formula feb 2025
Тақдири талхи як арӯси сиёҳбахт
11.01.2025
ОИЛА.ТҶ
4556

Салом! Ман як ҷавонзани аз бахт наосуда, мехоҳам тақдири талхамро ба шумо нақл кунам, то ба дигарон дарси ибрат гардад.  

Нозанин ном дорам. Духтари безеб, беҳунар ва бадгашт нестам, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки бахт ба рӯям ҳеҷ намехандад. Ростӣ дар ҷавони талабгорони зиёде доштам, аммо аввал хонда диплом гирам, баъд шавҳар мекунам гуфта, хоҳиши хостгоронро рад мекардам. Падару модарам низ ин фикри маро ҷонибдорӣ мекарданд ва аз тарси он ки баъди ба шавҳар баромадан маро ба тарки таҳсил намудан маҷбур насозанд, ихтиёрро ба худам гузоштанд.

Ҳамин тавр то ман донишгоҳро хатм кардам, ки дугонаҳоям шавҳар карда, соҳиби фарзанд гаштанд. Азбаски мо дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунем, духтарони синну солашон аз 20гузаштаро пирдухтар гуфта, касе талабгор намешавад, ман ҳам ба қавли мардум “пирдухтар” шуда, аз мӯд баромадам. Аввалҳо парво надоштам, зеро соҳиби диплом гашта будам ва кор крада, нонамро бе миннат ёфта мехӯрадам, аммо аз бебахтии ман модарам хуни ҷигар мешуданд. Гапу калочаи мардум модари бечораамро бе корд мекушт, зеро дар ҳар як тӯю маърака ҳаққу ҳамсояҳо сабаби то ҳол шавҳар накардани маро мепурсиданд.

Хулласи калом, барои аз ғайбати ҳамсояҳо халос шудан маро дар синни 23-солагӣ ба як ҷавонмарде, ки аслу насабашро намедонистем, ба шавҳар доданд. Пеш аз тӯй гуфта буданд, ки домод аз занаш ҷудо шудааст, аммо аз тӯямон як ҳафта ҳам нагузашта, занаш дубора баргашт ва рӯю мӯйи мани наварӯсро канда, бераҳмона латукӯбам кард. Фаҳмидам, ки шавҳарам аз занаш 3 фарзанд доштааст ва ақди никоҳашонро то ҳол бекор накарда будаанд. Бе падар мондани 3 тифли бегуноҳро нахоста, тарки хонаи шавҳар намудам.

Пас аз як сол маро ба марди дигаре ба шавҳар доданд, ки дар синну сол аз худам 15 сол калон буд. Ҳамсари ин мард аз дунё гузашта, фарзандонаш бе модар мондаанд. Модарам маро насиҳат мекарданд, ки сари ин кӯдакони бемодарро сила кунам, шояд дар подоши ин некӣ худованд ба ман ҳам фарзанд медиҳад ва соҳиби хонаву дари обод гашта, хушбахт мешавам. Модар ризо-худо ризо гуфта, розигӣ додам, аммо бачаҳои шавҳарам рашк бурда, аз рӯзи аввал маро чашми дидан накарданд. Онҳо бо ман мисли душман рафтор карда, чунон корҳое мекарданд, ки ба гуфтан рост намеояд, махсусан духтаронаш “ин хонаи очаи мо аст, даъф шав баромада рав” гӯён, ҳар рӯз бо ман ҷанг мешуданд, вале ба ҳамааш тоқат карда, ягон бор аз рӯйи фарзандонаш ба шавҳарам арзу шикоят намекардам, зеро намехостам фикр кунад, ки моиндараму барои ҳамин бачаҳояшро дар назараш бад кардан мехоҳам.

Ҳамин тавр муддати 5 сол дар ин хона азоби сагро кашида, оҳиста-оҳиста дили фарзандони шавҳарамро ба даст овардам, аммо тақдир ба сарам боз як балои дигар овард. Шавҳарам дар болоям духтари ҷавонеро ба занӣ гирифта, маро талоқ дод ва бо 2 кӯдаки хурдсол ба хонаи падару модарам оварда партофт.

Дилам аз зиндагӣ ях барин хунук шуда, дигар шавҳар кардан намехостам. Маълумот дорам, касбу ҳунар дорам, худам кор карада ду кӯдакамро мехӯронаму мепӯшонам мегуфтам, аммо падару бародаронам ба ҷону ҳолам намонда, ду сол пас маро боз зӯран ба шавҳар доданд. Шавҳари сеюмам низ як марди занмурда буд ва фарзандони баркамол, келину домоду набера дошт. Фарзадонаш аз аввал ба зангирии падарашон розӣ набудаан д ва ду кӯдаки маро чашми дидан надоштанд. Ошкоро мегуфтанд, ки ба умеди хонаву дари онҳо нашавам, падарашон аз олам гузарад, маро аз дар берун мекунанд. Ва дар ҳақиқат чунин карданд. Ба бахти бади ман шавҳарамро як сол пас мошин зад ва маъракаи оши ҳафти падарашонро нагузаронда, писаронаш маро аз хона ронданд. Ночор боз гирёну нолон ба хонаи падарам баргаштам, вале...

Бародаронам “духтарат се шавҳар карда, моро дар байни мардум шарманда кард” гӯён, бо модарам ҷанг шуданд ва қаҳр карда, ба Русия рафтанд. Онҳо дар назди модарам шарт гузоштаанд, ки то вақте ман дар хона ҳастам, дигар пояшонро ба остонаи дар намемонанд. Ҳайронам, ки чи кор кунам ва бо 3 фарзанди кӯчак, ки хурдиаш аз шавҳари сеюмам аст, ба куҷо равам.

Сарнавишти талхамро ба он хотир нақл кардам, ки падару модарон дар интихоби домод саросема нашаванд ва ба хотири аз таънаю маломат ва гапи мардум халос шудан духтарашонро ба ҳар каси аз пеши роҳашон баромада ба шавҳар надиҳанд, вагарна мисли ман сиёҳбахт ва гапшунави дӯсту душман мегарданд...

М. Д.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД