Ҳамин тавр роҳу равиши корро бо мурури замон ёд гирифтам. Дар ин миён фарзандонам мактабхон шуданд. Акнун мисли моку рӯзи дароз дар такопӯй будам, аз хона ба мактаб, аз он ҷо ба кор, баъд боз ба мактаб медавидам, то ки бачаҳоямро гирифта ба хона равам ва то як поси шаб ҷомашӯӣ карда, барои рӯзи дигар хӯрок пухта мемондам.
Хулласи калом, дар бадали 20-соли муҳоҷират бо меҳнати ҳалол ду фарзандамро дар мулки бегона хӯрондам, пӯшондам, хонондам ва пул ҷамъ карда, аз шаҳри Душанбе хона харидам. Барои он ки писаронам бо духтарҳои миллати бегона хонадор шуда, тоҷик буданашонро аз ёд набаранд, ба ҳарду писарам аз Тоҷикистон бо тӯю тамошо зани тоҷик гирифта додам.
Дар ин миён шавҳарам кадом як хеши худашонро ба зани гирифта, соҳиби 4 фарзанд гашт. Вай дар бадали 20 сол падар шуда истода, ақаллан як бор барои ду писараш 10 сомонӣ равон накарда бошад ҳам, соҳиби хонаю дар ва пулу мол шудани ману фарзандонамро шунида, боз моро суроғ мекардагӣ шуд. Чанд маротиба занг зада, зорию тавалло кард, ки аз гуноҳаш гузарам ва ӯро бубахшам. Бисёр мехост, ки аз занаш пинҳонӣ маро бо никоҳаш дароварда, кабӯтари дубома шавад, аммо розӣ нашуда гуфтам: “Вақте ки ҷавон будам ва ниёз ба пуштибонии шавҳар доштам, ту бароям такягоҳ нашудӣ. Акнун ман худам барои худ такягоҳи устувор гаштаам ва ба касе ниёз надорам. Ба ман дигар аслан шавҳар лозим нест, на ту ва на ягон марди дигар, вале бачаҳоят ихтиёр доранд, агар хоҳанд, метавонанд бо ту рафтуомад кунанд, зеро ҳарчи ҳам набошад, падарашон мешавӣ, онҳо аз хуни ту ҳастанд.
Ба фарзандонам низ гуфтам, ки ман ба мулоқоти онҳо ба падарашон тамоман зид нестам, ҳарчи набошад, падар падар аст, эҳтиромашро ба ҷо оранд. Аммо писаронам танҳо се-чор маротиба бо падарашон телефонӣ сӯҳбат карда гуфтанд, ки очаҷон, ба ин мард мо не, балки кӯмаки мо лозим аст. Ҳар гоҳ, ки ҳамроҳаш суҳбат кунем, фақат пул мепурсад ва хоҳиш мекунад, ки ба фарзандони аз зани наваш будаи ӯ ёрӣ расонем. “Модаратон як набошад ҳам, падаратон як аст, инҳо хоҳару бародарони шумо ҳастанд ва ҳамчун акаҳои калон шумоён бояд онҳоро дастгирӣ кунед” гӯён, мехоҳад, ки барои тӯйи арӯсии писару духтаронаш ва ба мактабҳои олӣ дохил кардани онҳо ёрӣ расонем. Гап дар пулу мол нест, вале ҳис мекунем, ки ин мард на аз эҳсосоти падарӣ, балки аз рӯйи ғаразҳои шахсиаш моро истифода бурдан мехоҳад. Дигар бо вай суҳбат кардан намехоҳем. Ба мо падарӣ кардан мехост, бояд замони кӯдакиамон мекард, акнун, ки худамон падар шудаем, дигар ба вай ниёз надорем...
Ҳамин тавр писаронам падарашонро ба рӯйхати сиёҳ ворид карда, дигар ба зангҳояш ҷавоб надоданд.
Хулоса, дар ҷавонӣ ранҷу азобҳои зиёде кашида бошам ҳам, имрӯз ман бо фарзандонам дар мулки ғарибӣ ҳаёти хушдахтона ба сар мебарам. Дар шаҳри Душанбе хона дорем, дар ин ҷо низ бо қарзи иппотека хона гирифта, хушу хуррам зиндагӣ карда истодаем. Акнун аз ягон чиз кам нестем, пулу мол, хонаву дар, зиндагии обод дорем, вале азобҳое, ки дар вақташ хушдоманам маро дод, ҳаргиз аз ёдам намераванд.
ЗАМИРА, аз Екатеринбург