Ҳоло ман таги табақ шудаам гуфта ӯро як лагат задам, модарат афтиду сараш ба чуби кати хоб зада кафид. Ман гумон кардам, ки беҳуш шудаасту ба худ меояд. Барқасд боз назди маъшуқаам рафта чанд соати дигар бо ӯ мондам, чун ба хона омадам модаратро мурда дарёфтам. Аз чаккаи сари кафидааш ҳароҳи хун моеъи сафеде низ мерехт, шояд мағзи сараш буд…
«Худкушӣ»
Мандар ҳолати шок қарор доштам ва гумон мекардам, ки падарам аз шиддати дард ақлашро гум кардаасту ҳазён мегӯяд. Падарам каме хомуш монду боз ба нақлаш давом дод…
- Аз тарс ба дасту поям ларза афтоду аввалин фикри ба сарам омадаро кардам, аввал хуни аз шикофии сари модарат омадаро шӯста тоза кардаму баъд ӯро сари китф бардошта бурда аз рӯйи пул даруни дарё ҳаво додам. Дарёро ту дидаи он дар пойни боғамон ҷорист… Дигар то субҳ хобам намебурд, ҳазорон лаънат ба худам мехондам, хуни рӯйи қолинро тоза кардам субҳ медамид, ки ту бедор шудӣ… Ман берун баромадаму падару модарамро бедор карда гуфтам, ки занам гум шудааст… Як-як ҳамсояҳо бедор шуданд, ман гумон доштам, ки оби дарё кайҳо ҷасади модаратро бурдааст, аммо ман аз саросемагӣ ҷасадро на ба барё балки ба соҳил партофта будаам… Милиса омад ташхисгарон омаданд, намедонам бобоят чӣ карду чӣ монд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба худкушии модарат бовар карданд. Мани қотил аз об хушк баромада бошам ҳам як умр дар оташи виҷдон сухтам, худат шоҳидӣ, ки дигар ёди зан накардам, корам фақат хайру сахо буд, вале…
Баъди шунидани асрори хунини падарам чанд рӯз дар ҳолати карахтӣ қарор доштам, падарам аз олам гузашт, ҳафту чилашро додем, аммо аз чашми ман, ҳатто як қатра об ҳам намерехт. Бахтовар шабу рӯз паҳлӯям буду аммаҳоям гӯё акаашон нею ман мурда бошам болои сарам паст-паст нола мекарданд…
Дидори хешони модар
Оҳиста-оҳиста ба худ омадам, пайвандонам низ ба хонаҳои худ баргаштанд, Бахтовар ҳам акнун кор рафта меомад. Намедонистам вопасин рози хунолудаи падарамро ба кӣ гӯям, аммаҳоям аниқ бовар намекарданд. Ҳар чӣ бодо бод гӯён уқдаи диламро пеши шавҳарам кушодаму гуфтам, ки мехоҳам хешони модарамро бинам. Бахтовар бо даҳони во ба ман нигариста гуфт, “очаҷонаш ман худам ҳамроҳат ба дидори хешони модарат меравам, онҳоро ёфтан душвор нест, дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекунанд, аммо ба қотилии амакам бовар намекунам, шояд аз фарти мондагии асаб ин ҳодисаро бофта бошад?”.
Ман ҳам бо дидаҳои пуроб шояд гуфтаму рӯзи дигар ба деҳа рафтем, аз хушдоманам номи тағою холаамро пурсида Адҳамро назди бобою бибияш гузошта ба деҳаи ҳамсоя роҳ пеш гирифтем. Роҳи кӯҳии пурпечутоб моро ба деҳаи хушманзараи зебое расонд, зимистон бошад ҳам ҳаво офтобии нармак буд. Аз аввалин шахси аз пешамон баромада хонаи бобои Расоро пурсидем, мард мо ҳамсояем гуфта ба мошин нишаст. Мошини мо назди дарвозаи оҳании қуббадори зебое қарор гирифт.
(Давом дорад)
ЗАЙНУРА
Таснифи Нисо ХОЛИД