23-юми сентябр Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев 70-сола шуд. Ӯ аз зумраи ҳунармандонест, ки дар театру синамо нақшҳои мондагор офарида, ҳамчун коргардон низ муваффақ гардидааст. Ба муносибати мавлуди ҳунарманд чанд сафҳаи авроқи зиндагиашро варақгардон мекунем.
Филми аввалин
Замони кӯдакии Асланшоҳ ба деҳа кино омад. Вақте шом фаро расид, одамон назди бинои мактаб ҷамъ омаданд. Дар девор матои сафедеро овехта буданд. Ногаҳон ғурроси баланде ба гӯш расиду рӯи парда тасвирҳо ва одамон пайдо шуданд. Асланшоҳ дар ҳайрат буд. Чӣ тавр одамон дар девор гаштугузор доранд? Чӣ гуна чанд нафар дар як пардаи сафед ғунҷидаанд? Барои посух ёфтан ба ин суолҳо оҳиста ба пушти парда рафта, он ҷо низ касеву чизеро надид... Тамошои филм дар зеҳни Асланшоҳ саволҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Баъди пурсуҷӯ фаҳмид, ки номи ин муъҷиза синамо аст...
Чанд сол сипарӣ гардид. Асланшоҳ ҳамроҳи ходими давлатӣ Низорамоҳ Зарифова, ки хешованди наздикашон аст, ба шаҳри Санкт-Петербург сафар карданд. Баъди чанд рӯзи гаштугузор дар ин шаҳри таърихӣ онҳо ба кино рафта, филми “Ҷанг ва сулҳ”-и режиссёри маъруф Сергей Фёдорович Бондарчукро тамошо карданд. Пас аз тамошои ин филм Асланшоҳ, ба хулоса омад, ки ҳатман ҳунарпеша мешавад!
Ҳамин тавр ҳам шуд. Асланшоҳ Раҳматуллоев баъди хатми мактаби миёна озими шаҳри Маскав шуд ва ба Институти умумииттифоқии синамогарон (ВГИК) дохил шуд. Иттифоқи аҷиб он буд, ки устоди ӯ Сергей Бондарчук ва ҳамсараш Ирина Скобсева буданд.
Ҳамин тавр, сарнавишти Асланшоҳ Раҳматуллоев ба ҳунар пайваст.
Дар саҳнаи ҳунар
Баъди хатми ВГИК, қарор буд, ки онҳо дар “Тоҷикфилм” ба кор ҷалб шуда, барояшон студияи махсус созмон хоҳад ёфт. Вале ин амр амалӣ нашуд ва гурӯҳи онҳо пароканда гардид. Асланшоҳ бо чанд нафар ҳамкурсонаш ба Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор пардохтанд.
Асланшоҳ дар саҳнаи ин театр нақшҳои ҷолиб офарид. Аз ҷумла дар намоишҳои «Гамлет», «Корвони бахт», «Ҳодисаҳои ғайриоддӣ», «Гилеми кабуд», «Шоҳ Лир», «Роҳзанон», «Мардон намегирянд», «Вақте шаҳр хобидааст», «Ғуруби Аҷам» ва ғайра маҳорати баланди бозигариашро нишон дода, маҳбуби ҳамагон шуд.
Асланшоҳ Раҳматуллоев на танҳо ҳамчун актёр, балки ҳамчун коргардон низ фаъолият намуда, дар Театри Лоҳутӣ чандин намоишҳоро таҳия намудааст.
Худ мегӯяд: “Соли 1991 Убайдулло Раҷабов Театри намунавӣ-минётурии «Оина»-ро ташкил кард ва маро ба ҳайси коргардон даъват намуд. Аммо ман се сол вақт хостам, зеро гуфтам, бояд худамро ҳамчун коргардон рушд диҳам. Ҳамин тавр, то соли 1994 дар театри Лоҳутӣ мондам. Ҳамчун коргардон чандин намоишҳоро ба саҳна гузоштам, ки тамошобини зиёд доштанд. Аз ҷумла, намоиши “Парвози сабзабаноз”, ки аз ҷониби дӯстдорони театр хуб пазируфта шуд”.
Вале Асланшоҳ Раҳматуллоев ба ваъдааш вафо кард ва ба Театри “Оина”, ки муассис ва роҳбараш Убайдулло Раҷабов буд, ба кор пардохт ва то имрӯз дар ин даргоҳ фаъолият дорад...
“Бархеҳо ҳайрон шуданд, ки чаро аз театри Лоҳутӣ меравам, аммо чун ваъда дода будам, иҷро кардам, - мегӯяд Асланшоҳ Раҳматуллоев - Он замон, кормандони “Оина” аз тарси силоҳдорон дар бинои асосии театр кор намекарданд, балки дар як хонаи дуҳуҷрадор ҷамъ шуда, саҳнаҳо мегузоштанд. Чанде дар ҳамон хона фаъолият кардем ва баъдан бо ёрӣ ва муҳофизати мақомот ба театр кӯчидем. Вале ман аз он ки ба “Оина” гузаштам, пушаймон нестам. Аз сарнавишти хеш розиям.”
Дар олами синамо
Синамо як бахши муҳими фаъолияти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аст. Дар ин ҷода низ, ӯ ҳам ба ҳайси актёр ва ҳам ба ҳайси режиссёр кор карда, муваффақият ба даст овардааст.
Ӯ дар филмҳои «Тӯфон дар водӣ», «Ҳафт домоди дуздидашуда», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Робита» (2 қисм), «Саргузашти Мукаи хурдакак», «Дар ағба напарронед», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар» (6 қисм), «Афсонаҳои нави Шаҳрзод» (2 қисм), «Кумир», «Марди мутааллиқи ду зан», «Қасосгири хурд», «Қош ба қош», «Вақте болои шаҳр борон меборид», «Гумшуда ёфт шуд», «Қӯшатир», «Модар бо мост», «Имтиҳон», «Кӯҳистонӣ», «Бехонаҳо дар касалхона», инчунин филмҳои истеҳсоли дигар давлатҳо «Ҳалима» («Туркманфилм»), «Соати комендантӣ», «Таъмиргар» (киностудияи ВГИК), «Бозгашт», «Тарафи чоруми секунҷа» («Мосфилм»), «Афсарон», «Тақвими интизорӣ», «Захираи тило» (телевизиони НТВ) ва ғайра нақшҳои хотирмон офаридааст.
Ҳамчун режиссёр низ муваффақ буда, мегӯянд, ки филми “Гилеми Кабуд”-ашро ҳамагӣ дар се рӯз сабт кардааст. Худ ин қиссаро чунин нақл мекунад: “Овоза шуд, ки “Тоҷикфилм”-ро ба тобеияти як вазорат мегузаронанд. Ман назди директори “Тоҷикфилм” омадам ва таклиф кардам, ки барои ҳалли мушкилӣ метавонам филме бардорам. Онҳо гуфтанд, пул меёбем ва ба ман се рӯз муҳлат доданд. Вақт кам буд, ман сенарияи намоиши “Гилеми кабуд”-ро аз театр гирифтам. Чун актёрҳо ва либосҳо омода буданд, омодагӣ дидем ва барои наворбардорӣ ба ноҳияи Айнӣ рафтем. Чанд рӯз баъд расонаҳо хабар доданд, ки “Тоҷикфилм” филми афсонавие гирифта истодааст ва ҳамин тавр, масъала ҳал шуд”.
Асланшоҳ Раҳматуллоев дар ҳамкорӣ бо режиссёри маъруф Юнус Юсуфов ду филми мондагор “Марги бегуноҳ” ва “Оворагардон”-ро низ сабт кардааст.
Хушбахтии оилавӣ
Асланшоҳ Раҳматуллоев дар баробари тавфиқ ёфтан дар кор, дар ҳаёфти оилавӣ низ муваффақ аст. Соҳиби 5 фарзанд мебошад. Ҳамсараш Соҷида Раҳматуллоева низ ҳунарпеша мебошад. Қиссаи издивоҷашонро ҳунарманд дар суҳбат ба “Оила” чунин нақл кард:
“Ман баъди аз зани дуюмам ҷудо шудан бо Соҷида, ки нав ба театр ба кор омада буд, шинос шудам. Вай ҳамчун шогирд бо мо кор мекард. Ман ӯро мисли хоҳар дӯст медоштаму ӯ маро мисли бародар. Намоишномаро тайёр кардем, ки дар он Соҷида нақши зани дарвозиро мебозид. Бояд ба лаҳҷаи дарвозӣ гап мезад. Соҷида самарқандист, аз куҷо ин лаҳҷаро медонист?! Ӯро ба хона бурдам, то бо аҳли оилаамон суҳбат карда, лаҳҷаи дарвозро ёд гирад. Як моҳ дар хонаи мо зиндагӣ карда, Соҷида лаҳҷаи дарвозиро чунон ёд гирифт, ки ӯро аз занҳои дарвозӣ фарқ карда намешуд. Рафтору гуфтори Соҷида ба падару модар ва аҳли оилаамон маъқул шуд. Падарам намехостанд, ки ин духтараки меҳрубону хушрафтор бегона шавад. Модари Соҷида ҳам меҳмони мо шуда, оилаи моро маъқул кард ва маро мисли писари худаш дӯст дошта монд. Ҳамин тавр, мо бо дуои падару модаронамон риштаи тақдирамонро бо ҳам пайвастем. Пас аз тӯй ман чунон Соҷидаро дӯст доштам, ки дигар ҳатто як лаҳзаи умрамро бе ҳамсарам тасаввур карда наметавонам”.
Қуллаи 70
Асланшоҳ Раҳматуллоев дар мавриди роҳи тайкардааш дар зиндагӣ мегӯяд: “Ростӣ, нафаҳмида мондам, ки ин умр чӣ гуна гузашт. Умрам бо кори эҷодӣ, бо нақшофариву нақшмонӣ, омӯзишу омӯзонидан гузашт. Ҳар рӯзи ҳаётам як ҳодиса, як лаҳзаи фаромӯшнашаванда ва ё як сафару вохӯрии хотирмон дошт. Албатта, зиндагӣ якранг нест ва доимо хушҳолӣ набуд, аммо аксар ҳодисаҳои фараҳбахш буданд.
Бо вуҷуди ин, зиндагии ман шавқовар гузашт. Бисёр омӯхтам, бисёр дидам, бисёр шунидам. Вақте ки ба қафо нигарам, албатта, хотираҳои хубу ҳодисаҳои хотирмонро мебинам. Гила надорам ва заррае ҳам пушаймон нестам”.
О. НОЗИР