Кўдакии ғариб
Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаам. Ҳамагӣ ду сол доштам, ки модарам ин дунёи пур аз шару шурро тарк гуфта, ману апаамро ятим намуданд. Падару модарам ҳарду духтур буданду як ҷо кор мекарданд, аммо баъди вафоти модарам падарам ба тиҷорат гузашта, дар ноҳия чанд дорухона кушоданд. Падарам шабу рўз банди кори худ буданду моро бевазани ҳамсоя нигоҳубин мекард, баъди шаш соли танҳоӣ оқибат падарам ба духтараке хонадор гашт. Ин духтарак дар ҳавлии бошукўҳи мо мисли лӯхтак худро оро дода мегашту парвои ману апаам надошт. Дояи мо ҳамоно бевазани ҳамсоя буд. Падарам писари ягонаи падару модараш будаасту хеле барвақт ятим монда, бибию бобои модариям низ аз олам гузашта буданд, холаю тағо дошта бошем ҳам, аз ҳоли мо хабар намегирифтанд. Ҳоло, ки ба воя расидаам, чун ба даврони кўдакиям назар меафканам, мебинам, ки чӣ қадар кӯдакии ғариб доштам. Агар бигўям, ки касе бо меҳр маро ба оғўш гирифта намебўсиду меҳрубонӣ намекард, хато намекунам. Апаам низ духтари мағруре буду ҳеҷ гоҳ бо ман рози дил намегуфт ва намегўяд, ҳоло ҳамроҳи шавҳараш дар Маскав зиндагӣ мекунаду моҳҳо ба ман занг намезанад.
Дар шаҳри танҳоӣ
Падарам аз синфи ҳаштиям маро ба пойтахт, ба як литсеи бонуфузе оварда монд. Ман аз рӯзи душанбе то шанбе дар хобгоҳи литсей зиндагӣ мекардам, рўзҳои шанбею якшанбе бошад, ба хона мерафтам. Падарам дар Душанбе ба номи ман панҷҳуҷрагии бошукўҳе харида буд, ў сарамро бо меҳр сила накунад ҳам, пулро бароям дареғ намедошт. Зеро зани наваш барояш ду духтар таваллуд карда буду ягона меросхўраш ман будам. Падарам ба хабаргириям меомад, ду – се рўз танҳо бо ҳам зери як бом зиндагӣ кунем ҳам, мисли бегонаҳо будем. Баъзан кушиши ўро ба сўҳбат кашидан мекардам, вале ба пурсишҳои ман танҳо «ҳа» ё «не» гўён, ҷавоб медоду халос. Ман байни ҳамсинфонам ҳам дўст ё ҷўра надоштам, вале…
Соли нави таҳсил оғоз ёфт, мо акнун дар синфи 11 мехондем, намедонам рўзи дуюм ё сеюми дарс буд, ки роҳбари синфамон духтараки резапайкари айнакиеро ба синфамон оварда гуфт:
- Бачаҳо, шинос шавед, Нозбў ҳамсинфи нави шумо, вай пеш аз ин дар гимназияи номдоре таҳсил мекардааст, аммо бо сабаби иваз шудани ҷойи зисташон ба муассисаи мо омадааст. Нозбў ғолиби чандин озмунҳои байналмилалӣ аст, пазиред ва дўст доред. Духтарони синфамон, ки аксарият аз оилаҳои сарватманд буданду назарашон моҳи ҳаворо намегирифт, ба духтараки безебак, ки дар бари рўяш холи сиёҳи калоне дошту бар замми ин, боз мелангид, назарногирона нигоҳ карданд. Ҳатто ду нафарашон бо ҳамдигар пич-пичкунон хандиданд.
Муаллим духтаракро дар паҳлуи ман шинонд, ман хостам эътироз кунам, аммо дилам ба ҳамсинфи навамон, ки зери обу арақ монда, аз шарм сар боло намекард, сўхт… Ҳамин тавр, Нозбў ҳампаҳлуи ман шуд.
ҶОВИД
Таснифи Нисо ХОЛИД