arzon replenishment
Ҳасуд Қисми 1
1875

Касе бовар надошт, ки Малика - маликаи ҳусн, духтари зеботарини деҳа, духтари шахси барӯманди маҳал бо Чиркинак оила барпо кунад.

Чанд ҷавон ошиқи ин духтар буданд, борҳо хостгор фиристоданд, аммо танҳо ҷавоби рад мешуниданд. Ҳатто кадом як тоҷири шаҳрӣ хостааст, ними дороияшро ба ӯ бахшад, аммо гӯё духтар розӣ нашуда бошад. Чиркинак чӣ? Ҳеҷ чиз надорад, як модари нобино, як хонаи афсурда ва як оғиле дорад, ки шояд дар таърихаш чорворо надида бошад. Ду мурғ дорад Чиркинак ва ҳар рӯз мунтазири тухмаш аст. Дар хонаҳои мардум мардикорӣ мекунаду як бурда нонашро оварда бо модари нобинояш мехӯранд.

Малика беҳуда Чиркинакро интихоб накард, ӯ нуқс дорад. Ё мисли модаршӯ кӯр аст, ки чашмонаш во, вале чизеро намебинад, ё ягон дарди дигар дорад. Бесабаб ба як ҷавони кашолаву қоқи хушкида намерасад.

Касе бовар надошт, ки дар тӯи ин ду "дилдода" ин қадар мардум ҷамъ оянд. Ҳама на барои тамошо ё шикамсеркунӣ, балки аз натиҷаи ақди никоҳи ҷуфти номуносиб хабар ёфтан омаданд. Тӯй муқаррарӣ буд, тахмин мерафт, ки хароҷоти тӯйро падарарӯс пурра ба дӯш гирифтааст. Чиркинак чӣ дорад?

- Ба назар зебо метобаду дар асл ҳамааш рангу бор, - гуфт Сабзак ба Нос, - харамро пардоз кунам, аз ин зебо мешавад.

- Рост гуфтӣ, - гуфт Каҷала, - боз нозу карашмаша бин. Мижгонҳо сохта, абрӯвон фармуда, зулфон печида, пагоҳ мебинӣ, ки кали хунук.

- Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, - шӯрид Кал, - чаро маҳз "Кали хунук"

- Ман туро дар назар надоштам, - узрхоҳӣ кард Каҷала ва бо ҳамин муҳокимаи арӯс хотима ёфт.

Занони маҳал низ дар ҳайрат буданд ва аз тақдири Малика ҳарф мезаданд.

- Бечора хор шуд, дар ин хонадон се рӯз намеистад.

Вале бар хилофи ақидаи онҳо Малика ҳар субҳ ҷорӯб дар даст ба кӯча мебаромад, рӯбучин мекард ва боз баргашта ба хона медаромад.

- Малика кӯр не, - мегуфтанд занҳо, - ӯро сеҳр кардаанд. Ё ягон нуқси дигар дорад, ки барои мо муаммост. Вагарна Малика куҷову Чиркинак куҷо?

Чанд моҳ паси сар шуд, ғайричашмдошти ҳама, аз кулбаи фақиронаи Чиркинак боре садои баҳсу хархаша шунида намешуд.

- Ин духтар аниқ девона аст, - хулоса кард Наззора-хола, - ягон шахси сиҳат дар ин оила, дар ин шароит ду рӯз зиста наметавонад.

Чиркинак ҳам пас аз як ҳафтаи тӯй ба кор баромад. Чун ҳамеша ниманонро дар рӯймол печонид ва дар миёнаш баст. Аз модар дуо ва аз рухсори мисли анор сурхгаштаи ҳамсараш бӯса гирифт. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ дар ҷои муқарраршуда - сари полези Раис ҳозир шуд.

- Дар тӯят иштирок карда натавонистам, тӯй чӣ хел гузашт?

- Намедонам, - гуфт Чиркинак, - ман тӯямро тамошо накардам.

- Ҳама таъриф карданд. Пас тӯй хуб гузаштааст. Лекин чӣ тавр дили Маликаро ба даст овардӣ? Тамоми деҳа ҳайронем.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

БОЙДУХТАРРО ГИРИФТА, ҒУЛОМ ШУДАМ

- Ба ӯ ошиқ шудам, изҳор кардам ва ӯ розӣ шуд.Чӣ? Изҳори муҳаббат кардӣ? Маро аз худ бегона накун! - Раис қоҳ-қоҳ хандид, - ҳарфи даҳонатро бо ришта мекашему ту изҳори муҳаббат кардӣ?

Аммо Чиркинак ҳарфе нагуфта, миёни полез даромад. Каландро ба ҳаво бардошта чунон бо зарб мезад, ки дар замин пурра нопадид мешуд. Дар як лаҳза фармудаи Раисро ба анҷом расонид.

- Хишт рехта метавонӣ? - пурсид раис.

- Метавонам.

- Ба ҳар дона хишти ношикаста музд медиҳам.

- Ман розӣ. Чӣ қадар хишт лозим?

- Панҷоҳ ҳазор дона.

- Ду ҳазор донагӣ ҷамъ мекунам, ба ҳар ҷамъшуда пул медиҳед.

Чиркинак обро аз ҷӯйбор бо сатил меовард. Офтоб ба сар мезад, аммо ӯ монда намешуд. Арақи пешонаашро ба кунҷи рӯймол пок мекарду корашро идома медод. Обро то даме пошид, ки хоки кандаашро пурра гӯр кард.

- Ҷойро бегоҳ тайёр мекунам, - гуфт Чиркинак.

- Ихтиёрат, шаб мерезӣ ё рӯз, бароям панҷоҳ ҳазор омода кун, - Раис пули корашро ҳисобида дар дасти Чиркинак дод, - ин барои хоки кандаат.

- Ман барои донаи хиштам пул мегирам, - гуфт Чиркинак.

- Аз ҳисоби хишт тарҳ мекунам. Имрӯз дасти холӣ ба хона барнагард гуфтам.

То бегоҳ Чиркинак дар хона истироҳат кард. Гӯё ба дидори ҳамсараш сер намешуд. Бовар надошт, ки Малика аз байни ин қадар ҷавонон ӯро интихоб карда бошад.

Чиркинак қариб як моҳ дар хонаи Маликаино кор кард. Духтари соҳибҷамолро медиду танҳо оҳ мекашид. "Кош ҳамин духтар насиби ӯ мешуд". Бо як гурӯҳ одамон хонаи онҳоро сохтанд, ӯ ягон корнамоӣ накардааст, баробари ҳама заҳмат кашид ва музди корашро гирифт. Шояд падараш аз аҳволи рӯзгори Чиркинак огоҳ буд ва раҳм кард.

- Ман то ҳол бовар надорам, ки ту ҳамсари манӣ. Соате бо ту будан бароям орзу буд. Худованд ба оҳи бандааш расид, ман туро соҳиб шудам.

Малика шармида сурх шуд ва мавзӯъи сӯҳбаташонро дигар кард.

- Мехоҳам дар саҳни ҳавлӣ гул корам, чӣ маслиҳат медиҳед?

- Ман туро иҷозат намедиҳам. Аз кадом навъи гул туро писанд аст, бифармо! Худи пагоҳ оварда мешинонам. Ту дастатро ба хоки сиёҳ назан, ин кори мард аст.

- Дар хона тухмиашро дорем, метавонем бегоҳ рафта орем?

- Бегоҳ рафта кори имрӯзаамро идома медиҳам, вале аввал ба хонаатон рафта, тухми гулро бо худ мегирам. Чӣ ном дорад гул ва тухмаш дар куҷост?

- Ба модарам фаҳмонед, худашон медонанд. Ман танҳо ҳамон гулро дӯст медорам ва мепарварам.

Бегоҳ Чиркинак ба хонаи ҳамсараш рафт ва пас аз аҳволпурсӣ хоҳиш кард, ки барои тухми гули Малика омадааст. Модарарӯс дар коғаз тухми гулро бароварда дар дасти домодаш дод. Тухмиро дар киса гузошта, боз ба назди Раис рафт. Лойро хеле омехт, андарунаш хеле роҳ гашт. Лойро дар боло, дар ҷои пештар омодакардааш кашид ва болояшро бо полиэтилен маҳкам пӯшид.

Раис гоҳ-гоҳ ба амалҳои Чиркинак зеҳн мемонду сифати корашро дар худ баҳо медод. Ҷавон бошад аз нав хок канд ва то як поси шаб боз об овард.

- Қолаб дорӣ? - пурсид раис вақти гусел.

- Дорам, ду намуд. Ҳардуяш ҳам аз рӯи стандарт.

- Ин боз стандартро медонистааст, - хандид Раис, - стандарти бозор ё сохтмон?

- Сохтмон албатта. Барои сохтмони хона беҳтар мебуд аз хишти майда истифода кунед.

- Деворро ҳам худат мезанӣ? Агар ягон ёрдамчӣ лозим бошад, марҳамат, даъват кун. Панҷоҳ ҳазор ба гуфтан осон.

- Метавонам хиштҳои хушкидаро якбора девор занам, бо ин роҳ кор ҳам авҷ мегирад, ҳам барои хушконидани хиштҳои нам ҷой холӣ мешавад.

- Аввал бинем, ки сифати хиштҳоят чӣ гунаанд ...

Чиркинак ба хона расиду як сатил оби сардро дар сараш рехт.

- Дер кардӣ писарам? Худатро дар азоб намон, - гуфт модараш, - эҳтиёт кун.

- Хуб модарҷон, минбаъд барвақттар бармегардам. Дар наздатон Малика ҳаст, дилам тинҷ.

- Малика не, Маликабону, - модараш дасташро ҷониби арӯс дароз кард, Малика дасти модарро гирифт.

ИНЧУНИН, ХОНЕД:

ХУШДОМАНАМ ТАЛОҚАМРО ДОД, ЧӢ КОР КУНАМ?

- Ман дар ҳамин ҷо, модарҷон.

- Раҳмат духтарам, - модар дасти арӯсро раҳо намекард, сипас ба Чиркинак муроҷиат кард - ин кас имрӯз бароям китоб хонданд, чунон пурмазмун, ки ҳаловат бурдам. Кош чашмонам бино мешуданду давомашро мехондам.

- Давомашро хонам? - пурсид Малика.

- Соат чанд шуд?

- Нав ёздаҳ.

- Не духтарам, дер шуд, хӯроки шавҳаратонро диҳед, садқатон шавам.

Малика дастурхонро дар назди модар густурд. Ӯро низ ба хӯрок даъват кард. Модар як-ду луқма аз хӯрок гирифт. Ҳар гоҳ хӯрок ба даҳон мебурд "ба нияти шифо" мегуфт. Бечора модар мехост ҳаёти хушбахтонаи писару арӯсашро бо чашмони худ бинад. Бештар аз ду сол мешавад, ки чашмонаш нобино гаштаанд. Вале чӣ чизаш дар куҷо - хуб дар хотир дорад. Арӯсаш ба ӯ кӯмакрасон шуд, хӯрок мепазад, куртаҳояшро мешӯяд, ҳавлиро ба тартиб меорад... Арӯс не, духтар. Балки беҳтар аз духтар. Ҳозир духтар медошт, шавҳар мекарду мерафт. Аз аҳволи модар ҳафтае ё моҳе як маротиба хабар мегирифт. Арӯсаш бошад, ҳамеша дар бараш. Ҳатто имрӯз ӯро ба кӯча баровард. Дар паси дарвоза курсӣ гузошт, соате аз ҳавои кӯча нафас гирифт. Ба саломи чанд роҳгузар алейк дод. Ҳарчанд намешинохт, ки кист, аммо аз овозашон кӣ буданашонро дарк кардан мехост.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД