Мегўянд, ки зан набояд худро таърифу тавсиф кунад. На танҳо ба зан, балки ба мард ҳам ин гуна хислат намезебад, вале ҷойи гап омадааст ва ман қиссаамро аз таърифи худам сар мекунам. Аксарият бар он ақидаанд, ки мардҳо занҳои нокора, чиркинак ва безебро мепартоянд. Акнун фаҳмидед, ки гап сари чӣ меравад? Ман маҷбурам аз он сар кунам, ки ман чӣ гуна зан ҳастам…
Фарзанди кенҷагии як оилаи зиёӣ, духтари нозанини кўча, мактаб ва баъдан донишгоҳ будам. Ҳушу ёдам фақат ба хондан банд буд, ошиқонам зиёд, вале дилам танҳо моили як нафар буд. Самар писари мансабдори сарватманде буд, ман бошам, духтараки шаҳрӣ, вале аз оилаи зиёӣ. Табиатан ин гуна ҷавонон аз табақаи худашон зан интихоб мекунанд, вале Самар ошиқи зори ман буду аз дунболам мегашт. Ман ба ў ба қавле дастак намедодам, вале баъди хатми донишгоҳ хостгоронашро ба хонаамон фиристоду падару модарам аввал ризоияти маро пурсида, баъд ба хостгорон ҷавоби мусбат доданд. Ҳамин тавр, мо зану шавҳар шудем. Хусуру хушдоманам се писар доштанд, онҳо бо писари калонияшон мезистанду хонаҳои мо ду нафари дигарро ҷудо намуданд. Хонаамон дар маркази шаҳр, кушоду барҳаво ва ба тамоми ҷиҳоз таъмин буд. Самар намехост ман кор кунам, аммо ман ба ҷону ҳолаш намонда, ба кор баромадам. Ў гоҳе бо шӯхӣ мегуфт:
- Маошатро чӣ кор мекунӣ?
Ман, ки дар бонки бонуфузе ифои вазифа мекардам, қатъӣ посух медодам:
- Онро ҷамъ карда, барои худам хона месозам.
Шавҳарам ба ҳоли ман хандида мегуфт:
- Ту магар бехонаӣ? Ман зинда бошам, барои ту қаср месозам, занакҷон!
Самар бо ёрии падараш зуд дар зинаҳои мансаб боло рафт ва худаш ҳам тағйир ёфт, шабҳо дер ба хона меомад, ҳамеша аз либосҳояш бўйи атри занона меомад. Вақте аз ў мепурсидам, ки сабаби ин ҳама тағйироташ дар чист, асабиёна дод мезад:
- Ман кор мекунам, дар як ҷо замин харидаам, то барои ту ҳавлӣ созам, дигар ин хел саволҳои аҳмақона надеҳ!
Эҳсос мекардам, ки ў он Самари пешин нест, дўстдориву меҳрубонияш кам гаштаву шабҳо рўяшро тарафи девор гардонда хоб мекард. Аз зиндагиямон се сол гузашта бошад ҳам, соҳиби фарзанд намешудем. Рўзе шавҳарам гуфт:
- Тайёр шав, ба духтур меравем. Ту асло дар ғами фарзанд нестӣ, ман мехоҳам меросхўр дошта бошем.
Ростӣ, аз ин пеш чанд бор назди духтур рафтанӣ шудам, вале Самар корро ба таъхир мегузошт.
Духтур моро муоина карда гуфт, ки ягон иллати ҷиддӣ нест ва бароямон табобат навишт. Бегонагиҳои ҳамсарамро дида, қарор додам, ки пеш аз ҳомила шудану таваллуд намудан бояд хонае бихарам. Ман тамоми пулҳои ҷамъ кардаамро шумурда дидам, ки барои харидани як хонаи дуҳуҷрагӣ мерасад ва бо ёрии писари апаам хонаеро харидорӣ кардам ва инро ба шавҳарам гуфтам. Ӯ бепарво майлаш гуфту баъди рафта дидани хона, “бетаъмиру аз марказ нест” гуфта, каме ғур-ғур кард, аммо ман “мавзеи орому дарахтзор” гўён, ўро ором кардам.
Баъди шаш моҳи табобат ҳомила шудам. Ҳама хурсанду хушнуд буданд, ғайри шавҳарам. Ӯ ин хабарро оромона қабул кард, қаҳрам омад, вале чизе нагуфтам. Тифли батнам чормоҳа шуд, шавҳарам ба ҷойи хуб шудан бадтар шуд, акнун ҳафтаҳо бедарак мешуд. Як шаб субҳ омаду оҳиста дар паҳлуям дароз кашид. Аз баданаш бўйи атри занонаи «Шанел» меомад. Бори аввал дар умрам бо ў ҷанги сахт карда, гуфтам, ки “ҳарому ҳалол ба наздам набиё!”. Ў шаппотие ба рўям зада, гуфт:
- Ман бо зани никоҳиям будам, ҳаром нестам!
Дигар дар ёд надорам, ки чӣ гап шуду чӣ хабар, вақте ба худ омадам, дар беморхона будам. Баъд фаҳмидам, ки бар асари баланд шудани фишори хунам кўдакамро аз даст додаам. Вақте ба хона баргаштам, Самар ба ҷойи узр гуфт:
- Сабо, ман зани дигарро дўст медорам ва назди ў меравам, хонаро бо ҳама ҷиҳозаш ба ту медиҳам. Мо аввал дар хонаи ў зиндагӣ мекунем, баъд ба ҳавлӣ мекӯчем.
Ман чизе нагуфтам ва худи ҳамон рўз ба хонаи худам рафтам. Аввалин коре, ки кардам, каме таъмир намудани хона ва харидани ашёҳои нав буд, писари апаам дар ҳама кор ёвару мададгорам буд. Мешунидам, ки ҳамкоронам аз қафоям гап мекунанд:
Шавҳараш аз болояш зан гирифтааст, зани хуба аз болояш зан мегиранд? Албатта не, Худо медонад, ин нозанин чӣ гуна зан аст, баъзе занҳо фақат худашонро орову торо медиҳанду ба хонаву дару шавҳарашон нигоҳ намекунанд.
(Давом дорад)
Бо эҳтиром, САБО
Таснифи Нисо ХОЛИД