Зани солим сутуни асосии насли солими миллат мебошад. Яъне, зани солим фарзанди солимро ба дунё оварда, барои ташаккули генофонди миллат нақши муассир мегузорад. Чӣ бояд кард, ки зан солим бошаду фарзандони солим ба дунё оварад? Бо ин ва дигар саволҳои марбут ба саломатии зан-модар мо ба Қарабекова Дилбар Аҳроровна, духтури дараҷаи олӣ, номзади илмҳои тиб, узви конфронсҳои умумиҷаҳонӣ, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи амрози занонаи Маркази тиббии “Шифо” муроҷиат намудем.
- Дилбар Аҳроровна, қисмати зиёди бонувони тоҷик нисбати саломатӣ хеле бепарво ҳастанду сари вақт ба табиб муроҷиат намекунанд. Шумо ҳамчун табиби таҷрибадор дар як сол чанд маротиба ба табиби занона муроҷиат карданро ба занҳо тавсия медиҳед?
- Бонувони мо хело кам ба саломатии худ ва фарзандонашон аҳамият медиҳанд. Занҳо бояд соле ду маротиба ҳатман аз назорати духтури амрози занон гузаранд. Ин боиси он мегардад, ки сари вақт бемориҳои саратони бачадон ва оризаҳои он пешгирӣ карда шаванд.
- Солҳои охир бонувон бештар бо кадом бемориҳои занона ба шумо муроҷиат мекунанд?
- Дар бонувон бештар мушкилии норасоии мушакҳои қаъри коси хурд, яъне паст фаромадани бачадон ва девораҳои он, надоштани пешоб ва бод, омоси бачадон (миомаи бачадон), ҳубобаи тухмдон (киста яичника), вагинози бактериявӣ, (тарашшуҳоти бӯйнок), бемории эндометриоз, безурётӣ, вайроншавии даври ҳайзбинӣ хело зиёд ба назар мерасанд.
- Бонувон то чандсолагӣ ҳомиладор шуда метавонанд ва барои пешгирӣ намудани ҳамли номатлуб чӣ бояд кард?
- Давраи ҳомиладоршавӣ ва обистанӣ аз 18 то 49-солагӣ мебошад. Аз ҳама беҳтараш зан метавонад аз синни 19 то 35-солагӣ бо фосилаи 3 сол таваллуд кунад. Якчанд намудҳои гуногуни пешгирии ҳамли номатлуб (воситаи дохили раҳмӣ, доруворӣ, лифофа, маҳкам кардан найчаҳои тухмгузар бо роҳи лапароскопӣ) вуҷуд дорад, ки зан бояд ба духтури оилавӣ муроҷиат карда, барои саломатии худ воситаи мувофиқро муайян намояд.
- Кадом бемориҳо дар давраи ҳомиладорӣ авҷ мегиранд ва ба тифли батн хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд?
- Тарашшуҳоти зиёд ва бӯи моҳӣ дошта, бемории саратони гарданаки бачадон, хунрезишҳои зиёд аз маҳбал, хориш ва варами фарҷ, надоштани пешоб ва бод, дард дар мавқеи поёни шикам ба саломатии тифли батн хатар эҷод мекунад.
- Нишонаҳои авалини бемориҳои хатарноки занона кадомҳоянд ва занон дар ин ҳолат бояд чӣ кор кунанд?
- Модари солим кӯдаки солим ба дунё меорад. Кӯдаки солим ҷамъияти солим мебошад. Кӯшиш бояд кард, ки зан ҳангоми ҳомиладорӣ бемориҳои вазнин аз қабили бемории дил, шуш, ҷигар, гурда, камхунии вазнин, бемориҳои саратони хун, бемориҳои саръ (эпилепсия), бемориҳои ирсии модарзодӣ, бемории руҳӣ надошта бошад ва бе тавсияи духтурон ба ҳомиладоршавӣ роҳ надиҳад, зеро ҳангоми ҳомиладорӣ бемориҳои музмини модар авҷ гирифта, ба саломатии ҳарду хатар эҷод мекунад.
- Аксари занҳои ҳомила аз сарторикии шадид азоб кашанд ҳам, то паси сар шудани он тоқат мекунанд. Оё сарторикӣ ба саломатии тифли батн зарар расонида метавонад?
- Вақте зан обистанӣ мешавад, тамоми организмаш бо он мубориза мебарад, ки тифли дар батнаш бударо муҳофизат кунад. Бо ҳамин сабаб, сарторик мешавад, яъне ҷисми зан ба воситаи дилбеҳузурӣ, хоболудӣ, қай кардан ва ҳоказо нороҳатӣ ба вуҷуд меоварад. Ин ҳолат танҳо дар моҳи аввали ҳомиладорӣ дида мешавад. Агар дар моҳи дуюм ва сеюми ҳомиладорӣ варами пойҳо, фишорбаландӣ, дарди сар, дарди шикам пайдо шавад, фавран ва таъҷилан ба духтур бояд муроҷиат кард. Ин ҳолатҳои вазнини ҳомиладорӣ ба шумор рафта, табобати дуруст ва таъҷилиро талаб мекунад. Агар зани ҳомила сари вақт ба табиб муроҷиат накунад, боиси ҳолатҳои вазнини модару кӯдак мегардад.
- Андешае роиҷ аст, ки саратони бачадон сол то сол ҷавонтар шуда истодааст. Ин андеша то куҷо асос дорад?
- Саратони бачадон дар ҳақиқат ҷавонтар шуда истодааст. Яке аз сабабҳои он дигаргун шудани муҳити зиндагӣ аст. Аксарияти мардон занҳои ҷавонро пас аз издивоҷ партофта, ба мардикорӣ мераванд, ки сабаби вайрон шудани гормонҳои организми зан мегардад. Вайрон шудани даври ҳайзбинӣ бар асари стресс, вайрон шудани реҷаи хӯрокхӯрӣ, истеъмоли зиёди хӯрокҳои хамирӣ, ширинӣ низ сабаб мешавад. Солҳои охир ҷавонзанҳо маводҳои кимиёвӣ ва косметикиро нодуруст истифода мебаранд, ки боиси сар задани бемории саратони бачадони зан мегардад.
- Занҳое ҳастанд, ки бемориро хеле куҳна карда, ба духтур муроҷиат мекунанд. Бепарвоӣ нисбати саломатӣ чӣ оқибатҳо дошта метавонад?
- Мутаассифона, занҳое ҳастанд, ки ҳар гуна дорувориҳои ба организмашон зарароварро истеъмол мекунанд. Вақте духтур мегӯяд, ки шумо ба ҷарроҳӣ ниёз доред, зан ба назди муллову фолбин рафта, худсарона табобатҳои кӯчагӣ мегирад ва дар натиҷа беморияш куҳнаву вазнин шуда, бемориҳои оддитарин ба вазнин табдил меёбад, ҳатто захми бачадон ба саратон мубаддал мегардад.
- Кадом вирусҳо боиси бо нуқсонҳои модарзодӣ ба дунё омадани кӯдак мегарданд?
- Нуқсонҳои модарзодӣ ин як банди нокушодаи илмӣ аст, ки то ҳол олимон роҳи пешгирии ин бемориҳои модарзодиро мекобанд. Ин бемориҳо бемориҳои генетикӣ буда, илми генетика онро меомӯзад. Бемориҳои ирсӣ — касалиҳое ҳастанд, ки дар натиҷаи осеби ирсии ҳуҷайраҳои ҷинсӣ ба вуҷуд меоянд.
Таҳқиқи бемориҳои ирсӣ ба туфайли рушди генетика оғоз ёфт. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ирсӣ қонунияту тариқи интиқоли аломатҳои ирсиро донистан лозим аст. Бемориҳои ирсӣ дар натиҷаи тағйироти устувори рамз (код)-и генетикӣ, ки онро мутатсия меноманд, сар мезананд. Мутатсия метавонад ҳам аз таъсири омилҳои муҳити зист (радиатсияи ионзо, пайвастҳои кимиёии аз ҷиҳати биологӣ фаъол), ҳам ба таври сунъӣ зери таъсири шароити дохилӣ дар ҳуҷайраҳо ва организми том рух намояд. Яке аз роҳҳои асосии таҳқиқи бемориҳои ирсӣ усули шаҷаравӣ (таърихи авлоду аҷдод) мебошад. Он ба тартиб додани насабномаи беморон асос ёфтааст. Барои омӯзиши қонуниятҳои аз насл ба насл гузаштани аломатҳои ирсӣ таҳқиқи дугоникҳо («усули тавъамон») аҳамияти калон дорад. Тавъамон метавонанд аз як тухми бордор (тавъамони яктухма) ё аз ду ҳуҷайратухми дар як вақт бордоршуда, вале гуногун (тавъамони дутухма) инкишоф ёбанд. Тавъамони яктухма генотип ва аломатҳои беруна (фенотип)-и ба ҳамдигар монанд доранд; ҷинс ва гурӯҳи хунашон низ якхела буда, онҳо зоҳиран ба якдигар хеле монанданд. Тавъамони дутухма генотипҳои гуногун дошта, аз якдигар бо ҷинс ва аломатҳои зоҳирӣ фарқ мекунанд.
- Бемориҳои хромосомӣ дар натиҷаи чӣ ба вуҷуд меоянд?
- Бемориҳои ирсӣ ба хромосомӣ ва генӣ тақсим карда мешаванд. Бемориҳои хромосомӣ дар натиҷаи тағйир ёфтани сохту теъдоди хромосомаҳо ба вуҷуд меоянд. Инҳироф (аномалия)-и хромосомаҳо аксар вақт боиси исқоти ғайриихтиёр, бачапартоӣ ва мурдазоӣ мегардад. Бемориҳои хромосомие низ маълуманд, ки дар натиҷаи инҳирофи хромосомаҳои ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ (аутосомаҳо) ба вуҷуд омадаанд. Ба инҳирофи хромосомаҳои ҷинсӣ синдроми Шерешевский-Тернер мансуб аст; он дар давраи навзодӣ бо овезону чиндор шудани пӯсти гардан ва хами оринҷ (чинҳои болшакл) зоҳир мешавад. Ба инҳирофи хромосомаҳои ғайриҷинсӣ синдроми Даун тааллуқ дорад (шакли нодурусти косахонаи сар, каҷии чашмҳо, суфраи хурди гӯш, номутаносибии бадан ва дасту по, ангуштони кӯтоҳу каҷ, сустии мушакҳо, серчинии пӯсти кафи даст ва ғайра). Бисёр бемориҳои генӣ бинобар ихтилоли мубодилаи аминокислотаҳо рух медиҳанд. Ихтилоли ирсии мубодилаи равған низ аз ҳамин қабил бемориҳост.
- Барои ошкор намудани бемориҳои ирсӣ чӣ бояд кард?
- Барои сари вақт ва дуруст ошкор кардани бемориҳои ирсӣ дар ҷумҳурӣ шабакаи муассисаҳои махсус — марказҳои мушовараи тиббию генетикӣ мавҷуданд. Вазифаи онҳо аз муайян кардани густариши ин ё он бемориҳои ирсӣ, инчунин аз пешгӯӣ намудани солимии насл (агар дар оила кӯдаки гирифтори бемориҳои ирсӣ ошкор шуда бошад) иборат аст. Бисёр бемориҳои ирсиро пешгирӣ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, ҷавононе, ки дар авлодашон ягон шахси гирифтори бемориҳои ирсӣ ҳаст, пеш аз оила барпо кардан бояд бо духтури мушовараи тиббию генетикӣ маслиҳат ва масъалаи фарзанддор шудан ё нашуданро ҳал намоянд.