Arzon march 2024
Арӯси ваҳшӣ
1962

 

Ҳусния, ин духтараки паричеҳраи нозукандом, дар деҳа харидори бисёре дошт. Аммо худаш ба касе дил надода буд. Ихтиёрашро ба дасти волидонаш супорида буд. Волидонаш бошанд, байни хостгорон ҷавони аз ҳама камбағали боодобро интихоб карданд.

Ғайратино зиндагии хоксорона доштанд, ӯ писари нахустини оила буд. Ҷавон низ Ҳуснияро самимона дӯст медошт. Пеш аз ҷашни арӯсӣ ҳарчанд мехост бо духтар вохӯрад, аммо Ҳусния якравӣ менамуду хоҳишҳои ҷавонро иҷро намекард. Ғайрат чандин нафарро бо дархости вохӯрӣ равон менамуду навмед мегардид. Ин хирагии ҷавон ба дили Ҳусния заду аз волидонаш хоҳиш кард, ки фотиҳаашро гардонанд. Аммо падару модараш “фотиҳа муҳри Худо” гуфта, ба гапи духтар эътибор надоданд.

Ба Ҳусния дугонаҳояш маслиҳат медоданд, ки агар як бор бо Ғайрат вохӯрӣ, ҳеҷ ҷоят кам намешавад. Ниҳоят духтар бо шавҳаршавандааш ба мулоқот рафт. Ҳусния бо дугонааш буду Ғайратро низ ҷавоне ҳамроҳӣ мекард. Вохӯриашон бегоҳӣ пеш аз намози шом дар лаби наҳри калони канори деҳа баргузор шуд.

Ин мулоқот ҳафтае пеш аз ҷашни арӯсиашон баргузор шуд. Ҷавон аз шодию фараҳ ҳарфе намеёфт, ки ба духтар гӯяд. Ҳарду хомӯш буданду бо табассум ба ҳамдигар менигаристанд. Танҳо ҳамроҳонашон гап мезаданду хомӯширо садои хандаи онҳо халалдор месохт.

 

Дидори ошиқон

-Барои чӣ то имрӯз маро дидан намехостӣ, Ҳусния,- гуфта, ниҳоят ба сухан оғоз кард Ғайрат.

-Ахд карда будам, ки то рӯзи никоҳ шуморо набинам. Зеро шунида будам, ки агар духтар ҷавони боре ҳам надидаашро гирад, хушбахт хоҳад шуд. Ман ҳам ба умеди хушбахт гардидан ба шумо ҷавоби рад дода будам.

-Наход духтари замони нав ҳам ба чунин хурофот бовар кунад. Охир, ин гапҳо ҳамааш сафсатта аст.

-Ин хурофот нест, эътиқод аст. Наход шумо хушбахтиамонро нахоҳед?

-Ману ту ҳатман хушбахт хоҳем шуд, зеро ҷуфти муносибему мувофиқи ҳамдигарем.

-Умре вафодору содиқ мемонӣ?

-Бале, солҳои дароз, яъне то дами пирӣ аҳду паймонро нахоҳам шикаст. Мӯйсафеди асобадаст шавам ҳам, ишқи туро дар дил мепарварам, азизакам.

-Худо гӯй, ки ба пирӣ расонад. Шумо Маҷнуни ҳақиқӣ будаеду мо бехабар,-гуфта, духтар беғамона хандид.

-Худат ошиқ нестӣ?

-Мегӯӣ, ки ошиқ шавам? Диламро мубталои дарди ишқ гардонам? — гуфта, духтар боз ҳам хандид.

Ин хандаҳо ба дили ҷавон сахт расиданд. Гумон кард, ки дили духтар моили каси дигар аст.

-Ё дилат моили дигар кас аст?

-Агар дилам моили каси дигар мебуд, ишқи ӯро мепазируфтам ва аз они ӯ мешудам. Шумо фикр намекунед, ки байни чандин нафарон ман хостгорони шуморо рад накардам. Пас, оташаке дар ин кунҷи дил будааст-да.

-Худоро шукр, ки муҳаббати мо тарафайн будааст,- гуфта, ҷавон фараҳманду шод гардид.

-Акнун вақти рафтан шуд, моро иҷозат ҳаст?

-Боз андаки дигар ист, азизи дил, ҳарфҳои ногуфтаам бисёр аст.

-Боке нест, шаби арӯсӣ ҳамаашро мегӯӣ.

-Метарсам, ки ҳарфҳоям дар дил ногуфта мемонанд.

-Нияти нек кун Ғайратҷон, ману ту аз ин пас умре якҷояему тамоми ҳарфҳои дилро хоҳем гуфт. Боварӣ дорам, ки боз рӯзҳое мерасанд, ки гап намеёбем ба ҳамдигар бигӯем.

-Кошки ба чунин рӯзҳо расонад Худоҷон.

Хоби даҳшатнок

Ниҳоят дилдодагон бо садҳо орзуву ҳавас дар дил сӯйи хонаашон раҳсипор шуданд. Касе аз ин мулоқоти онҳо огоҳ нагардид. Ва Ҳусния дар дил шод буд, ки чунин ҷавони табъи дилаш дар толеи пешониаш будааст.

Ғайрат ҷавони дидадаро ва қоматбаланду нозанине буд. Ончунон ҳарф мезад, ки сухан озор намеёфт, ҳол он ки шунавандааш. Падару модари духтар низ овозаи дидадарову гапдаро ва ҳалиму меҳрубон будани ҷавонро шунида, аз хостгорони дигар сарфи назар намуданд.

Онҳо мехостанд, ки духтарашон як бурида нони худро бемалол ва беминнат бихӯрад. Аз хонадони сарватманд нон хӯрдан осон нест, мепиндоштанд онхо.

Дар хонадони Ғайратино низ ҳама аз арӯси паричеҳраи интихобнамудаашон қаноатманд буданд. Нахустписари хешро бо сад орзуву ҳавас хонадор карда, ормони дил шикастан мехостанд волидони камбағал. Писари дуюмашон ҳоло даҳсола буду ҳама умедашон ба Ғайрат буд.

Ҳусния шабе хоби даҳшатноке дид.

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД