Formula novemver 2024
ҶАНОБИ ОЛӢ, БА ТАЪСИСИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ХУҶАНД ДАСТУР ДИҲЕД
1899


Ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиатномаи як гурӯҳ нафарони фаъол ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чарх мезанад, ки аллакай аз ҷониби ҷомаи шаҳрвандии кишвар дастгирии зиёд ёфта истодааст.

Сокинони фаъоли вилояти Суғд бо роҳбарии Манзура Махкамова дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо нашру таблиғи муроҷиатномаи худ аз Эмомалӣ Раҳмон хостаанд, ки дар шаҳри Хуҷанд низ чун ноҳияи Данғара Донишгоҳи тиббӣ таъсис дода шавад. Муроҷиатномаи мазкур бо сарлавҳаи “Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон“ нашр шуда, маъракаи ҷамъоварии овозҳо аз ҷониби як гуруҳи ихиёриён тавассути саҳифаи “Фейсбук” ҷараён дорад. Матни муроҷиатнома ба таври пурра пешниҳоди шумо мешавад:

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Арзёбии вазъи имрӯзаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки пандемияи COVID - 19 ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ ба таври барҷаста таъсири амиқ расонида, рӯи даст гирифтани иқдомҳои фаврӣ ва стратегиро тақозо мекунад. Шароити мазкур то чӣ ҳад зарур будани кадрҳои миллии соҳаи тиббиро баръало маълум намуд ва дар муддати кӯтоҳ пешбинӣ мешавад, ки иқдомҳо барои тақвияти соҳаи хизматрасонии тиббӣ ҳам дар давлатҳои рушдкарда ва рӯ ба рушд андешида шаванд. Дар ин росто, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва иҷтимоӣ барои офаридани шароити муносиб барои рушд ва ҳифзи саломатии шаҳрвандонашро амалӣ кунад.
Талаботи мазкур тақозои замон буда, ҳар чӣ зудтар амалӣ гардад барои пешрафти минбаъдаи давлат таъсири мусбати худро мерасонад. Дар тамоми ҷаҳон кормандони соҳаи тиб талафоти калонро аз пандемияи COVID - 19 диданд ва содиқона ба савганди худ, ҳаёту саломатии хешро дар хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ барои наҷоти ҷони инсонҳо хизмат намуда истоданд.
Соҳаи тибби Тоҷикистон низ аз COVID-19 талафоти калон ва ҷуброннопазирро дид. Даҳҳо нафар кормандони собиқадору ботаҷриба, ки солҳо метавонистанд ба ватану мардуми худ хизмат кунанд, бар асари гирифторӣ ба ин беморӣ вафот карданд. Ҷуброни ин талафот давлату ҳукумати моро водор мекунад, ки барои имрӯзу оянда ҷиҳати омода намудани кадрҳои миллии соҳаи тиб иқдомҳои заруриро рӯи даст гиранд.

Муҳтарам Пешвои миллат! Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохил ва хориҷи кишвар аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хуҷанд дастур медодед ва ин иқдоми инсондӯстонаи Шумо туҳфаи арзанда ба мардуми кишвар дар арафаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардид. Шумо дар мулоқоти худ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ дар таърихи 20 майи соли ҷорӣ махсус зикр намудед, ки “... пайдоиш ва дар саросари олам бо суръати тез паҳн гардидани ин беморӣ аксари кишварҳои мутараққӣ ва аз лиҳози технологӣ пешрафтаву дорои иқтидори бузурги саноати дорусозиро дар ҳолати ногувор ва саргумӣ қарор дод” ва ҳамчун сабақ аз ин вазъ таъкид кардед, ки дар мамлакат “ба масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисос, бозомӯзӣ ва табодули таҷриба бо мутахассисони кишварҳои пешрафта диққати аввалиндараҷа диҳем”, ки ин бешубҳа паҳлӯи иҷтимоии сиёсати давлатиро дар ҳифзи солимии аҳолӣ муаррифӣ мекунад.

