, барои дар хушкӣ сабзидан мувофиқ гардиданд.
Ин ҳодиса тақрибан 750 миллион сол пеш рух додааст.