Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) ба Туркия сафар карданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
“Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 барои ҷамъомади таълимию тамринӣ дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба шаҳри Анталияи Туркия сафар намуданд”,-омадааст дар хабар.
Дастаро сармураббии тим Марко Раҷини сарварӣ менамояд ва ба ҳайати он 26 нафар бозигарон шомил шудаанд, ки 3 нафарашон дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар мебошанд.
Дар барномаи ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Туркия аз 8 то 24-уми январи соли равон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол панҷ бозии санҷишӣ мегузаронад.