Як рӯзи сарди зимистон аз сандуқи холаи Салима ду ҳазор доллар гум шуд. Касе намедонист, ки кадом нохалаф қулфро кушода, пулро гирифтасту боз онро қулф кардааст. Мегӯянд дузд як нафару гумон дар ҳазор кас меафтад. Аҳли оила духтари ҳамсоя - Садорати бечораро дузд мегирифтанд.
Касе аз аҳли оила ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки ду ҳазор доллари шараққосии бо меҳнати сангин ба даст овардаи писарони холаи Салима дар даруни туфлии арӯсии келини хурдии хонадон Шамсия мехобанд, зеро аз ҳама бештар ин арӯси ҳилагар аз ба яғмо рафтани пул афсӯс хӯрда, ба падари дузд ҳазорон бор лаънат мефиристод ва сад бор бачаи дуздро мекушт...
Духтари ҳаромӣ
Модари Шамсия - Бибиноз дар вақташ, пеш аз тӯй, бо падари Шамсия - Мурод ишқу ошиқӣ карда, ба хонаи хушдоманаш бо шиками дамида омада буд. Шамсия ҳамагӣ баъди ду моҳи никоҳи падару модараш ба дунё омад. Мардум ошкоро дар ин бора чизе нагӯянд ҳам, дар ғайбаш Шамсияро “ҳаромӣ” меномиданд ва аз оилаи онҳо ҳазар мекарданд. Касе намехост ин духтари “ҳаромӣ” - ро келин кунад, аммо...
Маҷнуни сонӣ
Писари кенҷагии холаи Салима - Баширҷон ба Шамсия ошиқи зор шуда, ду пояшро дар як мӯза андохт, ки танҳо ҳамин духтарро ба занӣ мегирад. Салимахола ночор ба хонаи падару модари Шамсия хостгорӣ рафт, то ки дили бачаи эркаю азизаш наранҷад.
Тӯйи Башир ва Шамсия чунон пуршукуҳ гузашт, ки таърифаш моҳҳо дар забони аҳли маҳалла буд. Барои гузаронидани ин тӯйи бодабдаба аҳли оила қарзу қаволаи зиёде карда буданд, аз ҳамин сабаб Башир маҷбур шуд, ки баъди баромадани чиллаи домодиаш роҳи Русияро пеш бигирад...
Аз зани ғар ғар бирӯяд...
“Аз зани ғар ғар бирӯяд, дон, ки устодаш ғар аст” гуфтани халқ беҳуда набудааст. Аз рафтани Баширҷон се моҳ нагузашта, дили Шамсия бо ёди оғӯши гарм ва меҳрубонии мард гум мезадагӣ шуд.
Арӯси ҳилагар писари ҳамсоя Дилшодро, ки синфи ёздаҳ мехонд, таги чашм карда, бо баҳонаи вайрон шудани плита, чангкашак ё ноқили барқ ӯро тез - тез ба хона таклиф мекардагӣ шуд.
Аснои таъмири асбобҳои барқӣ Шамсия дар гирди Дилшод парвонавор давр зада, бо ӯ ҳар хел ҳазлу шӯхиҳо мекард ва ҷавонро бо хӯриш ва ширинию кулчақандҳои бомаза зиёфат медод. Дилшоди ҳанӯз бетаҷриба нимкосаи зери косаро пай набурда, меҳрубониҳои келини ҳамсояро ҳамчун як амали муқаррарӣ қабул кард, аммо....
Арӯси беҳаё
Шамсияи дар ҳасрати оғӯши мард ҷонаш ба лабаш расида, билохира сабру қарорро аз даст дода, як рӯз худаш дарзмолро чанд бор бо шаст ба замин зада вайрон кард. Баъд либосҳои ҳарир пӯшидаю худро орову торо дода, бо баҳонаи таъмири утюг бачаи ҳамсояро ба хона даъват намуд. Дилшод Шамсияи ба мисли актрисаҳо либос пӯшидаро дида, ҳайрон шуд ва бо гумони он ки шояд келинчак боз ба талбон меравад, пурсид:
- Янга, ба ягон ҷо меравед, ки ин қадар фасон шудед?
- Не ҷонам. Барои ту фасон шудам. Акнун, биё, маро бибӯс, - Шамсия бешармона оғӯш кушода, ба сӯи Дилшод омад.
Ҷавон, ки чунин ранг гирифтани корро ҳеҷ интизор набуд, аввал худро гум кард, баъд якбора тир барин худро ба берун зад ва гӯё аз пасаш гурги гурусна метохта бошад, ҷонҳавл ба сӯйи хонаашон давид. Модари Дилшод рангу рӯйи кандаи писарашро дида гумон кард, ки ӯро ҳангоми таъмир намудани дарзмол ҷараёни барқ задааст ва бо овози баланду қаҳролуд гуфт:
- Келини беваи Салима ёфтаст устоша. Охир, худаш ду ҳевар дорад, соз кунанд чизҳои вайронша! Дигар қадаматро ба ҳамон сӯ намон!
Дилшод хомӯшу бесадо ба рӯйи модар менигаристу дар дилаш ҳазорон бор ба Шамсияи беҳаё лаънат хонда, Худоро шукр мегуфт, ки ӯро аз васвасаи ин зани худобехабар наҷот дода, шармандаи дӯсту душман нагардонд...
Гунаҳкорони бе гуноҳ
Дилшод рафтори бадахлоқонаи келини ҳамсояро ба ягон кас нагуфт, чунки аз овозаю дарвоза ва бадномӣ метарсид. Вай кӯшиш мекард, ки дигар ба чашми он зани дурӯяи шаттоҳ ва аҳли хонадони холаи Салима натобад, зеро худро гунаҳгор меҳисобид.
Шамсияро овоза нашудани гуноҳаш шерак карда, ба содир намудани дигар амалҳои номатлуб тела дод. Ин арӯси худонотарс бар замми ғариаш боз даст ба дуздӣ низ зада, пулҳои аз Русия равон кардаи шавҳар ва бародаршӯяшро аз сандуқи хушдоманаш ба яғмо бурд.
Аҳли оила аз духтари ҳамсоя гумонбар шуда, ҳатто ба гӯшаи хаёли худ намеоварданд, ки дузд бегона не, худӣ ва аз даруни хонаи худашон аст.
Келини ҳилагар
Аҳли хонадони шавҳараш ба тақдир тан дода, дигар паси пулҳои гумшуда нагаштанд. Шамсия дид, ки хусуру хушдоманаш дигар дар бораи маблағи ба яғмо рафта даҳон намекушоянд ва фикри пулҳои гумшударо аллакай аз сар берун кардаанд, кам - кам ба сарф кардани маблағи дуздидааш шурӯъ кард.
Вай барои худ ва модару хоҳаронаш зару зевар ва либосҳои гароннарх харида, хушдомани бечораашро фиреб мекард, ки шавҳараш пул фиристодааст. Барои Бибиноз фарқ надошт, ки духтараш аз куҷо пул меёбад. Вай бо хушнудӣ туҳфаҳои қиматбаҳоро аз дасти Шамсияи арӯсак гирифта, дуои ҷони “гулаки меҳрубонашро” мекард.
Ҷодугар
Пас аз он ки пулҳо тамом шуданд, дар дили Шамсия орзуи ба Русия ба назди шавҳараш рафтан пайдо шуд. Вай худ медонист, ки хусуру хушдоманаш ба сафар кардани ӯ розӣ намешаванд, бинобар ин бо модараш маслиҳат карда, ба назди як ҷодугари машҳур рафту даҳони холаи Салимаро бо сеҳру ҷоду баст.
Баъди пошидани хоки кӯрмуш ва хӯрдану чою намаки ҷодушуда Салима - хола чунон нарм шуд, ки “шаҳу арӯси навро ҷудо кардан убол аст” - гӯён, худаш писари калониашро маҷбур кард, ки рафта барои зани додараш билети самолёт харад ва ба назди шавҳараш гусел кунад...
Дуои сафед
“Хайр, то тамом шудани сохтмони Баширҷон бо шавҳарат бош, баъд якҷоя бармегардед” - пеш аз сафар дастонашро сӯйи осмон бардошта, ба келини ҷодугараш дуои сафед дод холаи Салима. Шамсияи ҳилагар аз рухсораҳои модаршӯяш бӯсида, ваъда дод, ки аз Русия ба ӯ туҳфаи зебое меорад, вале..
Субҳ вай аллакай дар назди шавҳари меҳрубонаш Баширҷон буд. Дар ин шаҳри бегона кори Шамсия фақат хӯрдану хуфтан буд. Шавҳараш сардори бригадаи сохтмончиён буда, пули хуб меёфт ва ҳама чизи дилхоҳро барои ӯ муҳайё мекард. Вале ин арӯсаки ношукр бар ивази ҳама меҳрубониҳои Баширҷон ба чашми ӯ хок пошида, ба решаи бахташ бо дасти худ табар зад...
Дили одаткарда - балои ҷон
Баширҷон маоши якмоҳаи коргаронашро ба хонаи иҷорааш овард. Вай пулро ба дасти занаш дода, таъкид кард, ки саҳар ҳатман онро ба ёдаш расонад, чунки бояд музди меҳнати бачаҳоро бурда диҳад. Шамсияи дар оилаи камбағал калоншуда дар умраш ин қадар пули бисёрро надида буд. Бо дидани бастаҳои пул чашмонаш барқ заданд ва дили одаткардааш ба васваса оғоз кард.
Ин духтари аз хурдӣ ба дуздӣ одаткарда дар кӯдакӣ аз хонаи ҳамсояҳо косаю табақ дуздида, баъди аз сандуқи хушдоманаш ба яғмо бурдани чор ҳазор доллар ба қавле “профессионал” шуда буд.
Шаб. Баъди оне, ки Баширҷонро хоб бурд, вай оҳиста як миқдор пулро аз байни бастаҳо кашида гирифта, пинҳон кард ва гӯё чизе нашуда бошад, оромона сар ба болин ниҳод, аммо....
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.