Arzon march 2024
Пушти пардаи бадбахтӣ (ҚИСМИ 2)
1810

Барқасди ҳама гапу гапчаҳо боз ҳам зебову дилоротар шуда, ба кор мерафтам ва худро ба кор мебахшидам. Кордўстиям сабаб шуду бароям мансаби баландтареро лоиқ донистанд.

Хешу табор мегуфтанд, ки “фарзанддор нашуд, овозаи дурӯғ кард, ки ҳомиладор шудам, мардак ҳамин қадар тоқат мекунад”. Ман ба касе нагуфтам, ки ин гуфтаҳои шумо барои ман сахт дардноканд, зеро медонистам, танҳо дўст ба ҷойи аз ҳама дарднокат наштар мезанад. Рафтаму ба мактаби ронандагӣ ҳуҷҷат супоридам ва онро хатм карда, мошин харидам, албатта мошинам чандон қимат набуд, аммо табъамро болида мекард.

Боре ба хабаргирии модарам рафтаму ў бо гиря гуфт:

- Шояд шабҳои дароз гиря мекунӣ? Очаат мирад дар дили дардмандат…

Одамон пушти пардаи бадбахтии ман он чизеро медиданд, ки аслан вуҷуд надошт. Ман намегўям, ки не, ман ғам нахўрдам… Ман ҳам одамам, шавҳарамро сахт дўст медоштам, марди чашм кушода дидаам ў буд, аммо ман ба ғусса ғолиб омадам! Чаро ман бояд шабҳои дароз гиря кунам, вақте ў дар бағали нигори наваш масти хоб аст? Ман кор мекардам, баъди кор ба хона омада, ба корҳои хона машғул мешудам, барои худ хўроки болаззате пухта, китоб мехондам, кино медидам, каме ҳам бошад, дар саҳифаҳои интернет «сайр» мекардам, намозамро мехондам ва ширин мехобидам. Субҳам аз хондани намоз ва нўшидани қаҳваи аълосифат ва тамошои шаҳри ҳанўз аз хоб нахеста аз тирезаи хона шуруъ мешуд.

Дар рўзи мавлудам ҷиянам бароям гурбаяки пахмоқмўе ҳадя кард, ҳамдами рўзу шабам ҳамин ҷонварак шуд. Як рўз аз кор омадам, ки дари хонаам нимроғ ва Самар сари мизи ошхона нишастааст. Ба ў салом додам, ў аз пушаймонияш гуфта, ҳатто гирист:

- Сабоҷон, розӣ шав, худи пагоҳ ба ЗАГС ариза медиҳему никоҳ мекунем, ман садҳо бор аз карда пушаймонам. Худи пагоҳ ба ҳавлӣ меравем…

Ман ба хубӣ ба ў фаҳмондам, ки ин кори намешуданист. Рўзи дигар як усто даъват кардам, усто қуфли дарамро дигар кард. Насим устоди донишгоҳ будаасту фориғ аз дарс ба ин гуна корҳо машғул мешудааст. Насим ҷумаки оби ошхонаро низ дуруст кард, ўро ба чойнӯшӣ даъват кардам. Вақти суҳбат маълум шуд, ки Насим низ нўшидани қаҳва ва тамошои шаҳри ҳанўз хобро дўст медоштааст…

Ҳамсари Насим ҳангоми таваллуди фарзанд вафот кардааст, писаракаш баъди се рўзи аз дунё рафтани модараш ин оламро падруд мегўяд ва шаш сол боз ў зан нагирифтааст. Бо ҳукми қисмат ва амри Худои меҳрубон, мо хонадор шудем, баъди чор сол хонаи орзуҳои худро дар як канори шаҳр сохтем.

Ҳоло вақте духтарчаамонро хоб мебараду гурбаамон чашмони сабзи худро пўшида, ба лоначаи зебояш медарояд, ману Насим ба айвон ба тамошои моҳи оламтоб мебароем ва субҳгоҳон баромадани офтобро тамошо мекунем! Чӣ зебост дунё, вақте чароғи боварат сабз аст!

Сабаби навиштани қиссаи рўзгорам, ҳушдор ба он хоҳаронест, ки пушти пардаи бадбахтӣ мемонанд. Ғуссаро шикаст диҳед, зиндагӣ идома дорад!

Бо эҳтиром, САБО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД