Arzon march 2024
ҶАНҶОЛ ДАР БОЗОР: КӢ ГУНАҲГОР ЗАН Ё МАРД?
2066


Бадбахтона, имрӯзҳо баъзе мардони тоҷик даҳони бефаровези худро баста натавониста, дар байни омма аъзои ниҳонии худро ба қавле “реклама” мекунанд, ки бисёр шармовар аст.

Дар шабакаҳои интернетӣ чанд рӯз боз навори видеоие чарх мезанад, ки дар он ҷанги зане бо як ҷавонписар инъикос ёфтааст. Ҳодиса дар бозори Хуҷанд сурат гирифтааст. Аз сарулибос ва ҳамёни дар гардан овезони зани дар навор инъикосёфта, маълум мешавад, ки савдогар аст. Ҷанги байни ин ду тан барои дашному ҳақоратҳои қабеҳ сар задааст.

Ба қавли савдогарзан ҷавон бо истифода аз  калимаҳои қабеҳу ноҷавонмардона ӯро дашном додааст. Дар натиҷа номуси зан шунидани суханҳои қабеҳро набардошт. Ӯ сари қаҳру ғазаб курсиро ҷониби мошини он ҷавон ҳаво дод.

Ҳамин тавр моҷаро ба авҷаш расид. “Ӯӯӯӯӯ ман туя ҳақорат кардагӣ не, ту “да...ёбӣ” занак чӣ”” гӯён, ҷавон аз он тараф садо баданд карда, кӯшиш менамуд, ки худашро сафед кунад ва айбро ба сари зан партояд.
Аҷибаш он буд, ки одамони зиёде дар атрофи онҳо ҷамъ шуда бошанд ҳам, ба ҷуз аз ду-се нафар дигар касе кӯшиш намекард ҷангро халос кунад.

Атрофиён гӯё дар театр бошанд, зери лаб табассум намуда, ҷангу ҷанҷол ва дашному ҳақоратгӯии ин ду танро тамошо мекарданд.

Аксаран маҳз бепарвоии атрофиён боис мегардад, ки чунин моҷароҳои сарироҳӣ бо фоҷиа анҷом ёфта, ҳарифон ба ҳамдигар зарари ҷисмонӣ расонанд. Ман фикр мекунам, ки агар ба ҷойи он савдогарзан ягон мард мебуд, ин моҷаро низ ҳатман бо занонанӣ хотима меёфт. 

Дар шаҳри зери навор гурӯҳе занро айбдор карда, навиштаанд, ки ин савдогарзан худаш ҷанҷолӣ аст ва шояд он ҷавонро беҳад асабонӣ карда бошад, ки ӯ “контрол”-ро аз даст додааст, аммо ба андешаи банда, новобасита ба айдор будан ё набудани зан он ҷавон ҳақ надошт, ки ӯро дашномҳои қабеҳ диҳад, зеро ӯро низ зан-модар ба дунё овардааст. Пеш аз оне, ки як зани дигарро дашному ҳақорат диҳад, он ҷавон бояд модар ва хоҳари худро пеши назар меовард.
Боиси таассуф аст, ки мардуми бофарҳанг ва бомаданияти мо вақтҳои охир беодобию беэҳтиромиро нисбати ҳамдигар раво мебинанд.

Албатта ҳастанд занҳое, ки баъзан аз ҳад мегузаронанд ва бо баҳонаи он, ки “ман занам ва бояд эҳтиромам кунӣ” мардонро ғуломи нозҳои худ мепиндоранд, аммо ба ин тоифа бояд ба хубӣ фаҳмонд, ки зиннати асосии зан шарму ҳаё ва одобу рафтори ҳамидаи ӯст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД