Formula novemver 2024
Арўси ланг (ҚИСМИ 1)
2515

Асал ва Сабур зиндагии тинҷу осудае доштанд. Зану шавҳар дар деҳаи хушманзарае умр ба сар мебурданд, ки мегуфтӣ аз олами афсонаҳо да рўйи замин зуҳур кардааст. Дашту талу теппаҳои сабзу хуррам, чашмаҳои шириноб, дарахтони мевадори гуногун…

Сабур писари ягонаи волидонаш буд, падараш оламро барвақт тарк карда, модари азизаш ўро танҳо ба воя расонида буд. Чун падараш муаллим буд, модар писари ягонаашро ба Донишгоҳи омўзгорӣ дохил кард, то хонда давомдиҳандаи касби падар бошад. Сабур донишгоҳро хатм карду ба деҳа баргашт, кампири Зурафо ба хотири баргаштани писари ягонааш гов кушта, тўй дод. Сабури қоматбаланди зебо дар мактаби деҳа муаллими фанни риёзӣ шуда, ба кор даромад. Духтардорҳо ба ў бо ҳавас менигаристанд, кӣ намехоҳад чунин домоди зебову босавод дошта бошад? Аммо дили Сабурро чашмони зебои Асал ғулом карда буд. Кампири Зурафо духтари додарашро келин карданӣ буд, аммо Сабур ғайри Асал каси дигарро намехост ва бо ў аҳди муҳаббат баста буд.

Баъди шунидани рози дили писари ягонааш кампир зиқ шуд, охир Асал аз оилаи носолим буд, модараш зани хубе буд, аммо падараш…

Шариф шабу рўз менўшид ва занаш Гулмоҳи бечораро зери мушту лагад мегирифт, ба шаробхорагии падарашон нигоҳ накарда, чор духтару чор писари ин хонавода хеле хуб ба воя мерасиданд. Ду духтари калонашро хешу табораш келин гирифтанду писаронаш бошад, мактабхон буданд. Кампир намехост дили писарашро ранҷонад, аз ин рў, дастархон карда, роҳи хонаи Шарифро пеш гирифт. Хешу таборонаш ўро аз роҳ заданӣ мешуданд, аммо кампири Зурафо аз баландии хотири яккаписараш сухан мегуфт. Ўро дар хонадони арўсшаванда хеле хуб пешвоз гирифтанд, Шарифи сияҳмаст сад бор дар хоки пояш худашро кушту гуфт:

- Апаи Зурафо, ман шуморо бисёр дўст медорам, Сабурҷонро ҳам, ў бо падари раҳматияш як себи дукафон аст, ҳамин ду духтарам Асалу Сабо садқаи сари шумо, ҳардуяшро медиҳам ба Сабурҷон, қалинг даркор нест!

Кампири Зурафоро аз ин самимияти Шариф, ки дар вақташ ҷавони нозанине буду баъд ба дарди бедавои майхорагӣ печид, хушаш омад. Ў бо ханда гуфт:

- Не Шарифҷон, ман Асалро келин мегирам.

Сабо дар синфи ҳашт мехонд ва аз ин гапҳои мастонаи падараш хеле гирист, ки ўро шарманда кард. Аммо модараш ўро ором намуд…

Сабо духтари кенҷагии ин хонаводои серфарзанди камбағал буд, аёми хурдсолӣ падараш ўро ҳангоми мастӣ зер карду пояш шикаст. Касе ин сирро намедонад, танҳо модари зор медонист, чун Саборо ба духтур набурданду дар шароити хона табобат карданд, як пояш дардаманд гашт. Духтар ба Асали нозанин бисёр монанд буд, аммо мелангид.

Баъди гузаронидани маъракаҳои хурд, тўйи арўсии Асалу Сабур баргузор гашт. Зиндагии оилаи ҷавон хеле ширин оғоз ёфт, Асал дар як муддати кўтоҳ дили хушдоманашро ёфту мисли духтар ба ў меҳрубонӣ мекард. Аммо умр ба кампири Зурафо вафо накард, ў баъди якуним соли тўйи писараш рўи набераро надида, аз сактаи майнаи сар ин оламро падруд гуфт. Сабур ҳар рўз ба кор мерафту Асал бошад, ба корҳои хона машғул мешуд, ҳавлии зебову боғи дилкушо, гову мол, Асал ба хонаву дараш бисёр зебо нигоҳ мекард. То омадани шавҳараш хўроки дилхоҳи ўро мепухту мунтазир менишаст, зану шавҳар аз сўҳбати якдигар серӣ надоштанд. Аз тўяшон шаш сол сипарӣ мегашт, вале ин ҷуфти зебо соҳиби фарзанд намешуданд. Сабур дар рухсатии тобистонаи меҳнатияшон Асалро ба марказ барои ташхису табобат бурд. Маълум шуд, ки занаш бемориҳои занона ҳам доштаасту дилаш низ бемор будааст. Духтурон тавсия доданд, ки аввал дилашро табобат кунанд, зеро ҳомиладорӣ ва таваллуди фарзанд ба саломатии ў хатари бузурге эҷод мекард. Онҳо бо доруву давои зиёде ба хона баргаштанд ва як сол танҳо дили Асалро табобат карданд. Акнун Сабур дар кори хона ба ҳамсараш кумак мекард.

Як субҳ Сабур аз хоб барвақттар хеста, намозашро хонд, аммо Асал бедор нашуд. “Ҳеҷ гап не, камтар бихобад” гўён, худаш каме ширу нон хўрда, ба кор рафту бегоҳ дертар омад. Ҳавлиҳо нарўфта, гову мол аз гуруснагӣ маос мезаданд, Сабур ба хона даромад, гумон кард, ки Асал бемор шудаасту дасташ ба корҳои хона нарасидааст, аммо…

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД