Ибни Аббос аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармуданд: «Аз арақ парҳез кунед, зеро арақ калиди тамоми бадиҳост» (Ривояти Ҳоким).
Дар ин андеша тамоми нӯшокиҳои масткунанда дохил мешавад. Ислом барои мусалмон истеъмоли ҳама намуд нӯшокиҳои мадҳушкунанда бо ҳар ном ва ҳар шакле, ки набошад, ҳатто барои шаҳват ва табобатро манъ кардааст. Воил ибни Ҳаҷар ривоят мекунад, ки Ториқ ибни Сувайди Ҷўъфӣ аз Паёмбар дар бораи нўшидани арақ савол кард ва ў манъаш намуд. Пас гуфт, ман онро барои табобат истеъмол мекунам. Ба вай гуфт: «Арақ дард аст, на дармон» (Ривояти Муслим). Боз ривоят аст, ки Ўро дар бораи арақ пурсиданд, то барои табобат истеъмол намоянд. Пас фармуданд: «Арақ барои табобат нест, балки он худ дард аст» (Ривояти Ибни Моҷа).
Аз ҷумлаи осеб расондан ба ақл ин истеъмоли маводи мухаддир аст, ки ақлро вайрон намуда, онро хаёлӣ мекунад. Маводи мухаддир инсонро аз тоифаи мардонагӣ ба дараҷаи пастӣ, ҳазёнгўи ва девонагӣ мерасонад ва барояш кардани тамоми корҳои зишт ва зулму ситам бар мардумро осон мегардонад. Фарқ намекунад, ки маводи мухаддир ҳашиш бошад, ё афюн ва ё ба шакли ҳаб (таблетка), зеро онҳо ҳам ақлро вайрон мекунанд ва ҳам мизоҷро. Ба дараҷае, ки инсон ҳам обрўяшро аз даст медиҳад ва ҳам динашро.