35 years of independency
Ҷаҳонгир Эргашев — беҳтарин бозигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2026
19.10.2026
Оила
74

Ҷаҳонгир Эргашев — беҳтарин бозигари финали Ҷоми Тоҷикистон-2026

Ҳамлагари дастаи футболи «Хуҷанд» Ҷаҳонгир Эргашев беҳтарин бозигари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2026 эътироф гардид.

Дар вохӯрии ҳалкунанда, ки 18-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд, дастаи «Хуҷанд» бар «Сардор»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 2:1 пирӯзӣ ба даст овард. Ба иттилои манбаъ, ин бозиро 12 ҳазору 500 нафар тамошобин аз наздик тамошо карданд.

Барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон-2026 дастаи «Хуҷанд» бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуда, ҳамчунин роҳхати марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2027/2028-ро ба даст овард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД