arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ЯНВАРИ СОЛИ 2025
2090

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шумо вақти худро бо андешаҳои гуногун мегузаронед. Дар бораи худтакмилдиҳӣ то таҳлили хатоҳои гузашта фикр мекунед. Эҳтимол имрӯз шумо шубҳа кунед, ки оё роҳи дурустро интихоб кардед, вақте ки ин ё он касбро интихоб мекардед, ё дӯстону ҳамкорони шумо ба шумо содиқ ҳастанд, ба онҳо бовар кардан мумкин аст? Аммо аз чунин андешаҳо зиёд ғам нахӯред: ҳаёти шумо дар марҳилаи мусбат аст. Бо зиндагии худ ифтихор кунед ва агар имконпазир бошад, бахти худро бо дигарон низ тақсим кунед. Ба мушкилоти худ таваҷҷуҳи зиёд накунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Вақте ки шумо бо монеа рӯ ба рӯ мешавед, аксаран руҳафтодаву ғамгин мегардед. Эҳтимол, имрӯз шумо худро дар муҳити тамоман ғайричашмдошт пайдо кунед. Хуб ё бад будани ин ҳолатро танҳо шумо муайян мекунед. Аммо фаромӯш накунед: баъзан бояд ба таҷрибаҳои нав розӣ шавед. Бо вуҷуди ин, агар хоҳед ки чизе дар зиндагиятон тағйир наёбад, ҳама чиз ба хости дили шумо амалӣ мегардад. Ҳангоми қабули қарорҳо дар бораи он ки мардум чӣ мегӯянд, фикр накунед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Ҷавзо, ҳеҷ мушкиле нест, ки шумо аз дигарон каме фарқ кунед, беҳтараш самимӣ бошед. Шояд ҳамаи ин солҳо атрофиён коре номақбул мекарданд, ва танҳо шумо дуруст амал мекардед? Имрӯз ситораҳо ба шумо тавсия медиҳанд, ки нисбати худ таҳаммулпазир бошед. Ба фоҷиабор сохтани вазъият зарурат нест, ҳама рӯйдодҳои зиндагии шумо тибқи сенарияи дуруст меравад. Беҳтараш ба кори дӯстдошта машғул шавед. Саломатиро дар ҷои охир гузошта, хато мекунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Ин рӯз барои шумо, хеле самарабахш хоҳад буд. Ба шумо лозим аст таҳаммулпазир бошед. Шумо дар як қадами созиши калон қарор доред. Ба рақибон имкон надиҳед, ки ғалабаро аз дасти шумо гиранд. Ҳангоми амалӣ кардани идеяҳо сахтгир, аммо ором бошед. Диққати худро ба корҳое равона кунед, ки метавонад фоидаҳои назаррас биёрад. Баробари ҳис кардани аввалин нишонаҳои бемории зуком дарҳол ба табиб муроҷиат кунед, бо худтабобаткунӣ зарар мебинеду фоида не.

Асад (23 июл-22 август)

Асад, ба назар мерасад, ки дар охирҳои вақт касе зиндагии шуморо "дар ҳолати таваққуф" гузоштааст. Мушкилиҳои корӣ ва душвориҳо дар ҷодаи муҳаббат шуморо руҳафтода месозанд, вале ҳеҷ гоҳ ноумед нашавед. Шояд ин як марҳилаи бозсозӣ бошад. Шумо бояд ба зиндагии наву аҷиб омода шавед. Сюрпризҳои гуворо низ истисно нестанд! Барои гардишҳои ғайричашмдошти корҳои худ омода шавед. Саломатӣ ба шарте ташвиш намедиҳад, ки онро дар ҷои аввал гузоред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Ҳоло зиндагии шумо пур аз бесарусомонӣ аст. Аммо тарсу ҳарос набояд шуморо руҳафтода созад. Баъзан мушкилот барои мо хеле бузург ба назар мерасанд, танҳо аз он сабаб, ки мо наметавонем вазъиятро аз дур дида бароем. Ба ҷои он ки имрӯз ба қисмат шикоят кунед, кӯшиш кунед ҳамаи ҳадяҳои онро бо сипос қабул кунед. Чӣ тавре мегӯянд: "Он чизе, ки моро намекушад, моро қавитар мекунад". Дар ҳама гуна ҳолатҳо боэҳтиёт, вале қатъӣ амал кунед. Шумо иродаи мустаҳкам доред.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Шумо метавонед ҳазорҳо китобҳои оқилонаро хонед, аммо ҳеҷ як аз он ба шумо ҳамон қадар дониш намедиҳад, ки таҷрибаи шахсии худатон додааст. Имрӯз шумо дар ҳолати шубҳанок қарор доред: аз чизе метарсед, ба коре ҷуръат намекунед. Дилпурона амал кунед, шумо медонед, ки чӣ мехоҳед ва комилан метавонед онро амалӣ созед. Пас, чаро худро ба депрессия андохтан лозим аст? Хирадмандии шумо ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳар гуна монеаҳоро паси сар кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Ақраб, дар моҳҳои охир шумо сатҳи касбии худро хеле баланд кардед. Дар лаҳзае шумо қарор додед, ки зиндагии худро беҳтар кунед, ва аввалин комёбиҳо шуморо хушнуд мекунанд! Вақти он расидааст, ки ба марҳилаи дуюми рушд гузаред: аз чизҳои нолозим халос шавед. Ва дар хотир доред: гоҳе на танҳо ашёҳоро бояд партофт. Муҳим аст, ки дар байни атрофиён низ "тафтиш" гузаронед. Яъне аз дӯстони душмансурати худ ҷудо шавед. Хурӯҷ намудани бемориҳои музмин нишонаи он аст, ки масунияти шумо заиф гаштааст, нисбати саломатӣ диққат намедиҳед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Фурсатҳои олиҷанобро аз даст надиҳед. Аз корҳое, ки дар назаратон душвор менамоянд, натарсед, махсусан агар сухан дар бораи коре равад, ки умре дар орзуи он будед. Ҳама кӯшишҳоро кунед, то ин орзу ба воқеият табдил ёбад. Ба пеш, бо ҷасорат бошед! Тамоми имкониятҳои имрӯзро истифода бурда, орзуҳои худро амалӣ карда метавонед. Нафарони муҷаррад низ бояд каме боҷуръат амал кунанд, вагарна бахти худро хеле осон аз даст медиҳанд.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Аз муноқиша бо шахси наздикатон хеле руҳафтодаву маъюс мегардед. Ин гуна ҳолатҳо дар ҳаёт зиёд рух медиҳанд. Барои ислоҳ намудани вазъият чӣ кор кардан мумкин аст? Ҳоло вақти он расидааст, ки бо нафаре ки қаҳрӣ будед, оштӣ кунед. Натарсед, бахшидан ва кинаро аз дил дур карданро ёд гиред. Ин танҳо ба шумо оромӣ меорад. Хафагиҳои кӯҳнаро бубахшед ва рӯзро бо сафҳаи тоза оғоз кунед. Дар ҳавои сард бо шиками гурусна нагардед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Воқеан хеле гуворост, вақте ки орзу ба воқеият табдил меёбад. Ин ба он монанд аст, ки шумо дар вақти лозима ва дар ҷои лозима қарор доред. Оё фикр мекунед, ки ҳама рӯйдодҳо тасодуфӣ ҳастанд? Ҳеҷ гоҳ! Шумо танҳо он чизеро доред, ки сазовори он ҳастед. Пас, вақти он расидааст, ки нақшаҳои нав ва ҳатто бузургтарро созед. Бештар дӯст доред, дӯстӣ кунед, аз эҳсосот ва таҷрибаҳо лаззат баред. Шумо арзандаи ҳаёти беҳтару хубтар ҳастед!

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ниҳоят, худро дар бехатарӣ ҳис мекунед. Ин оромиро барои шумо одамони азизатон таъмин мекунанд. Ҳар гуна мушкилоте, ки рух диҳад, онҳо ҳамеша дар паҳлӯи шумо хоҳанд буд. Онҳо умеди шумо ва дастгири шумоянд. Аз наздикони худ ғофил нашавед. Ба онҳо ғамхорӣ кунед. Рӯзи истироҳатро бо атрофиёни азизи дилатон гузаронед. Сари вақт хӯрок нахӯрдан ва асабонияти зиёд шуморо бемор месозад, ба ҷони худ ҷабор накунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД