Зуд-зуд карахтшавии даст ё пой, эҳсоси бемадорӣ дар пой, набзи тези дил, фаромӯшхотирӣ - ҳамаи ин ҳолатҳо норасоии тиамин ё витамини В1 дар ҷисм мебошад.
Хира шудани нури чашм, зуд-зуд хаста шудани чашмон, кафидани сири дандон - ҳолатҳои мазкур аз норасоии витамини D шаҳодат медиҳанд.
Зуд-зуд шамол хӯрда, мариз мешавед ва ҳамеша рӯҳафтода, маҳзун, бемадор ва асабӣ ҳастед? Пас дар ҷисми шумо витамини В3 намерасад.
Мӯятон бисёр рехта, пӯстатон хушк шудаасту аз сарчархзанӣ, хоболудӣ ва кундзеҳнӣ азият мекашед? Ҷисми шумо ба витамини В6 ниёз дорад.