Дар ин росто ба раисони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ додед, ки “дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд ба бунёди чунин муассисаҳо оғоз намоянд ва онҳоро то ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ба истифода супоранд". Ин дастури неки Шумо зарурати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тибро тақозо мекунад ва мо умед дорем, ки ин муроҷиат аз ҷониби Шумо дастгирӣ меёбад.
Заминаҳо ва талаботи мазкур барои таъсиси муассисаи олии тахассусии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мавҷуданд, ки онро бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем.

Якум, чанд рӯз қабл мақомоти вилоятӣ иттилоъ доданд, ки дар шимоли мамлакат дар шароити имрӯза 800 пизишк ва 150 корманди соҳаи тиб намерасад. Нуктаи мазкур бо назардошти сатҳи баланди муҳоҷирати кормандони соҳаи тиб ба хориҷи мамлакат сол аз сол меафзояд. Гузашта аз ин, дар Тоҷикистон зиёдшавии аҳолӣ дар паҳнои фазои пасошӯравӣ аз ҳама баланд буда, талаботи воқеӣ ба кормандони баландихтисоси тиббӣ сол ба сол ба таври ҷиддӣ эҳсос гашта истодааст;
Дуюм, Хуҷанд дуюмин шаҳри калонтарини мамлакат буда, тамоми зерсохтори лозимаро бо мавҷудияти муассисаҳои бонуфузи тиббӣ ва теъдоди зарурии нафарони дараҷаи илмӣ дар соҳаи тиб, махсусан барои таъсиси донишгоҳи тиббӣ дорад. Теъдоди зиёди олимону табибони собиқадор, айни замон, берун аз муассисаҳои таҳсилотӣ қарор доранд ва истифодаи таҷрибаи бою ҳирфаии онҳо барои омода намудани кадрҳои ҷавони соҳаи тиб бисёр муҳим мебошад. Ҳамчунин, теъдоди зиёди мутахассисон аз вилоят дар кишварҳои пасошуравӣ бо кору фаъолияти табобатию таълимӣ машғул ҳастанд.

Мо итминон дорем, ки теъдоди муайяни онҳо ба ватан баргашта, донишу таҷрибаи худро барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб сарф хоҳанд намуд;

Сеюм, вилояти Суғд аз нигоҳи осебпазирӣ ба касалиҳои сироятӣ дар қаламравӣ мамлакат вазъи нигаронкунанда дошта, ҳамасола теъдоди беморони онкологӣ (дар қаламрави вилоят партовгоҳҳои хатарнок барои ҳаёти инсон зиёданд) бо назардошти радиатсияи баланд меафзояд. Талаботи ҷиддӣ ба кормандони соҳаи тиб (бахусус равоншиносон ва равондармонҳо) ба назар расида, солҳост, ки омори худкушӣ дар вилоят дар қаламрави мамлакат баланд аст. Зарурати ҷиддӣ ба табибони сироятшинос низ эҳсос мешавад, зеро вируси COVID-19 мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ солҳои дароз дар ҷомеаи инсонҳо боқӣ монда, эҳтимоли шакливазкунии он низ зиёд мебошад. Инчунин, пайдо шудани бемориҳои нави сироятӣ низ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, дар баробари ихтисоси “кори таботатӣ” таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудан ба омода намудани кадрҳои соҳаҳои махсуси тиббӣ ва дар шароити имрӯзаву оянда амри ҳатмӣ мегирад;
Чорум, теъдоди зиёди ҷавонони кишвар хоҳиши таҳсил дар мактабҳои олии тиббиро доранд, вале шумораи қабули имрӯза талаботи мавҷударо қонеъ намекунад. Шумо пайваста дастгирии давлатии занон ва духтаронро таъкид мекунед ва ақидаатон дар ин бора, ки аз модари донишманду соҳибкасб фарзанди хуб тарбия меёбад, аз оилавайроншавӣ низ пешгирӣ мешавад, комилан дуруст Волидайн низ хостори таълим гирифтани духтарони худро дар ҳамин соҳа доранд, вале бо мавҷудияти ташвишҳои айнӣ ва маконӣ ба фарзандони худ чунин иҷозатро намедиҳанд. Агар дар наздикии маҳалли зисти онҳо чунин як мактаби олӣ ба фаъолят шуруъ кунад, бешубҳа теъдоди ҷавондухтарони донишҷӯ низ меафзояд. аст.
Панҷум, нуктаи аз ҳама ҷолиб ба иқтисоди кишвар дар он аст, ки ҳамасола теъдоди қобили мулоҳизаи ҷавонон барои таҳсил ба хориҷи мамлакат мераванд ва аксар вақт бо шартнома таҳсил мекунанд. Имрӯз теъдоди ҷавонони тоҷики донишҷӯи мактабҳои олии тиббӣ дар тамоми кишварҳои пасошуравӣ ва берун аз он зиёд аст. Онҳо асосан дар Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Таъсиси донишгоҳи тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд имкон медиҳад то сармояи бузурги волидайн ба нафъи иқтисоди миллӣ хизмат кунад ва ин нукта барои боло рафтани сатҳи зиндагии мардум низ дар муддати дароз мусоидат хоҳад кард.
Шашум, соҳаи таълим ва омодакунии кадрҳои тиббии Тоҷикистон дар паҳнои минтақа ва Ҳинду Покистон обруй ва эътибори махсус дорад ва ҳамасола теъдоди муайяни донишҷӯён аз ин кишварҳо барои таҳсил меоянд. Бояд таъкид кард, ки Тоҷикистон аз аввалин кишвари Осиёи Марказӣ буд, ки барои ҷалби донишҷуён аз ин қораи Осиё иқдом гирифт ва имруз ҷалб намудани онҳо ба муассисаҳои таълимии соҳаи тиб метавонад даромади иловагӣ ба буҷҷаи мамлакат гардад.

