Formula novemver 2024
Аммаҳоям модарамро аҳмақ кардаанд
02.01.2025
ОИЛА.ТҶ
3059

Салом хонандагони азиз! Ман хонандаи синфи 8 мебошам. Аз рӯзе, ки худро мешиносам, ба хонаамон меҳмони зиёд меояд. Шаш аммаву чор амак дорам, онҳо бо навбат ба хонаи мо барои дидорбинии бобову бибии пирам меоянд.

Ҳар гоҳе аммаҳоям ба хонаамон оянд, авзои модарам беҷо мешавад. Аввалҳо сабаби тағйир ёфтани модарамро намефаҳмидам, баъди ба воя расидан, фаҳмидам, ки модарам аммаҳоямро чашми дидан надорад. Вақте аммаҳоям меоянд, дар назди бобову бибиам мешинанду ба модарам фармон медиҳанд, ки ба мо фалон ва ё бисмадон хӯрокро пухта биёр. Худашон бошанд, аз хона баромада, ҳатто як пиёла обашонро намехӯранд.

Модарам як зани дардманд аст, борҳо бемор шуда, дар рӯи ҷойгаҳ афтида буд, касе аҳволашро напурсид. Ҳатто гиря карда, ба бобоям гуфтам, ки “очама ба духтур баред, ҷонаш дар азоб аст”, вале бобоям миҷааш хам нахӯрда, мегӯяд, ки сиҳат мешавад.

Ба модарам чанд маротиба гуфтам, ки “ба падарам занг занед, то аз Русия баргашта, шуморо ба беморхона барад ва моро беназорат нагузорад. Аз чунин зиндагии сагона безор шудем!”. Модарам мегӯянд, ки “падарат бояд кор карда, ҳавлиҳоро обод кунад. Мабодо агар бобову бибиат аз дунё гузаранд, мардум хонаву дарамонро механданд”. Ба модарам гуфтам, “агар шумо аз паси табобати худатон нашавед, бобову бибиам не, пеш аз онҳо шумо тарки дунё мекунед”. Аммо модарам оби чашмонашро пок карда, муҳри хомӯшӣ ба лаб мезад.

Хурд бошам ҳам, азобҳои падарамро ҳам дарк мекунам. Дар ҳавои гарму сарди мулки бегона кор мекунаду пул ҷамъ мекунад, аммо аммаҳоям ҳар ҳафта бо баҳонаи аёдати падару модари пирашон тамоми маҳсулоти хонаамонро хӯрда мераванд. Ҳатто шарм надошта, пеш аз омаданашон ба модарам занг мезананд, ки ягон торти бамаза ё кабобу оши палов тайёр кунад. Боре надидаам, ки аммаҳоям ақаллан як нон аз дар дароварда бошанд. Агар оянду модарам дар пешашон хӯроки болаззат ё ширинии хушмаза омода накунад, қиёмат қоим мешавад. Ҳар моҳ шаш духтар бо навбат нафақаи бобову бибиамро байни худ тақсим мекунанд. Агар ба ягонтояшон камтар расад, ҳавлиро ба сарашон мебардоранд.

Ман ҳайронам, ки онҳо чӣ гуна инсон ҳастанд, ки на шармро медонанду на ҳаёро.

А., ш. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД