Салом, хонандагони азиз. Маслиҳате медиҳам, ки ба хушбоварон сабақ шавад.
Дар хонаи хамсояи мо туй буд ва ман телефонамро он ҷо дар заряд мондам, Аммо телефон гум шуд, ҳарчанд кофтем, наёфтем.
Вақте занг задам, телефон аллакай хомуш буд.
Баъди чанд вақт хамсояи дигари мо дар дасташ телефони ман дар руйи хараки назди бино пайдо шуду бо касе суҳбат мекард.
Ман ин телефонро насия – бо кредит гирифта будам, бо нархи гарон. Моли худамро зуд шинохтам. Давида рафта, бо хубӣ гуфтам, ки ин телефони ман аст, хамсоя.
Ӯ бошад, бешармона гашта гуфт: ман ин телефонро аз истгоҳ ёфтам. Одам, ки чизе ёфт, аз худаш аст.
Агар хоҳӣ, ина биё, 1000 сомонӣ ба ту мефурӯшам.
Хостам ба милиса ариза нависам, аммо шавҳарам, ки бо шавхари ин зани дузд ҷӯра аст, ҷангам карда гуфт, “мана ин ҳазор сомониро гиру бару телефонатро хар”.
Хуллас, ман бо ин ҳамсоя дигар гап намезанам. Лекин акнун эҳтиёт мекунам, зеро медонам, ки дасти қалб дорад, ва дузд аст.
Ба фикрам, ҳоло эхтиёткор будан аз бовар кардан ба ҳар кас беҳтар аст.
Шумо чӣ мегӯед?
С., ш. Душанбе