Ҷонон духтари яккаю ягонаи волидонаш буд. Амаки Самархӯҷа ҳамсараш Хандонро ҳангоми хизмати аскарӣ аз Озарбойҷон оварда буду ниҳоят дӯсташ медошт. Аз ин рӯ, ба як духтар қаноат карда, ёди зану фарзанди дигар накард.
Холаи Хандон, ки соли аввали омаданаш забони тоҷикиро аз худ карда буду ба мардум хеле қарин гашта, касе бегонааш намегуфт. Бону хеле зебо буд. Духтараш Ҷонон бошад, дар зебоӣ аз модар гузашта буд. Амаки Самархуҷа директори мактаб, баъдтар раиси ҷамоат шуда кор мекарду ин ҷуфти зебо дар деҳа яке аз оилаҳои намунавӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Ҷонон рӯз аз рӯз қад кашида, дилработар мешуд. Зани амакаш Адолат ҳар гоҳе кокулони дарози марғулаашро майдабофӣ кунад, албатта дар яке аз онҳо муҳраи чашмӣ “аз заҳри чашми бад” гӯён, баста мемонд. Хандон аз ин кори авсунаш, ки ба ҳамдигар мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, завқ бурда механдид.
Амаки Самар як бародар бо номи Салим дошт. Падару модараш барвақт аз дунё гузашта буданду бародарон ба ҳам хеле меҳрубон буданд. Салим ду писар дошту Ҷононро дар баробари онҳо мисли духтараш дӯст медошт. Духтарак писарони амакашро акоҷон мегуфту бо онҳо миёни дугонаҳояш ифтихор низ мекард, Саиду Ориф хоҳаракашонро чун гавҳараки чашм нигоҳ мекарданд, вале….
Мусибат
Ҷонон дар синфи ҳаштум мехонд. Як нисфирӯзӣ аз мактаб бармегашт. Ҳангоми аз роҳи калони назди хонаашон гузаштан, зери чархи мошин монд. Ронандаи мошини боркаши «Зил», ки хеле кӯҳнаю вайрона буд, онро идора карда натавониста, духтаракро зер кард. Хабари зери мошин мондани духтари ягонаашон волидонро девона кард. Амакаш худи ҳамон рӯз аз пойтахт профессори машҳуреро овард. Талоши духтурон натиҷа доданд. Ҷонон чашм кушоду дили падару модарашро чун субҳ равшан намуд. Аммо пойи чапаш ланг шуд…
Табибон гуфтанд, ки баъди ду сол ҷарроҳии дигар мегузаронанд, вале ин ҷарроҳӣ ҳам ба ҷони Ҷонон марҳам нашуду духтари нозанин мелангид. Падару модар, “Зинда монӣ, шукри Худо. Илми тиб сол аз сол пеш меравад. Рӯзе мерасад, ки ин нуқсонат бартараф хоҳад шуд”, гӯён, духтарашонро дилбардорӣ мекарданд.
Ҷонон духтари нозанин, панҷ панҷааш ҳунар, босаводу бомаърифате буд. Панҷ вақт намозашро тарк намекарду Қуръонро булбул барин мехонд. Духтари баҳуш, ки буд, аз ин нуқсаш ғам ҳам намехӯрд. Бо тавсияҳои табиб машқҳои ҷисмониро иҷро мекард, ки пойи дардмандаш аз ин бад нашавад, дигар ба омӯхтану кору бори хонаи сермеҳмонашон овора буд. Волидонаш ғам хӯранд ҳам, инро аз духтарашон пинҳон медоштанд, аммо фикри ояндаи духтарашон дилашонро зиқ мекард.
Гул кардани орзуҳо
Ҷонон баъди хатми мактаб ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳӣ тиббӣ супорида, донишҷӯ шуд. Азбаски хулқи хубу дилнишин дошт, дар як муддати кӯтоҳ дар дили омӯзгорону ҳамдарсон ҷойи худро ёфт. Қомати баланди дилҷӯ, соҳибҷамолию хушсуханӣ, заковати волову рафтори зебояш ба рӯйи нуқсаш хати батлон мекашиданд.
Ҷавонони зиёде гирдаш парвона буданд, вале Ҷонон танҳо бо Раҳмат риштаи дӯстӣ баст. Ҳарчанд ҳамдигарро дӯст доранд ҳам, ин ду ҷавон ҳаргиз аз доираи одоб берун сухан намегуфтанд. Раҳмат ҳамшаҳрии Ҷонон буд, вале дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард.
Онҳо аз хобгоҳ якҷоя ба дарс мерафтанд, баъди дарс якҷоя бармегаштанд, хулоса духтар куҷое равад, Раҳмат ӯро ҳамроҳӣ мекард. Ҳамдарсон бо шӯхӣ Раҳматро сояи Ҷонон мегуфтанд.
Волидони Ҷонон аз дӯстии духтарашон бо Раҳмат шод буданд, вале намедонистанд, ки ин дӯстӣ муҳаббатро дар дунбол дорад. Ҷавонон ҳамин хел ҳамроҳу ҳамбол донишгоҳро хатм намуданду ба ноҳия баргаштанд.
Дар беморхонаи деҳа ба онҳо ҷойи кор фароҳам оварда шуд. Онҳо ҳарду ҷарроҳ буданду шогирди як духтури кӯҳансол. Танҳо баъди сипарӣ шудани ду моҳи ҳамкорӣ Раҳмат ба Ҷонон изҳори ишқ карду гуфт, ки хостгоронашро мефиристад. Ҷонон розӣ шуд, зеро кайҳо тири ишқи ин ҷавони сабзинаи сиёҳабрӯ дилашро нишона карда буд. Раҳмат ба Ҷонон ваъда дода, мехост акнун ба волидонаш дилашро гӯяд, аммо хабар надошт, чӣ рӯзе интизораш аст…
Ҷанҷоли волидон
Ҳамон рӯз сари дастархони ғизои шом Раҳмат дилашро ба падару модар ва бародараш кушод. Дар оилаи онҳо чор писар буданд. Се бародараш алаккай соҳиби оилаву хонаву дари обод гардида, бародарони калонӣ ҷудо зиндагӣ мекарданд, саввумӣ бо падару модар. Онҳо ҳамагӣ Ҷононро мешинохтанд. Аввал модар рӯяшро турш карду гуфт:
- Ту чӣ айб дорӣ, ки лангро мегирӣ?!
Падару бародараш низ модарро дастгирӣ карданд, аммо Раҳмат дар гапаш устувор монд. Пас аз як моҳи ҷангу ҷанҷолу дилсиёҳиҳо Раҳмат аз хона баромада рафт, зеро волидонаш ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ набуданд, ки Ҷонон келини онҳо шавад. Раҳмат дар маркази ноҳия хонаякеро ба иҷора гирифта, худаш ба назди волидони Ҷонон хостгорӣ рафт. Ҷонон хостгорони зиёдеро рад карда буд ва амаки Самархоҷа медонист, ки духтараш Раҳматро дӯст медорад, вале ҳаргиз умед надошт, ин гуна хостгориро…
Раҳмат ба волидони дӯстдоштааш гуфт, ки ба хотири духтари онҳо аз хона баромада рафтааст ва волидонаш ҳам дар ин як моҳ ба суроғаш наомадаанд. Ҷонон ба падараш гуфт, ки ризо шавад. Ҳарчанд дар деҳа ин шармандагӣ ҳисоб ёбад ҳам, ба хотири духтари яккаву ягонааш марди баобрӯ ғурурашро зери по кард. Аз ҳисоби худаш тӯйи зебое ороста, арӯсро ба иҷорахонаи домод бурданд, зеро Раҳмат хонадомод шудан намехост…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.