Хонасӯз
Аҳли хонадон дар ғами бахти сӯхтаи ду духтари хеш хун мегиристанду ба таҳдиди навбатии Алишер он қадар аҳамият надоданд.
Вале дар рагҳои ин ҷавонмарди палид интиқом ҷӯш мезаду аз пайи амалӣ кардани нақшаи наваш шуд…
Зани Аҳмад-Самия ҳамшираи шафқат буд. Алишер як рӯз ба ҷойи кори вай рафта, бо ӯ хеле сӯҳбат карду худро ҷабрдида нишон дода гуфт:
-Муслимаву Гулсима ҳар ду ҷалабанд, шавҳари фисини ту бошад, пеши роҳи апаҳояшро гирифта наметавонад.
Самия то метавонист аз шавҳару хоҳаршӯҳояш пуштибонӣ кард, вале Алишер бо суханҳои дурӯғ ӯро ба худаш моил кард ва вақти рафтан наздаш ду саддоларӣ монда гуфт:
-Барои худат ягон чиз хар!
Самия аз оилаи камбағал буду бо дидани дусад доллар чашмҳояш барқ заданд ва худи ҳамон рӯз рафта, занҷираи тилло харид. Ҳамин тавр дӯстии Самия бо домоди собиқи хонадони шавҳараш ба ишқбозию зино анҷом ёфт. Аҳмад ҷавони бомаърифату ҳалиму меҳрубон бошад ҳам, мисли Алишер доно набуд ва Самия аввал ба пулу чиз ва баъд ба гапдонии Алишер ошиқ шуд.
Оқибат Алишер барои янгаи зани собиқаш хонаи дуҳуҷрагие харида, ба номаш карду ӯро ба никоҳаш даровард. Яку якбора ғайб задани Самия ҳамаро ба ҳайрат овард, Аҳмад ҳамроҳи бародарони занаш ба кофтукоби ӯ баромада, Самияро ёфтанд, вале ҷавонзан беибо гуфт, ки дигареро дӯст медорад. Бародаронаш хостанд хоҳари тардоманашонро зери шатта гиранд, вале Самия гуфт:
-Шавҳари нави ман корманди ҳифзи ҳуқуқ аст ва ҳамааатонро турма мекунад.
Ҳамон шаб дар телефони Гулсима боз паёмак пайдо шуд:“ Зани додаратро никоҳ карда гирифтам!!!”
Гулсима аз палидии Алишер дар ҳайрат буд…
Табиби дардҳо
Мегӯянд, ки вақт табиби ҳама гуна дард аст ва бо гузаштани се сол ғаму ғуссаҳои аз дасти домоди хонасӯз ба сари оилаи Акраму Салима омада низ сипарӣ шуданд… Амирҷон аз карда пушаймон ба назди зану фарзандаш баргашт, Аҳмадро аз сари нав хонадор карданду арӯсаки нав ба бахти хонадон хеле оқилаю закӣ баромад. Алишер аз болои Самия зани ҷавон гирифта, ба ҳавлии падару модараш овард, дар ин байн танҳо Гулсима дар сар ҳавои шавҳар надорад. Ҷавонзан рисолаи номзадияшро ҳимоя карда, дар донишгоҳ кор мекунад ва ният дорад, ки ба қуллаҳои баланди илму маънӣ расад, мо ба ӯ хушбахтӣ орзу мекунем…
Дилошӯб