new banner new years
Афзалшоҳи Шодӣ: Ман аз нав зинда шудам!
8491

 

Ҳар кас, ки гирифтори дарде шуд, худаш медонаду боло Худо. Аммо ҳолпурсии назикон ва мухлисон ба одам ҷон мебахшад, мегӯяд артисти хизматнишондода, директори Филармонияи Давлатии Тоҷикистон, устоди ҳунар Ҳоҷӣ Афзалшоҳи Шодӣ.

Чун хабар ёфтам, ки Афзалшоҳӣ Шодӣ аз Олмон баъд аз ҷарроҳӣ баргаштааст, фавран ба аёдати ӯ шитофтам. Бори аввал бо он кас ҳамсӯҳбат мешудам. Тарсидам, ки маро қабул намекунад. Чун ба ӯ гуфтам, ки аз сомонаи ОИЛА ҳастам, хурсанд шуд. “Сомонаи ОИЛАро дӯст медорам, бисёр сарояндагони Тоҷикистон маҳз ба воситаи ҳафтаномаи “Оила” шӯҳрат ва маҳбубият пайдо карданд”- изҳор намуд Афзалшоҳи Шодӣ.

-         Устод, ба хайр бошад шуморо

-         Шукр. Тани гарм бедард намешавад.

-         Кай аз Олмон баргаштед?

-         Ду рӯз пеш омадам. Аввал ба Тошкент парвоз кардам ва аз он ҷо ба Душанбе омадам.

-         Мегӯянд дар Олмон ҷарроҳиро аз сар гузаронидед.

-         Бале, бори дуюм аст, ки ҷаррорҳӣ мешавам. Худо ҳеҷ касро бемор накунад. Он чи ба сарам омад худам медонаму худо. Ташаккур ба табибони олмонӣ ва ҳамаи онҳое, ки маро дар ин рӯзи сахт дастгирӣ карданд. Чанд моҳ азоби сахт доштам. Ҳолам ба дараҷае бад шуд, ки вақтҳои охир ҳатто суруд хонда наметавонистам. Дарди шадид ҷонамро ба лабам оварда бошад ҳам, беҳолию бемадориамро нишон надода, тамоми бинои филармонияро бо кӯмаки дӯстонам таъмир кардам ва чанд нафар шогирдонамро барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ омода сохтам. Дард рӯз то рӯз пуршиддатар шуд ва билохира маҷбур шудам, ки ба беморхона равам. Табибони тоҷик бемориамро аниқ карданд ва гуфтанд, ки табибони Олмон онро метавонанд табобат кунанд. Ба ин хотир ба Олмон рафтам. Ман аз табибони Олмон қоил шудам. Онҳо ба ман умри бубора бахшиданд.


Шираи камол дар табобати зардпарвин таъсири бисёр хуб мерасонад. Шилми камолро ба андозаи як донаи нахӯд дар байни дилаи нон гузошта ба духтаратон хӯронед.

 


-         Ҳоло вазъи саломатиатон хуб аст?

-         Шукр, ки хуб аст. Ба сабаби беморӣ ба чанд кишвари Аврупо Франсия, Англия, Нидерландия сафар гардам. Ҷаҳонгашта ҳам шудам.

-         Касе аз дӯстон ба аёдататон омад?

-         Беле, омаданд. Дӯстон аз Аврупо, аз сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо омаданд. Ба ҳамашон ташаккур.

-         Беморӣ халал ба кори эҷодии шумо намерасонад?

-         Ҳунарманд бо халқ зинда аст. Аз аёдату дилбардории мардумамон, мухлисон рӯҳи тоза гирифтам. Баъди муолиҷа боз аз пайи эҷод ҳастам. Аллакай дар Суғд як барномаи хуби консертӣ барпо намудам. Нақша дорам, ки дар пойтахт низ барои мухлисонам боз як консерти нав барпо намоям. Умуман, миёнамро маҳкам баста дар хизмати халқу Ватанҳастам.

(Рӯзҳои наздик сӯҳбати видеоии Афзалшоҳи Шодиро пешкаши хонандагони сомонаи ОИЛА месозем)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД