Як зани 27-сола, ки дар бинои баландошёна зиндагӣ мекардааст, худро бо 3 фарзандаш ба замин партофт. Ин фоҷиаи мудҳиш шоми 3-юми апрел рӯй додааст...
Ҳодиса дар микрорайони 8-уми ноҳияи Сергелии шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯй дода, як ҷавонзани 27-сола аз тирезаи манзили истиқоматиаш, аз ошёнаи 9-ум, се фарзандашро ба замин партофта, баъдан худашро ҳам ҳаво додааст.
Инчунин, хонед:
Тавре ки Прокуратураи генералии Ӯзбекистон навиштааст, зан аввал аз тирезаи хонаи хоб писарчаҳои 4 ва 5-солаашро ба замин ҳаво дода, баъдан духтарчаи яксолаашро партофтааст ва сипас худро низ думболи фарзандонаш аз ошёнаи 9 ба замин ҳаво додааст. Муттассифона, ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.
Сабабҳои даст ба фарзандкушию худкушӣ задани ин зани 27-сола аз ҷониби прокуратура санҷида мешаванд.
Бояд гуфт, ки фарзандкушию худкушӣ солҳои охир ба як мавзӯи доғ табдил ёфтааст. Дар кишвари мо низ тайи чанд соли охир чандин нафар занон ба чунин амалҳои ваҳшатнок даст зада, худро ҳамроҳи фарзандонашон ба баҳру дарё партофтанд ва ҳатто ҷигарбандонашонро бо дасти худ ба дор овехта, аз ҳаёт маҳрум намуданд.
Равоншиносону коршиносон фарзандкушию худкушии занонро бештар ба хушунату зӯроварии хонаводагӣ, рашк, дузанагию сезанагӣ, туҳмату бӯҳтон, иғвоангезию дахолати хушдоману хоҳаршӯй ва дигар азъои хонавода ба ҳаёти оилаҳои ҷавон ва камбудиҳои иқтисодӣ рабт медиҳанд.