Қаҳру ғазаб ҳиссиёти ногуворест, ки ба мисли вулқон танҳо харобию дарду ранҷ меорад. Инсони бо ақлу хирад бояд ҳамеша аспи ғазаби худро лаҷом зада тавонад ва нагузорад, ки ин ҳисси шайтонӣ бар вай ғолиб омада, боиси сар задани ягон нохушӣ ва ё фоҷиа гардад.
Мутаассифона, афроде ҳастанд, ки ба ҷойи астағфуриллоҳ гуфта, қаҳру ғазаби худро фурӯ бурдан, баръакс бо ҳар баҳна саманди ҷаҳли хешро тозиёна мезананд ва оқибати корро андеша накарда, бо корду табар ба сари рақибонашон метозанд. Аксаран чунин беандешагиҳо боиси сар задани фоҷиаҳои талх мегарданд...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз содир шудани чанд ҷинояти авбошӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф хабар додааст. Тавре ки ин манбаи мӯътамад мегӯяд, санаи 11-апрел, тахминан соатҳои 18.50 дар кӯчаи Лоҳутӣ як марди 35-солаи сокини пйтахт аз ҳиссиёти авбошӣ сокини 37-солаи ноҳияи Рӯдакиро 3 корд задааст. Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои хунбор ба беморхона интиқол дода шуда, тафтишти ҷузиёти ин ҳодисаи нохуш аз ҷониби мақомот идома дорад.
Ҷинояти дигари кордзанӣ дар ҳудуди деҳаи Мадади ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шуда, як марди 38-солаи сокини ҳамин ноҳия ду марди маҳалии 27 ва 49-соларо корд зада, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.