Аспакмоҳӣ моҳии ғайриодӣ ва ғалатӣ аст. Бо сабаби ба асп монанд буданаш, онро аспакмоҳӣ мегӯянд.
Аспакмоҳӣ барои аз моҳиҳои даранда эмин мондан, асосан дар миёни обсабзҳо зиндагонӣ мекунад.
Тарзи афзоиши ин моҳӣ ҳам аз дигар навъи моҳиҳо фарқ дорад.
Наринаи аспакмоҳӣ тухмчаҳояшро то ба моҳичаҳо бадал шудан дар халтачаи махсуси дар поёни баданаш ҷойдошта нигоҳ медорад.