Arzon march 2024
ҶАСАДИ ДУХТАРИ 16-СОЛАРО АЗ КӮҲ ЁФТАНД
2987


Вақтҳои охир ҳодисаҳои нохуши якбора бе ному нишон ғайб задани одамон, махсусан кӯдакон, ноболиғон ва занону духтарон зиёд ба назар мерасанд. Мутаасифона, баъзан ҷасади гумгаштагонро аз ғор, кӯҳу дара ва ё соҳили дарё пайдо мекунанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз дарёфти ҷасади як духтараки 16-сола аз кӯҳҳои деҳаи Зартеғи ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканти вилояти Хатлон хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, духтараки ҷасадаш аз кӯҳ пайдо шуда сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ будааст.

Дар хабар омадааст, ки имдодгарон ҷасадро аз баландии 1500 метр бо як роҳи дурударози пиёдарав, ки бештар аз 5 километр буд, поин оварданд ва ба намояндагони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Левакант супурданд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин духтари 16-сола дар кӯҳ чи кор мекард ва марги ӯ чи гуна сурат гирифтааст.

Дар бораи шахсияти духтари ҷасадаш аз кӯҳ ёфтшуда ва дар рӯйхати гумгаштагон будан ё набуданаш дар хабар чизе гуфта нашудааст. Мақомоти тафтишотӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД