Arzon march 2024
Арӯси муҳоҷир шавам?
1364

Салом! Ман, ҷавондухтари 20-солаи тоҷик ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам.

Ман дар оилаи камбизоат ба дунё омадаам. Падарам маъюби гурӯҳи якум аст, модарам як сол пеш аз олам гузаштанд.

Бо сабаби вазнинии зиндагӣ ва имконияти иқтисодӣ надоштанамон   натанҳо мо - духтарон, балки писарони оилаамон ҳам натавонистанд баъди хатми мактаби миёна ба ягон донишгоҳ ё донишкадаи олӣ дохил шуда, соҳиби маълумот ва касбу ҳунар гарданд. Ҳоли одами бесавод ба ҳама маълум, як бурда нонашро бо сад ранҷу азоб меёбад. Падарам бо сабаби маъюбиашон дар ягон ҷо кор карда наметавонанд, бародаронам бо мардикорӣ аробаи зиндагиашонро базӯр мекашанд. Мо дар оила чаҳор писару ду духтар ҳастем. Дили хешу табор ба ҳоли падару модарам сӯхт ва ду хешамон духтарҳояшонро бо як тӯяки одии хоксорона ба ду бародари калониам ба занӣ доданд. Ҳоло онҳо соҳиби ду-сетогӣ фарзанд гаштаанд, аммо бо сабаби шароит надоштанашон то ба ҳол бо зану фарзандонашон дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунанд. Азбаски ҳамагӣ 3 дар хона дорем, синну соли ду бародари дигарам ба 30 наздик шуда бошад ҳам, то ба ҳол хонадор нашудаанд, зеро на пуле доранд, ки зан гиранд ва на ҷое, ки занашонро баранд. Тақдири онҳо чӣ мешавад, фақат Худованд медонад.

“Камбағалро дар болои уштур ҳам саг мегазад” гуфтани халқ беҳуда набудааст, апаамро бо сад орзуву умед дар як оилаи хуб ба шавҳар дода будем, аммо ба бахти бадаш баъди соҳиби ду фарзанд гаштан шавҳараш ба садамаи автомобилӣ гирифтор гашта, ҷавонмарг шуд. Ҳоло вай ҳам бо кӯдаконаш дар хонаи падариамон зиндагӣ мекунад. Бовар кунед, шабҳо ҳатто барои ҷойгаҳи хоб партофтан ҷо намерасад.  

Хулласи калом, эҳсос мекунам, ки ман дар ин хона дарди сари зиёдатӣ ҳастам, вале...

Зане чанд маротиба ба хонаамон хостгорӣ омад. Мегӯяд, ки писараш дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва гӯё занашро бо марди дигар тариқи телефон дошта, ҷавобашро додааст. Падару бародаронам маро ба писари ҳамон зан ба шавҳар доданиянд, аммо домод ба Тоҷикистон омада наметавонистааст, гӯё кораш зиёд будааст. Гуфтааст, ки пул равон мекунам, тӯйро гузаронеду баъд билет харида, арӯсро ба назди ман ба Русия фиристед.

Ростӣ, хеле метарсам, чунки пештар ду духтари ҳамсояамон ҳамин тавр надидаву насанҷида, ба бачаҳои муҳоҷир ба шавҳар баромаданд, вале баъди ба Русия рафтанашон маълум шуд, ки яке аз домодҳо нашъаманд будаасту дигараш дар он ҷо зани русу фарзанд доштааст.   Ҳардуяшон ҳам бадбахт шуда, аз шавҳар ҷудо шуданд ва дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ номи бади бевазанро гирифтанд.

Ба модари домод фаҳмондем, ки писаратон ақаллан барои як моҳ ба Тоҷикистон биёяд, як бор ҳамдигарро бинем, суҳбат кунем, вале розӣ нашуд. Баҳона мекунад, ки писари ман дар он ҷо кори сердаромад дорад ва агар корашро партофта биёяд, дигар ӯро ба кор намегиранд. Мо дар бораи домодшаванда чизе намедонем, чунки тамоман бегона ҳастанд. Занашро гӯё бо марди дигар доштанаш рост аст ё дурӯғ, инро намедонем.

Метарсам, ки ҳамаи гапҳояшон дурӯғ набошад. Мабодо аз занаш ҷудо нашуда бошад, нашъаманду майзада бошад ё боз ягон иллати дигар дошта бошад, он гоҳ ман - як духтари камбағали деҳотӣ дар мулки мардум чӣ кор мекунам ва аз кӣ мадад мепурсам?

Ба падару бародаронам гуфтам, ки саросема нашавед, ягон одами дигар пайдо мешудагист, вале онҳо “ин зан тамоми хароҷоти тӯйро бар дӯши худаш гирифтанист, агар туро ба каси дигар ба шавҳар диҳем, аз куҷо барои сарулибос ва ҷиҳози арӯсиат пул меёбем?” гӯён, мехоҳанд бо чашми пӯшида кӯр-кӯрона маро ба марде, ки дар умрам на ягон бор дидаам ва на дар борааш чизе медонам, ба шавҳар диҳанд.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

САВРИНИСО, аз шаҳри Бохтар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД