Салом! Ман як зани ғариби тоҷик, мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл кунам, то шахсоне, ки ба мо - занҳои муҳоҷир бо чашми шубҳа назар мекунанд, фаҳманд, ки зани тоҷикро на ҳавою ҳаваси мулки бегона, балки аксар вақт мушкилоти хонаводагӣ, душвориҳои иқтисодӣ, ҳаёти сахту сангин, ҷангу ҷидоли хушдоман ё номардии шавҳар маҷбур месозад, ки рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ орад.
Ман як тоҷикзани муҳоҷир ҳастам ва беш аз 20 соли умрамро дар Русия сипарӣ кардаам. Аз омаданам пушаймон нестам, чунки дар Ватан аз дасти хушдомани золим рӯз надоштам.
Ману шавҳарам ҳамдигарро солҳои донишҷӯӣ дӯст дошта, бо ишқу муҳаббат оила барпо карда будем, вале ситораам аз рӯзҳои аввали зиндагиамон ба хушдоману қайсингилҳоям ҳеҷ писанд наомад, ки наомад. Шавҳарам пеш аз ман хонадор шуда бошад ҳам, ҳамсараш ба заҳри забони модараш тоб наоварда, бо як фарзанд баромада рафта будааст. Писараш аз рӯйи вай як маротиба хонавайрон гашта бошад ҳам, хушдоманам ба ҷойи ислоҳ шудан, боз ҳамон рафторашро идома медод ва ҳар рӯз аз таги нохун чирк кофта, маро гирён мекард. Ростӣ, шавҳарам маро дӯст медошт ва дар танҳоӣ тасаллӣ дода мегуфт, ки тоқат кунам, ҳамааш хуб мешавад, вале дар назди модараш лаб ба сухан кушода наметавонист.
Ҳамин тавр, муддати 5 сол ба ҳама ҷабру ҷафои хушдоман тоқат карда, соҳиби 2 писари гул барин зебо гаштам. Гумон мекардам, ки кӯдакдор шавем, дили хушдоманам бо дидани набераҳояш нарм гашта, нисбати ман меҳрубонтар мешудагист, вале хаёлам хом баромад. Пай дар пай ду писар таваллуд кардаму шикваи модаршӯям бештар шуд. Акнун вай “ин келин танбал баҳонаи кӯдаконаш карда ба хона медарояду ним соат намебарояд” ва “фақат ту кӯдак назоидаӣ, мо ҳам бача доштем, вале хар барин рӯз то бегоҳ кор карда, хизмати хусуру хушдоманро мекардем,”-гӯён, ҳар гоҳ, ки барои сер кардани шиками кӯдакам ба хона дароям, ҳавлиро бо доду фиғон ба сараш бардошта, қиёматро қоим мекард. Намегузошт, ки тифли бечораамро ба серӣ шир диҳам. Аз тарси ҷангу ҷидоли хушдоман ба фарзандонам қариб, ки аҳамият намедодам, рӯз то бегоҳ бо сари хам кор мекардам, ки дар ҳаққам ягон гап наёбанд, вале тамоми кору бори хонаро ба танҳоӣ саришта кунам ҳам, хушдоманам боз ягон баҳона ёфта, ҷангу ҷанҷол мекард.
Билохира, ҷонам ба лабам расид ва ба шавҳарам гуфтам, ки мардак, биё, ягон хонаро иҷора гирифта, зиндагиамонро ҷудо кунем, ман дигар тоқати ҷангу ҷидоли модару хоҳаронатро надорам. Мо дар як ҳавлӣ се келин будем ва фикр мекардам, ки хушдоманам хурсанд шуда ба мо дуои сафед медиҳад, вале вақте шавҳарам нияти ба иҷорахона кӯчидан доштанамонро гуфт, модараш ӯро занкалону латта номида, чунон ҷангу ҷанҷолу ғавғо бардошт, ки ногуфтанӣ. Шавҳарам дар сари қаҳр барқасди модараш маро бо ду фарзандам ба хонаи падару модарам бурда партофт ва дигар суроғам накард.
Аҳли хонавода аз омадани ман хурсанд набуданд, дар рӯям нагӯянд ҳам, аз пасам пичир-пичир мекарданд, ки агар зани хуб мебуд, хонаи шавҳарашро маҳкам дошта, зиндагиашро саришта мекард. Борҳо бо ду гӯшам «тезтар ягон мӯйсафеди пирсолуқ пайдо шавад, ки ин беваро ба шавҳар дода, ҷонамонро халос кунем» гуфтани янгаҳоямро шунидам. Дидам, ки дар хонаи падар ҳам рӯям хуш нест, қарор додам, ки сарриштаи зиндагиамро ба дасти худам мегирам ва дар ягон ҷо кор карда, бачаҳоямро бе миннат мехӯронаму мепӯшонам.
Ҳамон шабу рӯзҳо як дугонаам аз Русия занг зад ва дарди дили маро шунида, гуфт, ки агар хоҳам, пул равон мекунад, то ки чипта харида ба наздаш равам. Ваъда дод, ки дар ёфтани кор ба ман ёрӣ мерасонад. Модарам хеле кӯшиш карданд, ки маро аз роҳ гардонанд, вале ба гапашон аҳамият надода, бачаҳоямро гирифта ба Русия омадам.
Солҳои аввал бо ду кӯдаки хурдсол дар мулки бегона азоб кашидам, чунки ғайр аз як дугонаам, ки худаш ҳам дар як қаҳвахона пешхизмат шуда кор мекард, дигар касе набуд, ки дастамро бигирад ва кӯмакам кунад. Кӯдаконамро базӯр дар боғчаи бачагона ҷой карда, дар ҳамон қаҳвахонае, ки дугонаам кор мекард, аввал ба сифати фаррош ба кор даромадам, баъдтар зарфшӯй шудам, оҳиста-оҳиста ҳунармандӣ ва чаққониамро дида, маро ошпаз таъин карданд.
(Давом дорад)
ЗАМИРА, аз Екатеринбург