Ҳафтум, имруз табибони тоҷик дар хориҷи мамлакат обрӯю эътибори махсусро доранд ва дар кишварҳое, аз қабили Русия (ин кишвар ҳамасола ба табибон ба таври осон шаҳрвандӣ медиҳад), мамлакатҳои араб, Ҳинду Бангладеш, Ветнам ва ҳатто Олмон ҷойи кор ва мақому манзалати хосаро бо тахассуси баланди худ соҳиб шудаанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар дунё бо назардошти пандемияи COVID - 19 талабот ба ҷалби мутахассисони соҳаи тиб меафзояд ва ин фурсат набояд сарфи назар шавад. Кору зиндагӣ дар давлатҳои пешрафта барои такмили донишу малакаҳои онҳо таъсири мусбат мерасонад ва ҳаҷми сармоягузории онҳоро ба иқтисоди миллӣ низ афзоиш медиҳад. Тоҷикон аз нигоҳи ирсӣ қобилияту малакаи баланди тиббӣ доранд ва ин зарфият бояд барои такмили имиҷи байналмилалии миллат ва давлатамон ҳаматарафа мавриди истифода қарор гирад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ! Тоҷикон аз қадим шахсиятҳои ҷаҳониро дар соҳаи тиб ба ҷаҳониён додаанд. Кору пайкори Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ ва дигар донишмандон то ба имрӯз аҳамияти оламгири худро гум накардаанд. Дар асоси сиёсати хирадмандонаи Шумо Тоҷикистон аз тамоми мушкилоти ҷиддии таърихӣ гузашт ва имрӯз ба кишвари босуботу амн табдил ёфтааст. Дар замони истиқлол эҳёи арзишҳо ва анъанаҳои миллӣ ба таври бесобиқа рушд кард.
Мо итминон дорем, ки дастури Шумо барои таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хуҷанд ба номи Абӯбакр Закариёи Розӣ ҳам барои пешрафти соҳаи тибби мамлакат мусоидат мекунад ва ҳам барои эҳёи номи ин алломаи барҷастаи форсу тоҷик заминаи мусоид мегузорад. Мо ба пешрафту шукуфоии ватани азизи худ – Тоҷикистон боварии комил дорем ва дар кору пайкори созанда ба Шумо барору муваффақият хоҳонем.

Мо ҳам умед дорем, ки ин муроҷиатнома аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфта, дар шаҳри бостонии Хуҷанд боз як муассисаи олии соҳаи тиб таъсис меёбад. Сомонаи “Оила” пайгири ин муроҷиатнома буда, аз натиҷаҳои он Шуморо огоҳ менамояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД