arzon replenishment
Асрори зиндагии Саттор Турсун
3002

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, устод Саттор Турсун аз тамоми адибону қаламкашони тоҷик ба куллӣ фарқ мекунад. Симои ашрофона ва гуфтори омиронааш ба ӯ салобати хосеро ато намудааст ва на ҳар кас ҷуръат мекунад бо ин марди ҷиддии ҳамеша ороставу перостаи хушсалиқа баҳсу мунозира намояд. Муаллифи асарҳои машҳури «Камони Рустам», «Се рӯзи як баҳор», «Санг дар бағал ба тӯфон» ва даҳҳо повесту ҳикояҳои ҷолиби дигар Саттор Турсун дар зиндагӣ чӣ гуна мард аст? Ӯ чанд зану чанд маъшуқа дорад?

Саттор Турсун ба бонуи дӯстдоштааш аз хориҷа чиҳо туҳфа меорад?-Ин саволҳои бехигӯширо аҳли қалам ва дӯстдорони адабиёт тез-тез ба ҳамдигар медоданд, вале касе ҷуръат намекард асрори зиндагии ӯро ҷӯё шавад. Хушбахтона, ҳамсари ин марди наҷиб Ҷавҳар яке аз ҳамқаламони фаъоли мо буда, нигоштаҳояш бо номҳои мустаори Лолаи Саидакбар ва Дилошӯб дар «Оила» ба табъ мерасанд. Барои ҷавоб гирифтан ба суолҳои боло, мо хонум Ҷавҳарро маҳкам қапида дар бораи Саттор Турсун пурсидем.

-Хонум Ҷавҳар, шумо бо устод чӣ гуна шинос шудед?
-Ман аз айёми ҷавониам мухлиси ашаддии ин нависанда будам. Тамоми асарҳои Саттор Турсунро мехондам. «Се рӯзи як баҳор»-и Саттор Турсун ҳамеша дар таги болинам буд, шабҳо то саҳар ҳамин асар ва «Косаи давр»-и Абдулҳамид Самадовро гаштаю баргашта мехондаму мехондам. Боре аз деҳа ба шаҳр омада дар хонаи як хеши наздикамон меҳмон шудам. Дар сари дастурхон аз гап гап баромаду шавҳари хешдухтарам, ки суханвар ва бо адибон ҳамнишин буд, гуфт: «Ҷавҳар, то кай ҳамин хел танҳо мегардӣ, биё туро ба шавҳар диҳем. Зани Саттор Турсун шудан мехоҳӣ?» Ман ин гапро шӯхӣ пиндошта, ҳазломез ҷавоб додам: «Агар Саттор Турсун маро ба занӣ бигирад, 70- сола бошад ҳам, не намегӯям!» Шояд кадом фаришта омин гуфт, ки ҳамин ҳазл боиси ба ҳам пайвастани риштаи тақдири мо гашт.

-Дар вохӯрии аввал Саттор Турсунро чӣ гуна дарёфтед?
-Имрӯз мардум мухлиси сарояндагон ҳастанд, вале он солҳо кумири мо шоиру нависандагон буданд. Нависандаи дӯстдоштаам дар назари ман мисли пайғамбар дастнорас менамуд, вале тақдир ман барин як духтараки деҳотиро бо ин марди шуҳратёр рӯ ба рӯ кард. Дар вохӯрии аввал дарёфтам, ки Саттор Турсун марди қавлу амал аст ва мо ҳатман оила барпо мекунем.

-Шумо як духтари деҳотӣ, Саттор Турсун бошад, марди машҳуре, ки ними ҷаҳонро гаштааст. Зери як бом зистани ду инсоне, ки дунё, тарбият ва арзишҳои маънавиашон аз ҳамдигар куллан фарқ доранд, душвор набуд?

-Душвор буд. Иқрор мешавам, ки вақте зани Саттор Турсун шуда аз деҳа ба шаҳр омадам, бисёр чизро намедонистам. Либоспӯшӣ, ороиши мӯй, дар маърака ва тарабхонаҳо нишастан, бо вилкаву корду қошуқ хӯрок хӯрдан, хулоса тарзи рафтору зиндагии шаҳриро Саттор ба ман ёд дод.

-Марди зандида будан ва аз ҳамсари пештарааш фарзанд доштани Саттор Турсун шуморо нороҳат намекард?

-Вақти ҳамсари ӯ шудан ман ҳам як ҷавонзани аз бахти аввал наосуда ва модари ду фарзанд будам, чӣ қадар гарон будани хонавайрониро хуб медонистам. Саттор Турсун пеш аз ман якто не, ду зани дигар дошт, вале ин ба хушбахт шудани мо монеъ нагашт.

-Аксари мардҳо зани дуюмашонро бо зани якумашон муқоиса карда, ба асаби зан мерасанд…

-Хушбахтона, Саттор чунин одат надорад. Пеш аз ман вай ду зани дигар гирифта бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ дар бораи ягон занаш ҳатто як сухани бад нагуфтааст. Аз ҳамин хотир ман ӯро эҳтиром мекунам ва нисбати зану фарзандонаш заррае нафрату бадбинӣ надорам. Фарзандонаш босавод, бо маърифат ва бисёр меҳрубонанд. Ману бачаҳои Саттор мисли дӯстони ҷонӣ ба ҳамдигар розӣ дил мегӯем, ҳазлу шӯхӣ мекунем. Бо ҳамсари дуюмаш Фарангис дугона ҳастем. Фарангис аз Амрико ба Тоҷикистон омада буд, ман ӯро ба меҳмонӣ даъват кардам.

-Рашкатон наомад?

-Аслан ман кам-кам рашк дорам, вале ба собиқ занҳои Саттор не.
-Устод чӣ?
-Саттор рашк надорад, мегӯяд, ки агар ба зан боварӣ надошта бошӣ, беҳтараш бо ӯ зиндагӣ накун.

-Фарзандони шуморо чӣ хел қабул карданд?

-Бисёр хуб. Духтарамро мисли духтари худаш дӯст медораду эрка мекунад, ҳар чи гӯяд, аз таги замин бошад ҳам, ёфта меорад. Муносибаташ бо писарам ҳам бад нест.

-Асарҳои Саттор Турсунро ҳанӯз замони шӯравӣ ба чандин забонҳо тарҷума карда буданд. Устод бо нӯги қалам боигарии зиёд ҷамъ кардагистанд?

-Ман бо Саттор Турсун ҳамхона шудам, бо пулу мол ва дороияш не. Вақте ки мо зиндагиро оғоз кардем, танҳо як миз доштему як диван, ҳатто гилем надоштем, ки ба фарши хонаамон партоем, чунки ҳамсари пештарааш ҳама ҷиҳози хонаро бурда буд. Аммо ман боварӣ доштам, ки ин марди қавиирода боз қоматашро рост карда, соҳиби ҳама чиз мешавад. Шукри Худо, имрӯз зиндагиамон осуда аст, аз ягон чиз танқисӣ намекашем.

-Чароғ (лампочка) сӯзад, қубури об кафад, устод таъмир карда метавонанд?

-Шавҳари ман ба ғайр аз коғазу қалам дигар дасташро ба ягон чиз намезанад.


 МАРДИ 440 КИЛОГРАММА ЗАН МЕҶӮЯД


 Лампочкаро худам иваз мекунам, дар шиканад, усторо ҷеғ мезанам. Мо электрики худамонро дорем, устои мошини худамонро дорем, мушкиламонро ҳамонҳо осон мекунанд. Ҳаққи хизматашонро ду баробар зиёд медиҳед, як бор занг задан кофист, ки расида оянд. 

-Тасаввур кунед, ки қубури об кафид. То ба усто занг мезанеду ӯ расида меояд, ки хонаи ҳамсояҳоро об зер мекунад. Дар ин ҳолат чӣ кор мекунед?
-Як маротиба айнан чунин шуда буд. Дар мактаб дар дарс будам, ки Саттор занг зад. Гӯширо бардорам: «Ҷавҳар давида биё, ки об рафта истодааст, ман намедонам чӣ кор кунам» гуфт. Дартоз омада обро аз қубури асосӣ маҳкам кардам, баъд ба усто занг задам. Хайрият, ки ҷойи корам дар наздикии хонаамон аст.

-Ҳамроҳ ба бозор раведу бори зиёд харед, вазнинашро устод мебардоштагистанд?
--Эҳеееееее! Вазнинашро ман мебардорам.
-Халтаи картошкаро дар сари китфи зан ҳатто тасаввур кардан душвор аст….
-Картошкаву пиёзро як дӯсти шавҳарам бо мошинаш бо халта меорад, дигар майда-чӯйдаҳои рӯзгорро худам аз бозор харида меорам. Маърака дошта бошем, худи Саттор харид мекунад.

-Аксари мардҳои тоҷик дар ошпазӣ аз занҳо ҳам моҳиртаранд, чунон таомҳое мепазанд, ки мазааш як умр аз даҳони кас намеравад. Устод дар хона хӯрок мепазанд?
-Танҳо як маротиба хӯрок пухта буд. Ҳеҷ аз хотирам намеравад, рӯзи хунуки зимистонӣ буд. Аз кор хаста баромада, раҳораҳ дар фикри он будам, ки ҳозир ба хона рафта чӣ пазам. Дарро кушодан баробар бӯйи хуши хомшӯрбо ба машомам расид. Чунон форам буд, ки ногуфтанӣ. Лаззати ҳамон хомшӯрбои Саттор то ҳол аз ёдам нарафтааст.

-Хӯрокатон дер шавад, ҷанҷол намебардоранд?
-Саттор марди пурхӯр нест, ҳеҷ гоҳ барои шикам ҷон намекоҳонад. Хӯрок дер шуд гуфта ягон бор ҷанҷол накардааст. Як намуди оши туппаро нағз мебинад, ки дар зодгоҳи ў бо номи туппаи кӯлобӣ машҳур аст. Гоҳ-гоҳ хоҳиш мекунад, ки барояш оши туппа пазам.

-Шумо ба деҳа меҳмонӣ равед, шавҳаратон чӣ мехӯрад?
-Гӯшт бирён карда мемонам, то омаданам кам-кам ҳамонро мехӯрад. Ман ҳар саҳар хӯроки ӯро дар рӯйи миз тайёр карда мемонаму баъд ба кор меравам. Як рӯз гузоштани равғани зардро фаромӯш кардаам. Дар кор будам, ки занг зада пурсид: «Ҷавҳар, дарс дорӣ?» Гуфтам, не. Гуфт, вақти холӣ дошта бошӣ, панҷ дақиқа ба хона биё. Боз ягон фалокат рӯй додагист гуфта саросема омадам. Шавҳарам оромона «Ҳамон равғани зардро аз яхдон гирифта те!» гуфт. Аз яхдон, ки дар паҳлуи мизи хӯрокхӯриамон аст, маскаро гирифта додам. «Акнун ба ту ҷавоб, метавонӣ аз паси корат шавӣ» гӯён, ба сари миз нишаст. Вақте ба мактаб баргаштам, ҳамкорон бовар накарданд, ки шавҳарам танҳо барои маскаро аз яхдон гирифта додан маро ба хона ҷеғ задааст.

-Худро «Робыня Изаура» тасаввур намекунед?
-Не, хизмати шавҳар барои зан ҳам фарз асту ҳам суннат. Модарам падарамро ҳамин хел эрка мекарданд, шояд аз ҳамин сабаб ман ба шавҳар хизмат карданро як кори муқаррарӣ мешуморам.

-Устод дар либоспӯшӣ хушсалиқа ҳастанд. Ҳамеша тозаву шинам мепӯшанд. Шумо дар интихоби либос ба он кас кӯмак мекунед?
-Худаш интихоб мекунад, ман танҳо баъзе маслиҳатҳо медиҳам. Саттор ҳеҷ гоҳ ба бозор либосхарӣ намеравад. Фақат аз мағозаҳои фирмавӣ либосҳои ба қавли худаш «бренд»-ро харида мепӯшад. Хориҷа равад, якбора 10-15 курта ва чанд шиму костюм мехарад.

-Аз хориҷа ба шумо чӣ туҳфа меорад?
-Саттор марди олиҳиммат аст, чизҳои камназирро дӯст медорад. Сангҳои хушрӯ, тилловорӣ, умуман қиматтарин зару зеварро харида меорад.

-Саттор Турсун маъшуқа дорад?
-Занҳои зиёде занг мезананд. Боре Саттор телефонашро дар хона фаромӯш кард. Аз як рақам пай дар пай СМС омадан гирифт. Ҳисси кунҷкобиам боло гирифту паёмакҳоро кушода хондам. Зане ба шавҳарам изҳори муҳаббат карда, суханҳои меҳролуд навиштааст. Азбаски ман он занро хуб мешинохтам, занг зада, ду- се гапи обдор гуфтам. Аз байн чанд вақт гузашту ҳамроҳи шавҳарам ба як маърака рафта боз ҳамон занро дидам. Саттор дар бехи гӯшам пичиррос зад: «Ҷавҳар, ту панҷ дақиқа рӯятро ба дигар тараф намегардонӣ?» Ҳайрон шуда пурсидам: “Чаро?” Гуфт: “Ман рафта бо ӯ салом кунам, ки номардӣ мешавад”. Рӯямро гардондам, ҳардуяшон салому аҳволпурсӣ карданд.

-Назари шавҳаратон ба нигоштаҳои Шумо чӣ гуна аст?
-Ба таърифи Саттор сазовор гаштан кори осон нест. Мабодо ягон навиштаам маъқул шавад, мегӯяд: «Э тараққӣ кардаӣ-ку, занак!» Баҳояш ҳамин аст. Шеърҳоямро баъзан таъриф мекунад. Боре як шоири шинохта бо тамасхур гуфт, ки вақте ду эҷодкор зери як бом зиндагӣ мекунанд, яке дар сояи дигарӣ мемонад, мисли оне, ки ту дар сояи Саттор мондӣ. Гуфтам, ман афсӯс намехӯрам, балки ифтихор мекунам, ки дар сояи Саттор Турсун ҳастам.
-Маълум мешавад, ки аз зиндагиатон бо Саттор Турсун розиед?

-Албатта! Баъзан бо шӯхӣ мегӯям, шукри шӯхиҳои қисмат, ки туро дода ба ман!
-Кадом хислатҳои устод ба шумо писанданд?

-Марди идеалие, ки ман умре меҷустам, ҳамин Саттор Турсун аст. Дар замони мо марди ҳақиқӣ кам аст. Марде, ки ҳамеша рост гӯяд, дилу нияташ нек бошад, суханаш бо рафтораш мутобиқат кунад. Саттор ана ҳамин хел мард аст.
-Ҳамеша чунин хушбахт бимонед!
Мусоҳибон: Фирӯза Сатторӣ ва Одили Нозир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД