Arzon march 2024
Хушдоманам талоқамро дод, чӣ кор кунам?
27.05.2023
ОИЛА
1763

Саломи худро ба кулли хонандагони ҳафтанома мерасонам. Соли гузашта тавассути яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуда будам.

Оҳиста- оҳиста дӯстиву рафоқати мо ба муҳаббат печид. Ин ҷавон баъди аз наздик бо ман вохӯрдан изҳори муҳаббат ва пешниҳоди издивоҷ кард. Тақдиру насиб будаасту мо зану шавҳар шудем. Мутаассифона, хушбахтиам дер давом накард. Шавҳарам баъди 5 моҳи издивоҷ роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт. Гуфт, ки маро дӯст дорӣ, тоқат кун. Хизмати очаву хоҳаронамро кун! Ноилоҷ розӣ шудам, чунки дӯсташ медорам. Аммо бо ҳамин қадар сабуриам хоҳари аз шавҳар ҷудо шудаи шавҳарам ҷонамро ба нӯги биниам овардааст.

Мо ҳар рӯз як бор ҷанг мешавем. Дирӯз ҳангоми хӯрокпазиам даъво намуд, ки чаро куртаамро дарзмол накардӣ. Гуфтам, ки ман кор дорам. Қаҳраш омаду деги хӯрокро чаппа кард. Ман ҳам асабӣ шуда, деги каме хӯроки гармдоштаро сӯяш ҳаво додам. Хӯроки гарм ба чанд ҷойи рӯяш парид. Хоҳаршӯям ба акояш занг зада, маро туҳмат кардааст. Хушдоманам ҳам мегӯяд, ки туро ба ҷойи шавҳарат талоқ додем, баромада рав.

Ба шавҳарам занг зада гуфтам, ки ман чӣ кор кунам. Мегӯяд, ки дилашонро ёбу тоқат кун. Ман бошам, дигар сабр карда наметавонам. Аммо шикасти бахтамро ҳам ҳаргиз намехоҳам. Дар ин дуроҳаи қисмат чӣ маслиҳат медиҳед?

Ш., аз шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
БОЛТАЕВА МАРХАБО АЗ ШАХРИ ХУЧАНД. 2023-05-28, 21:15
АЙБИ КАЙНСИНГИЛ У АЗ ШАВХАР ГАШТАГИЯН ХАМУН КУРТАША ХУДАШ ГАЗМОЛ КУНАТ ДАСТАШ НАМЕШИКАНАТ БАРОЙ ХАМУН АЗ ХОНИ ХУДАШ ГАШТА ОМАДА АКНУН ДОДАРИ ХУДАША ХОНАША ВАЙРОН КАРДОСТ ШУМО ХАМ КИЛИН АСАБАТОН ВАЙРОН ШАВАТ АСТАФУРЛО ГУЙТ БУД ОВКОТА ДИГАШ КАДИ НАГУРОНИТ КАЙНОТОН ТАЛОГ НАТИЯТУ ХАРДУЯТОНА МУРОСАБА АНДОЗАТ ЧИЗ БОШАТАМ СОЛ ДИДА ХАСТАН ПИСАРА ХОНАША ВАЙРОН КАРДА ЧОМЕКУНАТ ШУМО КЕИЛИН ХАСТИТ АЗ КАЙНОТОН ХАМ УЗУР ПУРСИТ ЗИНДАГИБА ХАМА КОР МЕШАТ ВАЗНИН ШУДАН ДАР КОР САНГИ ВАЗБИНА ОБ НАБУРДАСТ ХОХАРЧОНИ АЗИЗ
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД