arzon replenishment
Ҳамсоязан хонаамро ғорат карду...
3926


Бо Зевар ном ҳамсоязан чӣ хел дугона шуданамро худам ҳам нафаҳмида мондам. Зевар худаш ба хонаи мо меомад ва рӯзи дароз ҳамсояҳои дигарамонро ғайбат карда мешишт.

Аввалҳо ман Зеварро чандон хуш надоштам ва рӯяшро бубинам, авзоам беҷо мешуд, вале хотири ҳамсоягӣ ба меҳмони нохонда шуда аз дарам даромаданаш тоқат мекардам. Рафта-рафта ба сафсаттахониҳояш одат кардам ва мо дугонаҳои ҷонӣ шуда мондем. Ба Зевар сахт боварӣ доштам, бозор равам, ҳатман калиди хонаамро ба дасташ медодам, то бачаҳоям аз дарс омада дар кӯча бозгашти маро интизор нашаванд. Ҳафтае қабл бародари шавҳарам тӯй кард ва мо ба деҳа рафтем. Калидро мисли ҳарвақта ба дасти Зевар дода, хоҳиш намудам, ки то баргаштанамон хонаи моро ҳам нигоҳбонӣ кунад. Тӯй бошукӯҳ гузашт, вале таги дилам ким-чихел сиёҳӣ оварда аз сар задани ягон нохушӣ дарак медод. Баробари ба хона баргаштанамон хостам дар ҷояш будани ҳама чизу чораамонро санҷида бинам, зеро ба назарам чунин менамуд, ки касе хонаҳоро кофтукоб кардааст. Нохушиеро эҳсос карда, қулфи сандуқчаеро, ки дар он барои рӯзи мабодо каме пул захира намуда будем ва калидаш бо калиди хона ҳамроҳ буд, кушодам. Баробари кушодани дари сандуқча дилам қариб аз кор монда буд. Дар сандуқча ягон пули пучак набуд. Ба хонаи хоб давида аз шавҳарам пурсидам, ки мабодо вай пулҳоро аз сандуқча нагирифтааст.


Сайди сӯр барин дасту по задани духтарак баракс, оташи шавқи шаҳвонии ҷавонони бангиро бештар аланга медод ва дар даруни мошин бадани «байтали маст»-ро ба таври худашон «хорумол» мекарданд…


Ҳайрон шуда гуфт: «Занак, ту мабодо девона-ку нашудаӣ, охир ман пулҳоямро ҳар моҳ тин ба тин ба дастат месупорам, сарам задагӣ нест, ки маблағи барои рӯзи мабодо ҷамъкардаамро дуздам!» Фиғон кашида шавҳарамро аз гум шудани пул хабардор кардам. Ҳарду ба хонаи ҳамсоя рафтем, то куҷо ғайб задани пулро аз Зевар бипурсем. Дузди зӯр соҳиби молро мебандад гуфтагӣ барин, ҳамсоязани шаттоҳ қиёматро қоим карда, даъво намуд, ки барои тӯҳмат карданамон моро ба суд медиҳад. Зевари худонотарс дар назди шавҳарам маро тӯҳмат карда гуфт, ки фоҳишаи кавалербозам ва пулро ба ким-кадом хушдорам додааму акнун гуноҳро ба сари вай бор кардан мехоҳам. Ҳамсояи худобехабарамон дар ҳақиқат бо кӯмаки шиносҳояш, ки дар мақомот кор мекунанд, моро ҷарима баст, вале аз ҳама аламовараш он аст, ки шавҳарам ба суханҳои Зевар бовар кардааст. Акнун мардакам маро фоҳиша мехонад ва таҳдид карда истодааст, ки агар ба хубӣ пулҳояшро аз кавалерам гирифта надиҳам, рӯзамро сиёҳ мекунад. Ягон зарра гуноҳ надорам, дар умрам ба шавҳарам хиёнат накардаам, вале бо касофатии Зевари морзабон бегуноҳиамро назди падари фарзандонам исбот карда наметавонам. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Мани бечора 10 ҳазор сомонии гумшударо аз куҷо меёбам?
Сабоҳат, аз кӯчаи Маяковский

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Субхон 2019-10-07, 20:02
Эх нодон. шавхарат хам мисли худат будааст ба гапи хамсоя бовар кард
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Субхон 2019-10-07, 20:02
Эх нодон. шавхарат хам мисли худат будааст ба гапи хамсоя бовар кард
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД