Давомаш. Қисми аввалашро дар ин ҷо хонед.
Париноз дипломи сурхи Донишгоҳи тиббии хориҷӣ дар даст ба ватан баргашт ва дар клиникаи шахсии падараш ба кор оѓоз намуд.
Падару модари Фарҳод бо нозанине ошиқ шудани писарашонро медонистанд ва бо як ишораи писарашон ба хостгорӣ омаданд. Париноз бо падари угаяш, ки ӯро ба насаби худаш дароварда буду хеле дӯсташ медошт, мисли ҷӯра буд ва гуфт, ки аз пойтахт хостгор меояд.
-Отаҷон, ман мехоҳам, ки худатон ба домодшаванда ва падару модари ӯ маслиҳат кунеду ба як қарор биёед,- гуфт ӯ ба падараш. Гулмурод бо диққат ба духтараш нигоҳ карда гуфт:
-Ту ҷавонро дӯст медорӣ?
- Не, дӯст намедорам, аммо мешиносам, ҷавони бад нест.
Шақоиқи чизпараст мехост духтари як дугонаашро, ки хеле сарватманд буд, келин бигирад, аммо Фарҳод гуфт, ки агар Паринозро барояш хостгорӣ накунанд, тарки ватан мекунад! Шақоиқу Назар ба хонаи қудошаванда дохил шудан замон аз фикраш гашт, зеро хонаву дар хеле боҳашаммат буданд.
Онҳоро назди дарвоза Гулнозу Нозанин ва Гулмурод пешвоз мегирифтанд, чашмони Назар ба чашмони Гулноз бархӯрданду худашро гум кард. Ҳолати Гулнозро Худо медонаду худаш, ба зӯр худашро дошт то наафтад, онҳо меҳмононро ба толори мунаққашу зебои меҳмонқабулкунӣ дароварданду ҳолати Гулноз бад шуд, ӯ худашро дошта натавониста, ба ҳамсараш гуфт, ки ҳамин мард падари Париноз аст.
Париноз, ки ин саҳнаро дидаву дониста сохта буд, бепарво дар ошхона ҷумбуҷӯл дошт. Гулмурод баъди сукути зиёд назди меҳмонон даромад ва аз авзои Назар пай бурд, ки ӯ ҳам Гулнозро шинохта аст.
Баъди сарфи таом чун хостгорон ба мақсад наздик шуданд, ӯ Паринозро даъват карда, назди меҳмонон шинонду асли воқеаро гуфт. Шақоиқ дар ҷои нишастааш карахт шуд, Назар намедонист чӣ бигӯяд, фақат чанд бор узр, узр, гуфту халос…
Меҳмонон баргаштанд, Гулноз ҳама чизу чораи овардаашонро баргардонд, вале баъди як ҳафта онҳо боз омаданд. Ин дафъа Шақоиқ ҳамроҳи Фарҳод, зан аз Гулноз бахшиш пурсиду гуфт, ки Фарҳод писари Назар нест. Агар онҳо розӣ шаванд, нуран ало нур мешавад, духтари шавҳараш хонаву дару боигарии онҳоро соҳиб мешавад. Фарҳод бо сари хам ҳарфҳои модарро гӯш меандохт, аммо Париноз ба хона даромада гуфт:
-Ман ҳеҷ гоҳ ба ҷавоне, ки дар тарбияи як номард ба воя расидааст, ба шавҳар намебароям!
Имрӯз Париноз соҳиби шавҳари хуб, хонаву дари обод ва чор фарзанд аст, тамоми кӯшишҳои падарро барои оштӣ кардан рад кард.