Ширкати “Тоҷик-Эйр” аз кушодашавии хатсайрҳои нави ҳавоӣ дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ва Душанбе-Панҷакент-Душанбе хабар додааст.
Парвоз дар масири Душанбе-Кӯлоб-Душанбе ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат мегирад. Парвози аввалин аз Душанбе ба Кӯлоб рӯзи 15-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Нархи чиптаи ҳавопаймо дар ин масир 350 сомонӣ мебошад.
Парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе ҳафтае се маротиба- рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе сурат хоҳанд гирифт. Аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14-уми январ дар назар аст. Нархи чиптаи ин масир 400 сомонӣ мебошад.
Мусофирон ба Кӯлоб ва Панҷакент бо ҳавопаймои АН-28 парвоз мекунанд.