Бисёриҳо ба дӯстии духтару писар ё зану мард бовар надоранд, вале ман аз курси аввали донишгоҳ бо Заррина ном ҳамсабақам дӯстони наздик будем. Дар симои ин духтари меҳрубон ва покдоман ман гӯё хоҳари худамро медидам ва ягон вақт дар дил нисбати ӯ ягон фикру андешаи бад надоштам, аммо...
Пас аз хатми донишгоҳ ҳардуямон дар як корхона ба кор даромадем. Якҷоя ба кор рафта меомедем ва ҳазлу шӯхӣ мекардем. Тамоми ҳамкоронамон хуб медонистанд, ки мо ҳамсабақ ҳастем ва гумони бад намебурданд, вале..
Рӯзе як ҷавони ношинос, ки хеши наздики яке аз ҳамкоронамон будааст, ба корхонаи мо омад. Ману Заррина бехабар аз мақсади меҳмон бо ҳамдигар шӯхикунон механдидем. Ҷавон ғазаболуд баромада рафту ҳамкорам апаи Дилрабо маро сарзаниш карданд, ки зомини бахти духтар шудам. Он ҷавон бо нияти арўсхушкунӣ омада будаст ва нигоҳҳои моро ба таври худаш фаҳмида, дилсард шудааст. Ин гапро шунида ҳуш аз сарам парид. Худро гунаҳкор ҳис карда, аз Заррина бахшиш пурсидам, вале даст афшонда “тақдиру насиб набудааст” гуфту халос.
Аз байн чанд вақт гузашту Зарринаро ба ҷавони сарватманде фотиҳа карданд, аммо чанд рӯз пас номзадаш дар саҳифаи вай аксҳои ҳамроҳи ман гирифтаашро дида, фотиҳаро гардонд. Бечора духтар аз шарм як ҳафта ба кор наомад. Ба хонаашон рафтам, ки аз ҳолаш хабар бигирам, аммо падару модараш ба ман рўи хуш надода, талаб карданд, ки худамро аз Заррина дур бигирам.
Ман ҳарчанд ягон вақт нисбати Заррина дар дил нияти бад надоштам, вале худамро дар бенасиб гаштани ҳамсабақам аз бахт гунаҳкор эҳсос мекунам.
РУСТАМ