Arzon march 2024
АРӮСИ ЛАНГ (қисми 2)
29.08.2020
Дилошӯб
4492

Аз ҳисоби ноҳия ба ин ду табиби ҷавон замин ҷудо карданд ва Раҳмат дар ду - се сол хонаи зебое сохт. Соҳиби ду шоҳписари нозанин шуданд. Дар як ноҳия зиндагӣ кунанд ҳам, волидон ҳатто ба дидани набераҳо намеомаданд.

Бо маслиҳати Ҷонон, Раҳмат як рӯз писаронашро гирифта, ба хабаргирии волидонаш рафт ва аз он тараф бо табъи гирифта баргашт.

Ҷонон фаҳмид, ки ӯро пайвандонаш хуб пешвоз нагирифтаанд. Хонуми хушдил чизе напурсида бошад ҳам, дигар дар гӯши шавҳар ҳар шаб аз бобати меҳри волидайн панду андарз намехонд. Волидони Ҷонон Раҳматро мисли писарашон дӯст медоштанду ҷонашонро барои хушнудии ӯ дареғ намедоштанд.

Писари калонияшон Ардашер асосан бо бибию бобояш мезист. Чанд бор амаки Самархуҷа аз домодаш иҷозат хост, ки назди волидонаш рафта, бо онҳо гапзанон кунад, аммо Раҳмат нахост. Падару модараш рӯйи хуш надиҳанд ҳам, Раҳмат зуд - зуд ба хабаргирии онҳо мерафт. Дили падараш оҳиста - оҳиста ба писараш гарм шуду аз бародаронаш ҳам.

Онҳо ба хонаи Раҳмат меомаданду аз меҳмоннавозию меҳрубонии Ҷонон сарашон ба осмон мерасид, авсунҳо ҳам ба хонаи онҳо роҳ ёфтанд. Танҳо кампири модараш ҳеҷ «арӯси ланг» - ро бахшидан нахост, ки нахост…. Агар каме лангидани пояш набошад, Ҷонон худашро пур карда, чунон соҳибҷамол шуда буд, ки аз диданаш кас сер намешуд. Аҳли ноҳия ба ӯ ҳурмату эҳтиром доштанд, дар яке аз хоҷагиҳои пешқадами ноҳия беморхонаи замонавӣ кушода, ӯро сардухтур монданд, вале барои хушдоман ҳамоно «арӯси ланг» буд…

Ҷонон ҳеҷ гоҳ ба хонаи хешони шавҳараш намерафт аз тарси рӯ ба рӯ шудан ба хушдоман, вале дар баробари модараш барои хушдоманаш сару либоси қимматбаҳо харида, бо дасти Раҳмат мефиристод… Аммо онҳо рӯ ба рӯ заданд…

 

Дидори ҷигархор…

Як нимашабӣ ба хонаашон занг зада, хабар доданд, ки падари Раҳматро дар ҳолати бад ба беморхона оварданд. Онҳо ҳарду саркану покан ба беморхона тохтанд. Ҷонон дар чанд соли охир бо хусураш унс гирифта, ин пирамарди ҷиддисимои босаводро мисли падараш дӯст медошт.

 

Ҷонону Раҳмат ва устодашон чӣ қадар талош карданд, вале пирамард дар синни ҳафтоду нӯҳ аз сактаи қалб оламро падруд гуфт. Ҷонон дар ҷанозаи хусураш бори аввал ба хонаи падарии шавҳараш рафт бо падару модараш… Гардани хушдоманашро гирифта гирист. Хушдоман аввал ӯро нашинохт. Баъди шинохтан дигар сӯяш нимнигоҳ накард…

Ҷонон новобаста аз сардиҳои муносибати хушдоман дар тамоми маъракаҳои хусураш бо дастархонҳои пур рафта меомад. “Салом, очаҷон” гӯён, ба кампир салом медод, вале ӯ алейк намегирифт. Ҷонон дар пеши Раҳмат ҳеҷ чиз нагӯяд ҳам, пинҳонӣ ашк мерехт. Наход ҳама хубиҳои ӯ, ҳусну ҷамолу ҳунармандӣ, донишу заковат, писарони нозанин ва обрӯяш ҳеҷ чиз бошад? Наход ҳамин лангидани пойи ӯ ин қадар ҷурми бад бошад? Ба саволҳояш ҷавобе намеёфт бонуи зебо ва аламашро аз гиря мегирифт…

 

Гардиши тақдир

Соли хусурашро доданду хушдоманаш бемор шуд, инсулт кампирро фалаҷ кард. Худованд одамро хору муҳтоҷ накунад. Кампири як вақтҳо гапаш барои шавҳару писару келин қонун, акнун дастнигар шуда буд. Се писар байни худ навбат карда буданду як моҳӣ модарро ба хонаашон мебурданд, аммо Ҷонону Раҳмат дар ҳисоб набуданд, зеро кампир ҳаргиз назди «арӯси ланг» омаданӣ набуд.

Навбати писари миёна расиду занашро бо хурӯҷи дарди гурда ба беморхона оварда, ҷарроҳӣ карданд. Акнун нигоҳубини кампири бемор ба вай мумкин набуд. Ду келини дигар “мо кор надорем, навбаташ аст, нигоҳ кунад” гӯён, поро ба як мӯза тиққонданд ва ана дар ҳамин авҳоли зор кампири бадкини Гултураро Ҷонон рафта, бо мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба хонааш овард. Кампир бо забони гирифта нею нестон кард, вале дид, ки илоҷ нест, хомӯш монд…

Ҷонон кампираки чун чӯби тароша қоқу пушту паҳлӯяш пурзахмро дар муддати ду моҳ гул барин нигоҳ кард. Хушдоманаш акнун мустақилона менишасту хуб хӯрок мехӯрд. Оҳиста - оҳиста забонаш низ кушода гашт. Набераҳояшро ба сандуқи синааш зер карда, мегирист. Бо қудояш дугонаҳои ҷонӣ гаштанд.

Ҷонон ҳеҷ аз хотираш фаромӯш намекунад, ки хушдоман дастонашро бӯсида, гуфт:

- Хока гирӣ, зар шавад, духтарам, Худо ҷони мани ҷоҳила гирад. Хусурат ҳамеша мегуфт, ки ҳусни зани Раҳмат ба хироҷи ҳафт мамлакат меарзад. Ҳунармандию доноияшро намегӯӣ, Худо ба писарам зани шоиста додааст, барака меёбад. Ҳамон вақт дилам об мешуд, ки туро бинам, аммо ғурурам имкон намедод. Одат карда будам, ки гапамро ба ҳама гузаронам. Раҳмат гапамро нагирифту бар қасди ӯ ҳамин гуна рафтор кардам, маро бубахш…

Арӯси ланг панҷ солу шаш моҳ хушдоманашро нигоҳубин карда, дуои ӯро гирифт ва имрӯз худаш султони қалби келинҳост. Беҳуда нагуфтаанд, ки “одам аз дуо сабз мешаваду дили бекина макони сафост”. Пас, биёед кинаҳоро аз сина рӯбем…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД